-
-
УСМОНЗОДА САИДҶАЪФАР УСМОН
Муроҷиат кардан
1 марти соли 2020 вакили
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.
Усмонзода Саидҷаъфар Усмон 4 ноябри соли 1960 дар деҳшӯрои ноҳияи Фархор дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст.
Аз моҳи сентябри соли 1967 то моҳи июни соли 1977 дар мактаби миёнаи №5 ба номи Калинини ноҳияи Фархор таҳсил намудааст.
СОБИҚАИ КОРӢ:
1.11.1977-07.1978 – Коргузори мактаби миёнаи №5 — и ноҳияи Фархор.
2.09.1978-09.1983 – донишҷӯи факултаи иқтисодии Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон.
3.11.1983-11.1984 – Иқтисодчии бонки сохтмонии вилояти Курғонтеппа.
4.11.1984-01.1989 – Корманди Кумитаи комсомолии шаҳр ва вилояти Курғонтеппа.
5.01.1989-10.1990 – Нозири кумитаи назорати халқии шаҳри Курғонтеппа.
10.1990-05.1992 – Раиси кооперативи истеҳсолии «Хатлон» — и ноҳияи Ховалинг.
7.07. 1992-04.1996 – Хизмат дар Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
8.04.1996-05.1997 – Мудири шуъбаи Иттифоқи ҷавонони шаҳри Душанбе.
9.05.1997-08.1999 – Сардори идораи коргузории Бонки Миллии Тоҷикистон.
10.09.1999-07.2000 – Ҷонишини Директори корхонаи хӯрокаи ноҳияи Октябри шаҳри Душанбе.
11.07. 2000-01.2002 – Директори маркази техникии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
12.07.2002-08.2002 – Хизмат дар Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
13.09.2002-02.2004 – Сардори полиси андози шаҳри Турсунзода.
14.10.2004-01.2005 – Ноиби ректори Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон.
15.01.2005-12.2012 – Соҳибкор
16.12. 2012 – Раиси Ҳизби Демократии Тоҷикистон.
Соли 2001 рисолаи номзади илмҳои иқтисодиро дар мавзӯи «Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат дар шароити бозаргонӣ, дар ҳолати зиёд будани қувваи корӣ» — ро ҳимоя намудааст.
Соли 2005 шуъбаи ғоибонаи Донишкадаи андоз ва ҳуқуқро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.
1 – марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон Раиси Ҳизби Демократии Тоҷикистон интихоб шудааст.