-
-
САФАРОВ ЗАЙНУДИН
Муроҷиат кардан
1 марти соли 2020 вакили
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.
10 январи соли 1956 дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон, Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Донишкадаи сиёсатшиносӣ ва роҳбарии шаҳри Тошканд ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисосҳои зооинженер, сиёсатшинос ва ҳуқуқшинос хатм намудааст.
Дар вазифаҳои коргари хоҷагии «Кангурт», муҳандиси Идораи пиллахушккунии ноҳияи Темурмалик, зоотехники Иттиҳодияи зотпарварии ноҳияи Восеъ, инструктор, котиби шуъбаи мактабҳо ва котиби дуюми Кумитаи комсомолии ноҳияи Темурмалик, котиби якуми Кумитаи комсомолии ноҳияи Ховалинг, инструктори шуъбаи кишоварзӣ ва саноати хуроквории Кумитаи вилоятии ҳизби Коммунисти Тоҷикистон дар вилояти Кӯлоб, мудири шуъбаи кишоварзии Кумитаи ноҳиявии ҳизби Коммунисти Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг, инструктори шуъбаи комплекси агросаноатии Кумитаи вилоятии ҳизби Коммунисти Тоҷикистон дар вилояти Кӯлоб, мушовири калони Кумитаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати аграрӣ,озуқа ва шуғли аҳолӣ, сармутахассиси шуъбаи комплекси агросаноатии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини аввали директори агентии таъмини амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Оиладор, соҳиби се фарзанд мебошад.
1 — марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ХАБАРҲО АЗ WWW.PRESIDENT.TJ
-
25.02.2021
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зиёд намудани андозаи стипендияи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин магистр, аспирант ва докторантҳо
-
23.02.2021
Мулоқот бо Вазири кишварии (корҳои дохилии) Ҷумҳурии Исломии Эрон Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ
-
23.02.2021
Иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 28-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон