Ҳаёт ва фаъолияти занону бонувон
Занону бонувон бо неруи фитрии созандаву отифияти худ зиннатбахши рўзу рўзгори башарият буда, ҳеҷ самтеро аз ҳаёту рўзгори инсонӣ бидуни мавқеи устувори занону бонувон тасаввур кардан ѓайриимкон аст. Махсусан дар ҷомеаи мутамаддини мо – тоҷикон ин неруи инсонсоз мақому манзалати шоиста дошта, дар ҳар бахши фаъолият ҳузури густурдаву фаъол доранд.
Таваҷҷуҳи давлату ҳукумати кишвар низ рўз то рўз ба занону бонувон афзуда, имконияти фаъолияти онҳо дар бахшҳои давлатию ҷамъиятӣ, тиҷорату соҳибкорӣ ва маҷмуи тахассусҳо муҳайё буда, бонувон бо ҳисси баланди масъулият дар баробари мардон хизати шоиста анҷом медиҳанд ва дар раванди бунёдкориҳои кишвари маҳбубамон саҳми шоиста мегузоранд.
Дар Дастгоҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ занону бонувон бо ҳисси баланди масъулият фаъолияти густурда дошта, аз ҳисоби бонувони фаъол мушовирони кумитаву комиссияҳо, мудирони шуъбаву бахшҳо, муовинони мудири шуъба, сармутахассисон ва дигар вазифаҳои масъулро иҷро менамоянд.
Тибқи маълумоти шуъбаи кадрҳои Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон имрўз танҳо аз ҳисоби бонувон 51 нафар хизматчии давлатӣ ва 45 нафар дар бахшҳои техникию хоҷагидорӣ фаъолият менамоянд. Агар маҷмуан фаъолияти Маҷлиси намояндагонро таҳлил намоем, дар ҳар як қонуну қарор, санаду ҳуҷҷат, ороишоти бинои Маҷлиси намояндагону гулгаштҳои он ва назофату покизагии фазои кории вакилон саҳми занону бонувон бараъло намоён мешавад.
Роҳбарияти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон низ дар партави сиёсатҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат амал намуда, барои фаъолияти бо марому осудаи бонувон тамоми шароити корро фароҳам намудааст.
Илова кунед

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон