• ШОДИЗОДА ПАРВИЗ ШОДИБОЙ Муроҷиат кардан

    1 марти соли 2020 вакили

    Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

    Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Аз  июли  соли 2014  дар  мансаби муовини раиси шаҳри

Панҷакенти вилояти Суғд   кор кардааст.

Соли таваллуд - 11 октябри соли 1973. Ҷои таваллуд - шаҳри Панҷакент.

Миллат-  тоҷик. Таҳсилот  олӣ.

 

Соли 1994 Донишкадаи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва соли 2019  Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро хатм намудааст.

 

Ихтисос - молшиносии молҳои саноатӣ,  молия ва қарз.

Забонҳои русӣ ва англисиро медонад. Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Панҷакент аз ҳавзаи интихоботии №29 буд.

 

Кор ва фаъолияти собиқа:

 

Солҳои 1990-1994-

Донишҷӯи Донишкадаи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

 

Солҳои 1994-1999-

Ассистенти кафедраи «Молшиносӣ ва тиҷорат»-и Донишкадаи давлатии тиҷорати Тоҷикистон,

  шаҳри Душанбе

 

Солҳои 1999-2002-

Корманди Ҷамъияти матлуботи шаҳри Панҷакент

 

Солҳои 2002-2006-

Муовини аввали (озоди) раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

 

Солҳои 2006-2014-

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

 

Аз июли соли

2014 то с.2020.

Муовини раиси шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд.