Ҳимояи ҳуқуқи инсон — яке аз мавзӯъҳои меҳварии паёмҳои Президент ба парламент
10 Декабр 2021, ҶумъаҶумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли санадҳои байналмилалӣ вобаста ба ҳуқуқи инсон, аз қабили Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, Конвенсия дар бораи барҳам додани шаклҳои табъиз нисбат ба занон ва ғайра буда, ҷиҳати татбиқи онҳо чораҳои амалӣ меандешад.
Конститутсияи мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳомии Конститутсия, қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муқаррар намуда, ба салоҳияти вай ҳалли масъалаҳои шаҳрвандӣ, аз ҷумла, ба шаҳрвандӣ қабул кардан ва аз шаҳрвандӣ маҳрум намудан, додани паноҳгоҳи сиёсӣ, бахшиши ҷазо ва дигар масъалаҳои вобаста ба ҳуқуқи инсон мансуб дониста шудаанд.
Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои худ, ки дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегарданд, оид ба арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон, эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ба онҳо дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.
Президенти мамлакат дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми апрели соли 2003 дар робита ба арзиши олӣ доштани ҳуқуқи инсон махсус қайд карданд, ки эълон доштани бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва соҳибихтиёр дар моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин арзишҳои аз ҳама воло эътироф гардидани ҳуқуқу озодиҳои шахсият дар он аз мақомоти дахлдори давлатӣ тақозо дорад, ки бо мақсади ҳифз, риоя ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа, ҷиҳати муҳайё сохтани шароити арзандаи зиндагонии ҳар як фарди кишвар, тадбирҳои судманд андешида, механизми кафолати воқеии таъмини онҳоро ба вуҷуд оранд.
Қобили қайд аст, ки дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз вазифаҳои муҳимму асосии ҳокимияти судӣ ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Биноан, ҳар шахси манфиатдор, мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии мамлакат, барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии вайронгардида ё мавриди баҳс қарордошта ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми апрели соли 2004 таъкид карданд, ки дар тӯли таърихи башар масъалаи эътироф, ҳифз ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлатҳои демократӣ қарор дошт. Бо дарназардошти ин меъёри умумибашарӣ, соли 2003 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро қабул намуд, ки он ба меъёрҳои башардӯстӣ асос ёфтааст. Муҳимтарин тағйирот дар ин самт аз он иборат аст, ки татбиқи ҷазои қатл дар кишвар қатъиян маҳдуд карда шудааст. Агар мувофиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17-уми августи соли 1961, ки то соли 1998 амал мекард, дар 44 маврид ва тибқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми майи соли 1998 дар 15 маврид ҷазои қатл пешбинӣ шуда бошад, пас тибқи тағйиру иловаҳое, ки соли 2003 ба Кодекси ҷиноятӣ ворид карда шуданд, ин намуди ҷазо танҳо дар 5 маврид пешбинӣ гардид.
Дарвоқеъ, маҳдуд намудани ҷазои қатл амали хеле назаррас аст, аммо нисбат ба ҳаёти инсон бояд муносибати башардӯстона сурат гирад. Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ ва дахлнопазиранд, вале дар ин миён ҳуқуқ ба ҳаёт мавқеи хоса дорад. Воқеан ҳаққи ҳаёт арзиши табиӣ буда, ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад касеро аз он маҳрум созад.
Аз ин хотир, Сарвари давлат иброз намуданд, ки ба татбиқи ҷазои қатл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моратория эълон карда шавад ва дастур доданд, ки бо мақсади таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор гурӯҳи корӣ таъсис ёбад ва дар муҳлати кӯтоҳтарин санадҳои зарурӣ омода гарданд.
Ҳамин тавр, тибқи таъйиноти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 30-юми апрели соли 2004 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боздоштани татбиқи қатл»-ро 2-юми июни соли 2004 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва онро 8-уми июли соли 2004 Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ кард. Сипас, 15-уми июли соли 2004 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.
Сарвари давалат дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми апрели соли 2007 эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонро яке аз самтҳои асосии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ эълон карда, бо мақсади пурзӯр намудани фаъолият ва густариши минбаъдаи раванди демократикунонии ҷомеа, инчунин баланд бардоштани сатҳи ҳимояи ҳуқуқи инсон дар мамлакат масъалаи таъсис додани институти миллии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро ба миён гузоштанду зарур донистанд, ки барои таъсиси он тадбирҳои ташкиливу ҳуқуқӣ андешида шаванд.
Дар робита ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25-уми апрели соли 2008 зикр намуданд, ки бо мақсади такмили минбаъдаи механизми ҳифзи ҳуқуқи инсон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон» қабул гардид, ки он заминаҳои ҳуқуқии таъсиси мақоми махсусро дар баланд бардоштани сатҳи ҳимояи ҳуқуқи инсон таъмин мекунад.
Бинобар ин, ҷиҳати тақвият бахшидани кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мусоидат ба риояву эҳтироми онҳо аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат) ва шахсони мансабдори онҳо, роҳбарон, шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, дар Тоҷикистон соли 2009 мақоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъсис дода шуд. Ҳамчунин, Сарвари давлат дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми январи соли 2015 пешниҳод намуданд, ки бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад.
Дар робита ба ин, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» боби 51 (муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон) илова карда шуд. Ҳамин тавр, бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмини эҳтиром, риоя, ҳифз ва пешрафти ҳуқуқу озодиҳои кӯдак соли 2016 институти нав – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.
Бо мақсади таҳкими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсон фаъолият менамояд, ки мақсад аз таъсиси он самаранок ба роҳ мондани ҳаллу фасли масъалаҳои шаҳрвандӣ, бахшиши ҷазо, мукофотҳои давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон ва мониторинги амалишавии муқаррароти санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон мебошад.
Инчунин, бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳо доир ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссия оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ таъсис ёфтааст.
Хулоса, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як Паём «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба меъёрҳои Конститутсияи мамлакат оид ба арзиши олӣ доштани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, татбиқи пайваста ва пайгиронаи онҳо махсус таъкид менамоянд ва ҷиҳати эътирофу эҳтиром ва риояву ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба масъулин дастуру супоришҳои мақсаднок медиҳанд. Ва паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар кишвар мебошанд.
Хулоса, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як Паём «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба меъёрҳои Конститутсияи мамлакат оид ба арзиши олӣ доштани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, татбиқи пайваста ва пайгиронаи онҳо махсус таъкид менамоянд ва ҷиҳати эътирофу эҳтиром ва риояву ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба масъулин дастуру супоришҳои мақсаднок медиҳанд. Ва паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар кишвар мебошанд.
Фирӯз Сайнозимзода,
мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон