Масъалаҳои асосии ҳуқуқэҷодкунӣ ва техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

15 Июн 2022, Чоршанбе

Ҳуқуқэҷодкунӣ аз ду калимаи мустақилмаъно  иборат буда, мазмуни он эҷоди ҳуқуқро дар қонунгузорӣ дорад. Функсияи асосии ҳуқуқэҷодкунӣ  қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барои дар амал татбиқ намудани онҳо бо роҳи қабули санадҳои зерқонунӣ мебошанд. Дар раванди ҳуқуқэҷодкунӣ бо истифода аз ҳуқуқи ташабусси қонунгузорӣ дар мақоми олии қонунгузорӣ ва намояндагӣ – парламент қонун ва дигар санадҳоии меъёрии ҳуқуқӣ қабул мегарданд, ки онҳо давраҳои ҷонибдорӣ, имзо ва интишор, маҷаллаҳои расмиро гузашта,  пас мавриди амал қарор дода мешаванд. Пайдоиши ҳуқуқэҷодкунӣ аввал аз муносибатҳои ҷамъиятӣ сарчашма гирифта,  амалҳои воқеие, ки дар он ҷо танзим мешаванд бо воситаи ҳуқуқэҷодкунӣ, техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ворид карда мешаванд, ё ин ки қонунҳои нав қабул, ҷонибдорӣ ва пас аз имзо мавриди амал қарор дода мешаванд.  
Аввалин қонунҳои позитивӣ (қонунҳое, ки бо воситаи ҳуқуқэҷодкунӣ қабул, ҷонибдорӣ, имзо, интишор ва дар амал татбиқ мегарданд)  барои танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ Қонуни XII ҷадвал дар Рими Қадим, Кодекси мадании (Напалеон)  Франсия соли 1804 ва ғайра мебошанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳуқуқэҷодкунӣ таҷриба ва таърихи ғанӣ дорад. Барои танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ ба аввалин давлатҳо зарурати ташкили мақоми олии қонунгузорӣ-парламент, ки функсияи ҳуқуқэҷодкуниро дорад, таъсис дода шуд.
Ҷиҳати  мавриди таҳқиқ қарор додани масъала ҳуқуқэҷодкунӣ аз он иборат аст, ки он заминаи аввалини пайдоиши қонунэҷодкунӣ мебошад, ки барои амалӣ гардидани ҳуқуқ ва ҳамчун муқарраррот дар қонунгузорӣ сабт гардидани он ба ҳисоб меравад. Ҳуқуқҳои инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санадҳои қонунгузорӣ татбиқ мешаванд. Масъалаи муҳими ҳуқуқэҷодкунӣ техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ба ҳисоб рафта, тибқи сархати даҳуми моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ – қоидаҳои таҳия, қабул ва ворид намудани тағйиру иловаҳо, тафсир, интишор, мураттабсозӣ, мавриди амал қарор додан, боздоштан ва қатъи амали санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ.
Дар робита бо ин ҳуқуқэҷодкунӣ принсипҳои худро дорад, ки дар муқаррароти моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» зикр шудаанд, ки амалӣ намудани онҳо ҳатмӣ аст. Ҳуқуқэҷодкунӣ ба маънои васеъ фаҳмида шуда, қонунэҷодкунӣ, татбиқи қонун, тафсири қонун ва ғайра аз он сарчашма мегиранд.
Ҳуқуқэҷодкунӣ се вазифаи асосӣ дорад, ки ба онҳо қабул; тағйир ва қатъи амали санади меъёрии ҳуқуқӣ дохил мешаванд, ки тибқи сархати даҳуми моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ – қоидаҳои таҳия, қабул ва ворид намудани тағйиру иловаҳо, тафсир, интишор, мураттабсозӣ, мавриди амал қарор додан, боздоштан ва қатъи амали санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ.
Давраи қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби мақоми олии қонунгузорӣ Маҷлиси Олӣ қабул ва ҷонибдорӣ мегардад, пас аз имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қисми 1 моддаи 62 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати даҳ рўз ба маҷаллаҳои расмӣ интишор шуда, пас аз он амал менамояд. Тибқи сархати ҳаштуми моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ – фаъолияти расмии субъекти ҳуқуқэҷодкунанда оид ба таҳия, қабул, интишор ва қатъи амали санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ. Дар давраи тағйир ба санади меъёрии ҳуқуқӣ бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба он илова, тағйиру иловаҳо, тағйироту илова, тағйир, тағйирот ва ғайра ворид карда мешаванд ва муқарраротҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»  ва мухолифат надоштан  ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ татбиқ ва риоя карда мешаванд. Асосан дар давраи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ муқарраротҳои Боби 5. Техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» татбиқу риоя карда мешаванд. Дар давраи қатъ кардани санади меъёрии ҳуқуқӣ тибқи талаботҳои моддаи 78 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” амали он бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар мақоми олии қонунгузорӣ санади меъёрии ҳуқуқӣ бо рақам ва сана аз эътибор соқит карда мешавад.
