• БАРОТЗОДА ФАЙЗУЛЛО Муроҷиат кардан

    1 марти соли 2020 вакили

    Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

    Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Аз 13 феврали соли 2015  дар мансаби  директори Маркази исломшиносӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Соли таваллуд 10 феврали соли 1962.

Ҷои таваллуд ноҳияи Ҳисор.  

Миллат   тоҷик.  

Таҳсилот  олӣ.                           

Соли 1985 Университети  давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Ихтисос филолог, муаллими забони арабӣ ва забону адабиёти тоҷик.

Унвони илмӣ - номзади илмҳои филологӣ. Забонҳои русӣ, арабӣ ва англисиро медонад. Вазъи оилавӣ- оиладор.


Кор ва фаъолияти собиқа:

 

Солҳои 1979-1985-

Донишҷўи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин

 

Солҳои 1985-1989-

Тарҷумони калони забони арабӣ дар Ҷумҳурии Сурия

 

Солҳои 1989-1993-

Лаборанти калон, ходими хурди илмии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Солҳои 1993-2004-

Ходими илмӣ, ходими калони илмӣ, сарходими илмии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ

 

Солҳои 2004-2007-

Котиби илмии шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии Академияи илмҳои Чумҳурии Тоҷикистон

 

Солҳои 2007-2009-

 

Докторанти Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Солҳои 2009-2011-

И. в. муовини директори Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

(02-05)   соли 2011-

И. в. директор, и. в. ҷонишини директори Институти забону адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Солҳои 2011-2015-

 

Ёвари Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Аз феврали соли

 2015 то соли 2020.

Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 


17-марти соли 2020 Раиси комиссия оид ба одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст.