Муовинон



Мансурӣ Дилрабо Сайдулло

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилаз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ (аз Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон) даъвати шашум.

29 январи соли 1974 дар шаҳри Ленинобод (айни ҳол Хуҷанд) таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, хатмкардаи Донишкадаи политехники Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд. Узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ.

Нахустин зани тоҷик аст, ки ба унвони баланди доктори илмҳои техникӣ соҳиб гаштааст. Муаллифи зиёда аз 300 корҳои илмӣ, аз ҷумла 7  монография ва  12 ихтироот.

Дар вазифаҳои лаборанти калон, ассистент, омўзгори калон, мудири кафедраи «Технологияи матоъ, кешбофӣ ва маҳсулоти дӯзандагӣ», муовини директор оид ба илм ва инноватсия, директории Донишкадаи политехники Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд фаъолият намуда аст.

Узви Шўрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Узви фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бо Ифтихорномаи Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи С.Умаров, медали тиллои Симпозиуми байналмилалии занони ихтироъкор дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ, Ифтихорномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст. Аълочии маорифи Тоҷикистон.

Оиладор.



Қодири Қосим

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қодири Қосим аз 17 марти соли 2020 дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Қодири Қосим 9 апрели соли 1961 дар ноҳияи Ванҷ таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1983 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси агроном хатм кардааст.

Фаъолияташро соли 1983 ба ҳайси агроном боѓпарвари совхози ба номи Федченкои ноҳияи Ванҷ оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои агроном ва сарагрономи совхози «50 солагии СССР»-и ноҳияи Ванҷ, директори совхози «Россия»-и ноҳияи Ванҷ, инструктори комитети марказии ЛКСМ Тоҷикистон, Котиби дуюми комитети вилоятии ЛКСМ Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ, ҷонишини сардори идораи хоҷагии қишлоқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раиси ноҳияи Ванҷ, муовини аввали раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва муовини вазири  кишоварзии Ҷумхурии Тоҷикистон меҳнати пурсамар намудааст.               

Аз соли  2006 то соли 2013 раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва аз соли 2013 то соли 2017 раиси Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд.

Аз  феврал соли 2017  дар вазифаи  Раиси иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.  Соли 2004 бо ордени «Дӯстии халқҳо» қадрдонӣ шудааст.



Илова кунед