Ҷавонон - нерӯи созандаи Ватан

23 Май 2022, Душанбе

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омаданашон барои ҷавонон шароити мусоидро фароҳам оварда, бо нигоҳи дурбинона барои амалигардии аҳдофи созанда, нисбат ба ҷавонон ва ояндаи равшани онҳо тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуданд. Беш аз ҳафтод дар сади аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки ин теъдод ба масъалаи амнияти кишвар ва суботи сиёсӣ вобастагии амиқ дорад.
Барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи кишвар ба ин васила дастгирӣ намудани ҷавонон дар тамоми самтҳои афзалиятноки кишвар аз соли 2004 инҷониб Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” қабул гардид. Баъд аз қабулгардии ин қонун масъулияти ҷавонон бештар гардида, барои рушду тавсеа ва густариши тамоми самтҳои кишвар саҳми бориз гузошта истодаанд. Дар синну соли ҷавонӣ,  инсон ба камол расида  мафкураву тафаккури ӯ аз ҳама ҷиҳат ташаккул ёфта, барои ноил гардидан ба комёбиву пешрафт дар чаҳорчубаи зиндагӣ иродаамон устувор мегардад.  
Маврид ба зикр аст, ки масъалаи ҷавонон ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи давлат ва сиёсати давлатии Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ҳамин аст, ки бо мақсади боз ҳам баланд намудани мавқеи ҷавонон дар ҷомеа соли 2017 ҳамчун “Соли ҷавонон” эълон гардида буд. Ин иқдом бори дигар аз муҳимияти нақши ҷавонон дар ҷомеа ва идомаи сиёсати ҷавонваронаи Роҳбари мамлакат шаҳодат медиҳад.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва ифтихор аз ватандӯстиву ватандорӣ ва ҳифзи марзу буми аҷдодиро яке аз вазифаҳои муқаддаси ҷавонмардонаи насли замони соҳибистиқлолӣ шуморида, изҳор намуда буданд, ки “Маҳз ҷавонони дорои маърифати олӣ ва тафаккури созандаву ахлоқи ҳамида метавонанд пайванди ногусастании наслҳо ва рӯҳи абадзиндаи аҷдодони бофарҳанги хешро, ки ҳанӯз дар замонҳои гузашта соҳиби марказҳои бузурги тамаддун ва доираҳои тавонои илмиву адабӣ буданд, зинда доранд ва асри тиллоии миллати худро эҳё созанд”.
Яке аз ҳадафҳои сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷавонони кишвар рушд додани зиракии сиёсӣ мебошад, ки ба он бақову пойдории Тоҷикистони соҳибистиқлол вобаста аст. Ҷаҳонишавӣ имрӯзҳо ба муҳимтарин масъалаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, ки дар баробари тараққиёти босуръати илму техника пайомадҳои манфиеро ба бор овардааст, ки боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ шудааст.
Қобили тазаккур аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Ҷумуҳурии Тоҷикистон як қатор стратегияҳо, консепсияҳо ва барномаҳои миллие барои ҷавонон роҳандозӣ гардидааст, ки дар ҳаёти ҷавонони кишвар нақши муҳим мебозанд. Маҳз бо таҳияи ин иқдомҳои созанда имрӯз ҷавонон дар тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар фаъолияти босамар намуда истодаанд.
Мо ҷавонони зода ва дастпарвардаи истиқлол ҷавобан ба ин ғамхориҳои беназиру бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқу Ватан ва миллату зодбуми хеш содиқонаю диловарона хизмат намуда, баҳри амнияти сартосарӣ ва дифои марзу бум ва ҳар як порча хоки ин диёри зархез тамоми қувваю бозу ва кӯшишҳои хешро равона месозем.
       
Сардори Раёсати технологияҳои
иттилоотӣ, коммуникатсионӣ, таҳрир ва нашри
Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                  
Салимов Ш.
 
 

Илова кунед