• УСМОНЗОДА МАНСУР САЛОМ Муроҷиат кардан

    1 марти соли 2020 вакили

    Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

    Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Мансур Усмонзода 26 – уми феврали соли 1961 дар деҳаи Чорқишлоқи ҷамоати деҳоти Шаҳраки шаҳри Исфараи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи хизматчии давлатӣ таваллуд шудааст.
Маълумоти миёнаро аз соли 1968 то соли 1976 дар мактаби таҳсилоти миёнаи нопурраи рақами №16 – и деҳаи Чорқишлоқи ҷамоати деҳоти Шаҳрак ва аз соли 1976 то 1978 дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами № 2 – и ба номи А. Лоҳутии шаҳри Исфара гирифтааст.
Маълумоташ олӣ, солҳои 1978 – 1983 Донишкадаи обёрикунонӣ ва механиконии хоҷагии қишлоқи шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Узбекистонро бо ихтисоси муҳандис - заминсоз хатм намудааст.
Аз 2 – юми декабри соли 1983 то соли 1984 дар вазифаи муҳандис оид ба масъалаҳои обу коррези колхози ба номи Ленини шаҳри Исфара фаъолияти меҳнатӣ анҷом додааст.
Шурӯъ аз соли 1984 то соли 1990 дар вазифаҳои мутахассис, сардори шӯъбаи ташкилӣ ва котиби озоди кумитаи комсомоли колхози ба номи Ленини шаҳри Исфара ифои хизмат намудааст.
Аз соли 1990 то соли 1999 дар вазифаҳои агрономи соҳавӣ, муҳандис оид ба масълаҳои обу коррези ва сармутахассис оид ба масълаҳои обу замини колхози ба номи Ленини шаҳри Исфара фаъолият намудааст.
Давоми солҳои 1999 то 2014 дар вазифаҳои мутахассис, муҳандис - заминсози ҷамоати деҳоти Шаҳраки шаҳри Исфараи вилояти Суғд адои хизмат намудааст.
Номбурда соли 2004 соҳиби рутбаи тахассусӣ, референти хизмати давлатӣ дараҷаи 2–юм ва соли 2006 сазовори рутбаи навбатии тахассусӣ референти хизмати давлатӣ дараҷаи 1–ум гардидааст.
Аз соли 2010 то соли 2015 давоми 5 сол вакили ҷамоати деҳоти Шаҳраки шаҳри Исфараи вилояти Суғд интихоб шудааст.
Давоми солҳои 2014 ва 2015 ҳамчунин фаъолияти соҳибкории инфиродиро низ пеш бурдааст.
Аз соли 2016 то соли 2020 дар вазифаҳои бақайдгиранда, сардори шӯъбаи заминсозӣ, мутахассис – ташхисгар ва сармутахассис - эксперти КВД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”–и шаҳри Исфара фаъолият намудааст.
Шурӯъ аз соли 2005 то ин ҷониб дар вазифаи Раиси Кумитаи иҷроияи ҲАТ дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд фаъолияти ҷамъиятӣ менамоянд.
Оиладор, соҳиби 3 нафар фарзанд мебошанд.