• ШАРИФЗОДА ҒИЁСИДДИН АБДУВАҲҲОБ Муроҷиат кардан

    1 марти соли 2020 вакили

    Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

    Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Ғиёсиддин Шарифзода аз 9 апрели соли 2009 дар вазифаи мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ фаъолият намудааст.

Мавсуф, 24 декабри соли 1961 дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ таваллуд шуда, миллаташ тоҷик ва маълумоташ олӣ мебошад. Ў соли 1984 Донишгоҳи Давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси омўзгори фани таърих хатм карда, соли 1999 ҳамин муассисаи олии кишварро бо тахассуси ҳуқуқшинос ба итмом расонидааст.

Ғиёсиддин Шарифзода аз ибтидои фаъолият дар соҳаҳои фарҳангу маънавиёти кишвар заҳмат кашида, меҳнатҳои мондагору софдилонаи ў дар соҳаҳои маориф ва фарҳанги кишвар бо нишонҳои Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Медали хизмати шоиста қадршиносӣ шудаанд.

Донандаи забонҳои русӣ ва англисӣ (бо луғат) буда,  оиладор - соҳиби ду фарзанд мебошад.

                               

               КОР ВА ФАЪОЛИЯТИ  СОБИҚА:

 

Солҳои 1979 - 1984

Донишҷўи Донишгоҳи  давлатии миллии Тоҷикистон

 

Солҳои 1982 - 1984

Корманди Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ.

 

Солҳои  1984-1987

Муаллими  мактаби миёнаи  №19, деҳаи  Сангистони  ноҳияи  Айнӣ.

 

Солҳои 1987-1996

Ҷонишини  директор оид  ба  корҳои тарбиявии  Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19, деҳаи  Сангистони ноҳияи Айнӣ.

Солҳои 1996-2009

Мудири шуъбаи фарҳанги ноҳияи Айнӣ.  

 

Аз апрели соли

2009  то с 2020.

 

Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Айнӣ.