-
-
ҒАФФОРОВ АБДУҲАЛИМ
Муроҷиат кардан
1 марти соли 2020 вакили
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.
Ғаффоров Абдуҳалим – 24 декабри соли 1951 дар деҳаи Кулоли ноҳияи Панҷекент дар оилаи деҳқон таваллуд ёфтааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи №7 ба номи А. Рӯдакӣ, ҳоло «Муродилло Шерализода» соли 1968 ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Т. Г. Шевченко ҳозир С. Айнӣ дохил шуда, соли 1972 факултети таъриху филологияро хатм намудааст. Фаъолияти кориашро аз лаборанти калони шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳо оғоз намуда, баъдтар дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода то соли 2002 кор кардааст.
Аз соли 1982 то соли 1986 дар РДА хизмат кардааст. Соли 2002 то соли 2004 муовини аввали Ректори донишкадаи такмили ихтисоси кормандони маорифи ҷумҳурӣ буда, соли 2004 мутахассиси пешбурди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Соли 2006 декани факултети такмили ихтисоси назди ДДМТ буд. Соли 2011 то 16 марти соли 2015 Директори донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ буд.
Номзади илми педагогика, дотсент, муаллифи зиёда аз 120 мақолаҳои илмӣ – методӣ ва 9 дастури методӣ мебошад. «Ванга» ва «Таронаҳои Блитист» — ро тарҷума кардааст. Нахустин повесташ «Савдои умр» мебошад. Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорандаи медали 5-10-15-20 солагии Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 130 солагии Сталин, 20 солагии истиқлолият, 65 солагии Ғалаба аз болои фашизм, 70 солагии Қувваҳои Муссалаҳи СССР, медали 20-25 солагии итмомёбии муҳорибаҳои ҷанги Афғонистон, 60 солагии Ғалаба дар ҶБВ солҳои 1941-1945 сарфароз гардонда шудааст. Аз соли 1998 то соли 2004 Раиси КИ ҲСТ шаҳри Душанбе буд. Соли 2004 Раиси КИМ ҲСТ буд.
Ду маротиба соли 2006 ва 2013 номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон буд.
Оиладор, соҳиби ҳафт фарзанд мебошад.
1 – марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.