-
-
РАҲМОНЗОДА ЗОИР ФАЙЗАЛӢ
Муроҷиат кардан
1 марти соли 2020 вакили
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.
Моҳ ва сол |
Вазифа ва номи пурраи ҷои кор |
Маҳали ҷайгиршавӣ |
|
Дохилшудан |
Хориҷ шудан |
||
2003 |
2004 |
Устод – коромӯзи Кафедраи риёзиёти олӣ ва информатикаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат |
ш. Душанбе |
2004 |
2005 |
Ассистенти Кафедраи риёзиёти олӣ ва информатикаи ДСХ |
ш. Душанбе |
2006 |
2007 |
Муҳандис – барномасози компютерҳои ДСХ |
ш. Душанбе |
2006 |
2011 |
Омӯзгори калони Кафедраи тарҳрезӣ ва технологияҳои иттилоотии ДСХ |
ш. Душанбе |
2008 |
2012 |
Директори Маркази иттлоотӣ – иртиботии ДСХ |
ш. Душанбе |
02.05.2012 |
15.10.2012 |
Декани Факултети соҳибкорӣ ва бизнеси ДСХ |
ш. Душанбе |
15.10.2012 |
02.07.2013 |
Мудир ва дотсенти Кафедраи низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёти ДСХ |
ш. Душанбе |
03.07.2013 |
13.02.2017 |
Директори Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат |
ш. Ваҳдат |
01.03.2015 |
01.03.2020 |
Вакили Маҷлиси вакилони халқии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе |
ш. Душанбе |
13.02.2017 |
07.04.2020 |
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе |
ш. Душанбе |
01.03.2020 |
то ҳол |
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
ш. Душанбе |
Муаллифи як монграфияи илмӣ, 10 китоби дарсӣ ва зиёда аз 120 мақолаҳои илмию-тадқиқотӣ буда, корҳои методию-амалиашро дар мавзӯҳои тадбиқи технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаи маориф ва илми ҶТ аз чоп баровардааст.
Соли 2005 курси такмили ихтисосро бо забони англисӣ дар Ҷумҳурии Ҳиндустон (45 рӯз), дар ассоси шартномаи ду кишвар оиди ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, гузаштааст.
Соли 2009 богурӯҳи кории Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, дар конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Моликияти зеҳнӣ» дар шаҳри Занҷони Ҷумҳурии исломии Эрон иштирок намуда, сазовори дипломи дараҷаи 1 гаштааст.
Аз соли 2012 ҳамчун аъзо дар Лоиҳаи Темпус-Ҳайка, ки курси такмили ихтисос бо забони англисӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон (18 рӯз) шуда гузашт, ширкат варзидааст. Инчунин бо сафарҳои расмӣ дар симпозиумҳо ва конференсияҳои байналмилалӣ дар Федератсияи Руссия, Ҷумҳуриҳои Туркия, Беларусия, Армения, Озарбойҷон, Давлатҳои Араб ва Ҷумҳурии мардумии Чин, ширкат варзидааст.
Рисолаи номзадиашро моҳи октябри соли 2011 дар мавзӯи «Ҷиҳатҳои иҷтимоӣ-иқтисодии тадбиқи технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳимоя намуда, соҳиби дипломи номзади илмҳои иқтисодӣ гардидааст. Барои фаъолияти пурсамар дар соҳаи илм ва таълифу чопи корҳои илмӣ методӣ ва илмӣ - тадқиқотӣ соли 2019 соҳиби унвони илмии дотсент гаштааст.
мукофотҳои давлатӣ ва ифтихорномаҳо
Ӯ барои фаъолияти пурсамар дар ҷодаи илм ва таълиму тарбияи насли наврас ва барои иштироки фаъолона дар озмӯни олимони ҷавон, ихтирокори беҳтарин, бахшида ба 20 солагии иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии ҶТ бо Ифтихорномаи ВМҶТ соли 2012, бо ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника дар соли 2013, аълочии Маориф ва илми ҶТ дар соли 2014, аълочии Фарҳанги ҶТ дар соли 2017, бо Сипосномаи раиси шаҳри Ваҳдат ба муносибати 24 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015, бо Ифтихорномаи раиси шаҳри Ваҳдат ба муносибати 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016, Ифтихорномаи иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи омӯзгор дар соли 2016, бо Дипломи Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ш. Ваҳдат бахшида ба 24 – солагии таъсисёбии Қувваҳои мусалаҳи ҶТ дар соли 2017, бо Сипосномаи Вазорати маориф ва илми ҶТ дар соли 2017, бо Сипосномаи Кумитаи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар соли 2017, бо Ифтихорномаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар соли 2018 ва бо Медали Ҷашнии 10 солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018, сарфароз гаштааст.
Оиладор буда, соҳиби 4 фарзанд мебошад.