-
-
ФАТТОҲЗОДА САИДМУРОД САМАД
Муроҷиат кардан
1 марти соли 2020 вакили
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.
Соли таваллуд-15 ноябри соли 1958. Ҷои таваллуд шаҳри Кўлоб.
Миллат – тоҷик. Маълумот олӣ.
Соли 1981 Донишгоҳи давлатии шаҳри Москва ва соли 1991 Донишкадаи сиёсатшиносӣ ва идораи иҷтимоии Минскро хатм намудааст.
Ихтисос журналист – ходими адабӣ, сиёсатшинос.
Дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ-номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, доктори илмҳои фалсафа. Забонои русӣ ва англисиро медонад.
Бо ордени “Ситораи сурх”, Сарфарозномаи фахрии Президиуми Совети Олии СССР, медали “20-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон”, медали “10-солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон”сарфароз гардонида шудааст.
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1975 – 1978 |
Донишҷўи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
|
Солҳои 1978 – 1981 |
Донишҷўи Донишгоҳи давлатии ба номи М.В.Ломоносови ш.Москва
|
Солҳои 1981 – 1984 |
Мухбири рўзномаи ҷумҳуриявии «Тоҷикистони советӣ», шаҳри Душанбе
|
Солҳои 1984 – 1986 |
Хизмат дар сафи Артиши Шўравӣ дар Афғонистон, тарҷумони қисми ҳарбии 44628
|
Солҳои 1987 – 1989 |
Мухбири калони рўзномаи ҷумҳуриявии «Тоҷикистони советӣ», шаҳри Душанбе
|
Солҳои 1989 – 1991 |
ШунавандаиДонишкадаи сиёсатшиносӣ ва идораи иҷтимоии назди Ҳизби коммунистии Беларус, ш.Минск
|
08-12 соли 1991 |
Машваратчии маркази матбуотии КМ Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
|
Солҳои 1991 – 1993 |
Ёрдамчии Ноиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
|
01 – 05 соли 1993 |
Ёрдамчии муовини Раиси Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
|
Солҳои1993 – 1994 |
Ёрдамчии Сардори давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
|
Солҳои1994 – 2007 |
Мудири Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
|
Солҳои 2007 – 2014 |
Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, шаҳри Душанбе
|
Солҳои 2014 – 2014 |
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, шаҳри Душанбе
|
Аз моҳи декабри соли 2014 |
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кор кардааст.
|
Аз 17 марти соли 2020 Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корои баӣналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот мебошад.