Раис

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
5 июли соли 1956 дар ноҳияи Рашти Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Моҳи марти соли 2020 дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст.
Фаъолияти меҳнатиаш
Фаъолияти меҳнатиаш
Солҳои 1974-1976 | Донишҷӯи Политехникуми ордени байрақи сурхи меҳнатдори шаҳри Душанбе. |
Солҳои 1976-1978 | Дар сафи қувваҳои мусаллаҳ хизмат кардааст. |
Солҳои 1978-1979 | донишҷӯи Техникуми политехникии «Тоҷикгипрозем» - и шаҳри Душанбе |
Солҳои 1979-1980 | Муҳандис - заминсози Институти лоиҳакашии «Тоҷикгипрозем» - и шаҳри Душанбе |
Солҳои 1980-1985 | Донишҷӯи Институти хоҷагии қишлоқи Селиноград (ҳоло - шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон) |
Солҳои 1985-1992 | Дар вазифаҳои муҳандис - заминсоз, мутахассиси пешбар, сардори гурӯҳи назоратии шуъбаи техникӣ, сармуҳандиси Институти лоиҳакашии «Тоҷикгипрозем» - и шаҳри Душанбе |
Солҳои 1992-1995 | Сармутахассиси шуъбаи комплекси агросаноатӣ ва хӯроквории мудирияти корҳои Девони Вазирон |
Солҳои 1995-2003 | Сармутахассиси шуъбаи комплекси агросаноатии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2003-2006 | Директори генералии Агентии миллии кайҳонӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2006-2008 | Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2008-2010 | Директори Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст |
Солҳои 2010-2015 | Раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
солҳои 2015-2016 | Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
солҳои 2016-2020 | муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Бо мукофотҳои давлатии медали «Хизмати шоиста», медали «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.