-
-
Қосимӣ Файзулло
Муроҷиат кардан
8-уми апрели соли 2021 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст
18-уми апрели соли 2021 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати VI) интихоб гардидааст.
Қосимӣ Файзулло зодаи шаҳри Хуҷанд буда, 2 феврали соли 1966 дар оилаи зиёӣ таваллуд ёфтааст.
Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, аз соли 2003 аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.
Баъди хатми мактаби миёна соли 1982 ба Донишкадаи муҳандисони ирригатсия ва механиконии хоҷагии қишлоқи шаҳри Тошканд дохил шуда, соли 1987 Донишкадаи мазкурро аз рӯи ихтисоси «муҳандис-заминсоз» хатм намуд.
Соли 2007 ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (ғоибона) дохил шуда, соли 2011 Донишгоҳи мазкурро аз рӯи ихтисоси «ҳуқуқшинос» хатм намудааст.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2010, таҳти №900 рутбаи тахассусии мушовири давлатии дараҷаи 3 дода шудааст.
Соли 2019 ба мукофоти давлати медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардидааст.
Соли 2021ба мукофоти давлати медали чашни «30-солагии Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон» сарфароз гардидааст.
Фаъолияти меҳнатиашро аз солҳои 1987-1992 ба ҳайси муҳандис-заминсоз дар филиали Институти лоиҳакашии «Тоҷикгипрозем»-и шаҳри Хуҷанд огоз кардааст;
Солҳои 1992-1996 — Сармутахассиси гуруҳи худмаблағгузори шуъбаи заминистифодабарӣ ва заминсозии Ҳукумати шаҳри Хуҷанд;
Солҳои 1996-1999 — Раиси кумитаи захираҳои замин ва заминсозии шаҳри Хуҷанд;
Солҳои 1999-2005 — Раиси кумитаи захираҳои замин ва заминсозии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;
Солҳои 2005-2006 — Муовини аввали раиси кумитаи заминсозии вилояти Суғд;
Солҳои 2006-2010 — Раиси кумитаи заминсозии вилояти Суғд;
Солҳои 2011-2014 — Сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд;
Соли 2015 — Директори намояндагии КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд;
Солҳои 2015-2016 — Раиси кумитаи идораи замини ноҳияи Ҷаббор Расулов;
Соли 2016-2021 — Муовини якуми раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов фаъолият намудааст.
Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.