Шуъбаҳо


ҚОСИМЗОДА АМРИДДИН ҶАМОЛУДДИН

Мудири Котиботи Роҳбарияти Маҷлиси намояндагон

Қосимзода Амриддин Ҷамолуддин, аз 30 марти соли 2020 дар мансаби Мудири Котиботи Роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Номбурда 21 ноябри соли 1983 дар ноҳияи Зафаробод ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ. Соли 2007 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик  Б.Ғафуровро бо ихтисоси муҳандис-иктисодчӣ ва соли 2012 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемурро бо тахассуси муҳандис-мелиоратор хатм кардааст.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд мебошад.

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 2002 – 2007-

Донишҷўӣ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров

 

Солҳои 2007 – 2008-

Мутахассиси пешбари Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиат

 

Солҳои 2008 – 2011-

Мутахассиси пешбари Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ

 

Солҳои 2011 – 2014-

Сармутахассиси Раёсати корҳои Вазорати кишоварзӣ

 

Соли 2015 (апрел-июн)

Муовини сардори Раёсати корҳои Вазорати кишоварзӣ

 

Солҳои 2015- 2016

Сардори Раёсати корҳои Вазорати кишоварзӣ

Солҳои 2016-2020

Референти Котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон 

 

Аз 30 марти соли 2020

Мудири Котиботи Роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 






Сардори раёсати коргузорӣ, ва қабули шаҳрвандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон



   

ОҚИЛЗОДА НАҶИБУЛЛО НУРУЛЛОИ

Сардори раёсати робитаҳои хориҷӣ, байнипарламентӣ, ташрифотӣ ва ташкили кори Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соли таваллуд: 12 октябри соли 1991
     
Миллат: тоҷик, Ҷои таваллуд: ноҳияи Мастчоҳ

Ҳизбият: аъзои ҲХДТ Маълумот: олӣ соли 2013 факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дипломи аъло,
соли 2018 магистратураи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст

Ихтисос: мутахассиси соҳаи муносибатҳои байналхалқӣ, дараҷаи магистр ҳуқуқшинос

Кадом забонҳои хориҷиро медонад: забонҳои русӣ, англисӣ, ӯзбекӣ

Мукофот ва дастовардҳо: Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 2008-2013

-Донишҷӯйи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултети муносибатҳои байналхалқӣ;

Солҳои 2013-2014 

-Мутахассиси шуъбаи робитаҳои байнипарламентӣ ва протоколии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 2014-2016

 

-Сармутахассиси шуъбаи ташкилии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои2016- 2018

-Магистранти факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

Солҳои 2016 - 2018

-Сармутахассиси Котиботи Роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Соли 2018

-Унвонҷӯи шуъбаи илмҳои гуманитарии Институти илмию таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

Солҳои 2018 - 2021

-Мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот;

Соли 2019

Раиси ташкилоти ҳизбии «Қонунгузор»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонии дар назди Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Аз 27 январи соли 2021

-Сардори раёсати робитаҳои хориҷӣ, байнипарламентӣ, ташрифотӣ ва ташкили кори Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Оқилзода Н. Н. – муаллифи 3 китоб, 5 мақолаи илмӣ ва зиёда аз 13 мақолаҳои илмию оммавӣ мебошад.

Номгӯи китобҳои таҳиянамудааш:
  1. “Маҷлиси намояндагон: таҳкимбахши қонуният ва дипло-матияи парламентӣ” – Душанбе: «Донишварон», 2020. 291 с.
  2. “Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омили вусъатбахши дипломатияи парламентӣ 2010-2015” – Душанбе: «Донишварон», 2020. - 476 саҳ.
  3. “Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омили вусъатбахши дипломатияи парламентӣ 2015-2020” – Душанбе: «Донишварон», 2020. - 456 саҳ.




КОМИЛЗОДА АБДУҚОДИР ҶАЪФАР

Сардори раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

18 апрели соли 1987 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 2009 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтиссоси ҳуқуқшинос бо дипломи аъло хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи апрели соли 2010 оғоз намудааст.

Мавсуф солҳои 2011 ва 2012 ба фаъолияти омӯзгорӣ машғул буда, дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фанни ҳуқуқи ҷиноятӣ ба курсантони академия таълим додааст.

Аз соли 2011 то 2014 дар вазифаи мудири бахши шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Аз январи соли 2014 то 03.07.2017 дар вазифаи муовини мудири шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон фаъолият кардааст.

