Вакили Маҷлиси намояндагон дар кори хамоиши байналмилалӣ иштирок намуд

26 Ноябр 2021, Ҷумъа

Имрӯз вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайрат Азиззода дар кори конференсияи байналмилалӣ «Ҳолати имрӯзаи пиряхҳо, яхбандӣ ва криосфера дар раванди гармшавии глобалӣ», ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид иштирок ва суханронӣ намуд.
Конференсияи мазкур бо ибтикори Академияи милли илмҳои Тоҷикистон ва  Муассисаи давлатии илмии «Маркази омузишии пиряхҳо баргузор гардид.
Ғайрат Азиззода дар назди иштирокчиёни конференсияи мазкур баромад намуда, изҳор дошт, ки сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳад, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо диққати сайёҳонро на танҳо захираҳои тиллою нуқра ва сангҳои қимматбаҳо, балки обҳои шаффофу шифобахши Тоҷикистон ҷалб мекард.
Саҳми Тоҷикистон дар ташаккули манбаҳои оби Осиёи Марказӣ хеле бузург аст. Аз 115,6 км куб оби ҳавзаи баҳри Арал қариб 90 % он дар ҳудуди Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷорӣ мегарданд. Дар ҷумҳури зиёда аз 947 (дарёҳои бо дарозии зиёда аз 10 км ) ба ҳисоб гирифта шудааст, ки дар якҷоягӣ бо дарозии 28 500 километр кашол ёфтаанд. Ҳоло дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба ҳиссаи дарёҳо 64 км3, ба ҳиссаи кӯлҳо 44 км3 ( аз ин миқдор 20 км3 онро оби тозаи нӯшокӣ ташкил медиҳад ) ва бештар аз 6 км3 оби тоза ба ҳиссаи обҳои зеризаминӣ рост меояд.  
Тоҷикистон дорои  захираҳои  бузурги энергияи барқии обӣ  мебошад, ки дар як сол 527 млрд.квт/соат ба ҳисоб меравад. Дар нақши фаннӣ захираи энергетикаи барқи обии Тоҷикистон дурнамои хуби рушдро дошта он  317 млрд.квт/соатро дар сол ташкил медиҳад, ки 4-5% танҳо дар айни замон  истифода мешавад. Бо иқтидори энергетикаи барқии обӣ Тоҷикистон ҷои 8-умро дар дунё пас аз Хитой, Россия, ИМА, Бразилия, Заир, Хиндустон ва Канада ишғол менамояд. Асоси энергетикаи Тоҷикистон бештар аз 95% энергияи барки обӣ ташкил медиҳад.  Иқтидори энергияи обии Тоҷикистон беш аз 3 баробар зиёдтар назар ба талаботи энергияи барки дар тамоми Осиёи Маркази мебошад. Ҳангоми самаранок истифода бурдани ин захираҳо минтакаро метавон бо ин энергияи арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза таъмин намуд.  Захираҳои асосии энергияи барқии обӣ дар манотиқи дарёи Вахш, Панҷ, Амударё, Сирдарё ва Зарафшон ҷойгир аст.
Ғайрат Азиззода ҳамчунин иброз дошт, ки мардуми тоҷик дар ҳама давру замон бо ҳамсоягон дар ҳалқаи дӯстию ҳамкорӣ зиндагӣ карда, ҳунару сабақи ниёгони худро ба онҳо низ ёд медод. Аз ин хотир, дар баробари  манфиати худ мо бояд манфиати ҳамсоягонро низ ба эътибор гирем. Дар сиёсати энергетикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳо бобати ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя, ташкилоту муассисаҳои байналмиллалӣ ва созмону ширкатҳои машҳури энергетикии олам  мавқеи калонеро ишѓол менамояд. Бо дигар ифода, кўшишҳои зиёде ба он равона мегардад, ки захираи фаровони аз ҷиҳати экологӣ безарари обӣ-энергетикии Тоҷикистон ба манфиати инсоният мавриди истифода қарор гирад. Ин кўшишҳо, ки хеле оқилона асоснок карда мешаванд, натиҷа ба бор меорад.[7.]
Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу Ваҳдат – Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ин масъала дахл намуда, қайд намудаанд, “Стратегияи нави манбаъҳои энергетика, истифодаи обро ба таври дақиқ таҳия намуда, мо бояд барои рушди устувори ояндаи мамлакат ва минтақа тамоми тадбирҳоро андешем. Муҳим аст, ки дурнаморо муйян карда, набояд дар ягон ҳалли проблемаи глобалии имрӯза ва оянда ба тундравӣ ва ё кундравӣ майл намоем”
Чи тавре ки ба шумо маълум аст, Тоҷикистон захираҳои ғании об дорад. Дар кишвари мо қариб 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ ташаккул меёбад. Манбаи асосии ин обҳоро захираҳои пиряхии минтақа, ки зиёда аз 60 фоизи онҳо дар қаламрави Тоҷикистон қарор дорад, ташкил медиҳанд.
Пиряхҳо захираи асосии оби соф мебошанд. Обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад.
Таҳлили тамоюли таъсиррасонии тағйирёбии иқлим ва афзоиши аҳолӣ нишон медиҳад, ки: агар дар солҳои шастуми асри гузашта таъминоти об ба сари ҳар як нафар аҳолӣ дар Осиёи Марказӣ солона ба зиёда аз ҳашт ҳазор метри мукааб баробар шуда бошад, имрӯз ин нишондиҳанда зиёда аз чор баробар кам гардида, дар як сол каме зиёд аз ду ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад.
Дар кори конференсияи байналмилалӣ ҳамчунин дигар коршиносони масоили табии иштирок ва суханронӣ намуданд.               

Илова кунед