-
-
АҲМАДЗОДА БАХТИЁР ҲИКМАТУЛЛО
Муроҷиат кардан
Аз 1 марти соли 2020 вакили
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.
Ҷои таваллуд:- ноҳияи Спитамен, вилояти Суғд
Миллат:- ӯзбек.
Таӽсилот: - олӣ. Соли 2005 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Fафуровро бо ихтисоси иқтисодчӣ ва соли 2020 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шотемурро бо ихтисоси аграном хатм кардааст.
Ихтисос:- иқтисодчӣ, агроном.
Унвони илмӣ: - надорад.
Кадом забонӽои хориҷиро медонад:- русӣ.
Бо мукофотӽои давлатӣ сарфароз шудааст ё не:- нашудааст.
Вазъи оилавӣ:- оиладор, соњиби 3 фарзанд.
Кор ва фаъолияти собиқа.
С олҳои 1994-1996 |
хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон. |
Солӽои 1996 -2004 |
иқтисодчӣ, агроном-энтомологи Ассотсиатсияи истифодабарандагони об (АИО)-и «Андарсой»-и ноҳияи Спитамен. |
Солҳои 2004-2008 |
раиси хоҷагии деҳқонии «Тадбиркор»-и АИО «Андарсой»-и ноҳияи Спитамен. |
Солҳои 2008-2012 |
раиси АИО «Андарсой» |
Солҳои 2012-2018 |
сардори раёсати кишоварзии ноҳияи Спитамен. |
Солӽои 2018 - 2020 |
муовини Раиси ноҳияи Спитамен. |
Солҳои 2010-2020 |
(ду даъват) вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Спитамен. |
Солӽои 2009 - 2020 |
раиси созмони ноҳиявии Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен. |
Бо мукофотӽои соӽавӣ сарфароз гардидааст:
Соли 2014 |
Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ӽокимияти давлатии вилояти Суғд |
Соли 2017 |
Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ӽокимияти давлатии ноӽияи Спитамен. |
Соли 2018 |
Сипосномаи Раиси ноҳияи Спитамен |
Соли 2012 |
Дипломи дараҷаи I ва соли 2013 - Дипломи дараҷаи II, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон. |
Аҳмадзода Бахтиёр Ҳикматулло 1 марти соли 2020 дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии «Спитамен» №25 интихоб шудааст.
Аз моҳи марти соли 2020 узв ва аз 24 декабри соли 2020 муовини раиси Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.