Дар вазифаи сардори раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон аз 20.09.2017то инҷониб кору фаъолият дорад. Оиладор, соҳиби чор фарзанд мебошад.



АБДУРАҲИМОВ КАМОЛ ҚУРБОНАЛИЕВИЧ

Сардори раёсати тарҷумаи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1-уми апрели соли 1963 дар ноҳияи Фархор зода шудааст.

Таҳсилотимиёнаро дар мактаби №2-и зодгоҳ ва таҳсилоти олиро дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинград (Санкт-Петербург) фаро гирифта аст.

Корро соли 1986 дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» оғознамуда, баъдан дар нашрияҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Садоимардум», «Ҷумҳурият» ва чанде дигар фаъолият бурдааст. Ҳашт сол (01.02.2005 – 30.10.2012) сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» — Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон будааст.

Ҳамчунин ба ҳайси муҳаррири коршиноси Вазорати матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармутахассиси Шуъбаи рушди иҷтимоиву фарҳангии Девони вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири калони Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.

Аз соли 2014 дар Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. Аз соли 2017 мудирии Шуъбаи тарҷума, таҳрир ва нашри Дастгоҳро ба уҳда дорад.

Заҳматҳояш бо медалҳои «Хизмати шоиста» (соли 2005), «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2011) ва нишону унвонҳои сершумори соҳавӣ қадр шудаанд.

Оиладор ва соҳиби се фарзанд мебошад.



Сардори раёсати технологияҳои иттилоотӣ, коммуникатсионӣ, таҳрир ва нашри Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи таваллуд: 
Миллат: тоҷик
Ҷои таваллуд: 
Ҳизбият: узви ҲХДТ
Маълумот: 
Ихтисос: 
Донистани забонҳои хориҷӣ: 
Мукофот ва дастовардҳо: 
 Фаъолияти мењнатӣ:

 
 

 ОРИФОВА ДИЛОРОМ ШАРOФОВНА

Мудир - сармуҳосиби шуъбаи молиявии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

9 майи соли 1966 дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик.

Соли 1988 Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчии хоҷагии қишлоқ хатм кардааст.

Фаъолияти кориашро баъди хатми Донишгоҳ дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла лабаранти калони лабараторияи истеҳсолии устувори хоҷагии қишлоқи Пажӯҳишгоҳи илмӣ-иқтисодии истеҳсолии хоҷагии қишлоқи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инспектори Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, супорандаи маҳсулоти тайёрӣ сехи бисквитӣ, муҳандис — технологи шӯъбаи банақшагирии фабрикаи «Ширин» — и шаҳри Душанбе, мутахассиси дараҷаи 1 Раёсати ҳисоб ва компютерии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассиси дараҷаи 1 шуъбаи молияи Ҳукумати шаҳри Чкаловски вилояти Суғд, ҳисобчии мактаби олии такмили ихтисоси кадрҳои комплекси агросаноатии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассиси пешбари ҳисобдори марказии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармутахассиси ҳисобдори марказии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори Идора — муовини сармуҳосиби ҳисобдори марказии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Бо Ифтихорномаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

Аз 27 августи соли 2012 Мудир — сармуҳосиби шуъбаи молиявии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд аст.



СУЛТОНОВ МУҲАМАДАТО ИСОЕВИЧ

Мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

28 декабри соли 1961 дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1989 Донишгоҳи давлатии ба номи М. Ломоносови шаҳри Маскавро бо ихтисоси рӯзноманигори байналмилалӣ хатм намудааст.

Фаъолияти кориашро баъд аз хатми Донишгоҳ ба ҳайси мухбири шуъбаи ҷамъиятии хабаргузории «Ховар» — и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намудааст.

Аз соли 1990 то соли 2000 мудири шуъбаи ҷамъиятӣ — сиёсии Маркази Иттилоотии «Ховар» дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Аз соли 2000 дар вазифаи роҳбари маркази матбуот ва аз соли 2010 мудири шуъбаи матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Маҳорати касбиашро дар хабаргузориҳои «Рейтер» — и Англия, «Итар — Тасс» ва «РИА Новости» — и Федератсияи Русия сайқал додааст.

Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Тибки фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ба хизматчиёни давлатӣ додани рутбаҳои тахассусӣ «Мушовири давлатии дараҷаи 1» мебошад.

Бо «Ифтихорномаи фахрии» Ассамблеяи Байнипорлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ифтихорномаи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (ОДКБ) ва Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

Оиладор, сохиби 4 фарзанд мебошад.

Илова кунед