• МАТРОБИЁН САОДАТШО ҚОСИМЗОДА Муроҷиат кардан

    1 марти соли 2020 вакили

    Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

    Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

аз 19 июни соли 2015 дар вазифаи муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Сана ва ҷои таваллуд-15 октябри соли 1973. Ҷои таваллуд н.Ишкошим

Миллат тоҷик. Таҳсилот олӣ

Соли 1999 Донишгоҳи давлатии Хоруғба номи М.Назаршоев,  соли 2005 шуъбаи аспирантураи факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербурги ФР-ро (рўзона) хатм намудааст

Ихтисос филолог, муаллими забон ва адабиёти тоҷик, шарқшинос-забоншинос

Унвони илмӣ номзади илмҳои филологӣ

Кадом забонҳои хориҷиро медонад –русӣ, англисӣ, арабӣ (болуғат),донандаи забонҳои порсии қадим, авастоӣ вап орсии миёна

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не- не

Бо мукофотҳои давлатӣ сазовор гардонида шудааст ё не -не

Вазъи оилавӣ оиладор, соҳиби 2 фарзанд


ТАРҶУМАИ ҲОЛ

Матробиён Саодатшо Қосимзода
Номзади илмҳои филологӣ (2005), дотсент (2013)

Матробиён Саодатшо Қосимозода  15-уми октябри  соли 1973 дар  деҳаи Даршайи ноҳияи Ишкошим, ВМКБ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик.

Ў соли 1991 мактаби миёнаи №16-и ноҳияи Ишкошимро хатм мекунад. Худи ҳамон сол ба факултети филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил мешавад. Сипас, ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М. Назаршоев интиқол гирифта, факултети таъриху филологияи донишгоҳи мазкурро дар риштаи филологияи тоҷик хатм мекунад.  Аз соли 1999 то 2000 коти би масъули рўзномаи «Зиндагӣ»-и ноҳия Ишкошим адои вазифа намуда, солҳои  2000-2001 ба ҳайси ҷонишини директории мактаби миёнаи №16-и ноҳияи Ишкошим фаъолият менамояд.   Солҳои 2001 – 2002 муҳассили курси интенсивии Барномаи англисии Хоруғи (KhorogEnglishProgram) назди Институти тадқиқотии Лондон  мегардад. Солҳои 2002 – 2005 дар шуъбаи рўзонаи аспирантураи факултетишарқ шиносии Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербурги Федератсияи Россия таҳсил менамояд. Соли 2005 рисолаи номзадиашро таҳти роҳбарии академики АИ Федератсияи Россия Иван Михайлович  Стеблин- Каменский дар донишгоҳи зикршуда ҳимоя мекунад. Аз соли 2006 то соли 2009 мудири кафедраи Лингвистика ва коммуникатсияи байнифарҳангии Донишгоҳи байналмилалии Тоҷикистон фаъолиятмекунад. Моҳи августи соли 2009 декани факултети муносибатҳои байналмилалии Донишкадаи инноватсионӣ ва коммуникастияи Тоҷикистон таъин мегардад.  Аз моҳи январи соли 2011 дотсенти кафедраи забони тоҷикии  ДДЗТ ба номи С.Улуғзодава аз моҳи апрели ҳамон сол мудири кафедраи мазкур интихоб гардида, то моҳи апрели соли 2014 дар ҳамин вазифа фаъолият намуд. Аз моҳи апрели соли 2014 то сентябри соли 2014 ба вазифаи сардори раёсати илм, инноватсия, аспирантура ва докторантура фаъолият мекунад. Ба сабаби анҷом додани кори докторӣ аз вазифаи мазкур бо хоҳиши худ баромада, аз моҳи сентябри соли 2014 то 19 июни соли 2015 ба ҳайси дотсенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷик фаъолият намуд. 

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.06. 2015, №411 муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст. 

Мазкур барои зиёда аз 15 нафар номзадони илм ба ҳайси муқарризи асосӣ баромад намудааст. Дар олами забоншиносии тоҷик ҳамчун чеҳраи шинохта бо назари интиқодии илмиаш муаррифӣ шудааст.  Барои  4 аспирант ва 5 унвонҷўй ба ҳайси роҳбари илмӣ таъин шуда,  чанд нафар  аз шогирдонаш дар арафаи ҳимоя қарор доранд.

Ба донишҷўён аз фанҳои таърихи забони тоҷикӣ, таърихи афкори забоншиносӣ, масъалаҳои мубрами забоншиносӣ, забоншиносии иҷтимоӣ (сотсиолингвистика), забоншиносии фарҳангӣ (этнолингвистика) ва забоншиносии равонӣ (психолингвистика) лексия мехонад.

Матробиён С. Қ. муаллифи 2 монография («Рўзгор ва осори Мубораки Вахонӣ»(2010) ва «Лексикаи бозиҳои миллии вахони забонон (очерки этнолингвистӣ)» (бозабони русӣ) (2012)), 4 китоби дарсӣ «Забони тоҷикӣ (барои ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ)» (2009), «Забони тоҷикӣ (барои ихтисосҳои иқтисодӣ)» (2010), «Забони тоҷикӣ (барои ихтисосҳои иқтисодиин изоми таҳсилоти кредитӣ)» (2011) ва «Забони тоҷикӣ (барои ихтисосҳои тарҷумонӣ, забонҳои хориҷӣ ва рўзноманигорӣ)» (2013)), 5 барномаи таълимӣ ва мақолаҳои зиёди илмӣ буда, инчунин яке аз таҳиягарони “Фарҳангитафсирии забони тоҷикӣ” (2006, 2010), «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» (2017) «Фарҳанги ҷойномҳои миллӣ» (2018), «Фарҳанги номҳои миллии тоҷикӣ» (2018)   мебошад. Дар ҳоли ҳозир яке аз фарҳангҳои қадимиеро, таҳти унвони «Луғот-уш-шеър», инчунин, китобҳои дарсии «Муқаддимаи забоншиносӣ» ва «Таърихи забоншиносӣ»-ро  ба чоп тайёр намудааст.