Дар ҳуқуқэҷодкунӣ барои таҳияи лоиҳаи қонун ва тарзи ҷобаҷогузории матни он дониши касбии ҳуқуқшиносӣ доштан зарур аст, ё ин ки ба омўзиши он машғул шуда, малакаи худро оид ба он такмил дода, дониши ҳуқуқшиносиро бе ҳуҷҷати тасдиқкунанда аз худ кардан ғайриимкон аст. Истилоҳоти ҳуқуқшиносӣ мавқеъи марказиро дар техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ иҷро менамояд. Дар тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” шарҳ дода шудааст, ки дар амалияи ҳуқуқэҷодкунӣ ду намуди истилоҳот истифода мешаванд: истилоҳҳои умумиистифодашанда ва истилоҳҳои махсус. Яъне ба истилоҳҳои умумиистифодашаванда истилоҳҳое  мебошанд, ки ба таври умумӣ дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ифода гардида, ҳама новобаста аз маълумотнокӣ онро дарк карда метавонанд. Истилоҳи махсус бошад ба ду гурўҳ ҷудо гардида, онҳо ҳуқуқӣ ва ғайриҳуқуқӣ мебошанд. Ба истилоҳоти ҳуқуқӣ он калимаҳои дахлдоре мебошанд, ки танҳо ба илми ҳуқуқшиносӣ иртибот доранд, ба истилоҳоти ғайриҳуқуқӣ бошанд, калимаҳои дахлдоре, ки ба дигар ихтисосҳои илмӣ иртибот доранд.
Ҳуқуқэҷодкунӣ мазмуни васеи қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дошта, қонунэҷодкунӣ ба маънои маҳдуд фаҳмида шуда, танҳо раванди қабули қонунро дар бар мегирад ва техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ тарзи ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба қонунгузориро ифода менамояд. Қонунэҷодкунӣ бо истифода аз ҳуқуқи ташабусси қонунгузорӣ тибқи муқаррароти моддаи 58 Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешавад. Қонунэҷодкунӣ муаллиф надорад ва мувофиқи талаботҳои муқарраршудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, давраҳои зеринро дар бар мегирад:
1) ташабусси қонунгузорӣ;
2) ҷамъ кардани хулосаҳо оид ба лоиҳаи қонун дар Маҷлиси намояндагон;
3) дар ҷаласа муҳокима кардани лоиҳаи қонун дар асоси хулосаҳо дар Маҷлиси намояндагон;
4) ба овоз мондани лоиҳаи қонун ва қабули он дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон;
5) ҷонибдории қонун дар ҷаласаи Маҷлиси миллӣ;
6) имзои қонун аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
7) интишори қонун дар рўзномаву маҷаллаҳои расмӣ;
8) амали қонун дар вақт, ҳудуд ва фазои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳуқуқэҷодкунӣ маҳсули зеҳнию эҷодии инсон буда, барои танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар рафти қонунэҷодкунӣ, техники ҳуқуқэҷодкунӣ дар қонунгузорӣ ифода мегардад ва дар амал бо воситаҳои мақомотҳои ваколатдори давлатӣ татбиқ карда мешавад. Дар рафти қонунэҷодкунӣ ва техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ саҳеҳ мегарданд, зеро муносибатҳои ҷамъиятӣ тағйирёбанда буда, бояд бо гузаштани вақт ва дигар шудани муносибатҳои ҷамъиятӣ қонунгузорӣ ҳатман бояд такмил дода шавад. Тибқи моддаи 9 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад.».
    Масъалаи асосӣ дар ҳуқуқэҷодкунӣ, техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ буда таҳияи лоиҳаи қонун ва бо тартиби техникӣ ба он ворид намудани тағйиру иловаҳо ҷобаҷогузории меъёрҳо ва бо истифода кардани  калимаҳои ёрирасоне, ки  мутобиқ ба техникаи қонунгузорӣ мебошанд, ба таври васеъ дар омода кардани лоиҳаи қонун ифода карад мешаванд, ки онҳо чунинанд: “калима”, калимаҳо”, “рақам”, “рақамҳо”, “илова карда шавад”, “илова карда шаванд”, “тағйир дода шавад”, “тағйир дода шаванд”, “дар таҳрири зерин ифода карда шавад”, “дар таҳрири зерин ифода карда шаванд”, “ҳисобида шавад”, “ҳисобида шаванд”, “хориҷ карда шавад”, “хориҷ карда шаванд”, ва ғайра мебошанд. Ба калимаҳои ёрирасони техникии мазкур вобаста ба шакли танҳо ва ҷамъ ифода ёфтани онҳо дар матни лоиҳаи қонун бо дар бар гирифтани меъёрҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ифода карда мешаванд. Калимаҳои ёрирасони техникие, ки барои таҳия кардани лоиҳаи қонун ифода мешаванд, ба меъёри он иртибот надошта, онҳо танҳо вазифаи тарзи дурусти ҷобаҷогузории техникаи қонунгузориро амалӣ менамоянд. Техникаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санади меъёрии ҳуқуқӣ тибқи таркиби санади қонунгузорӣ татбиқ шуда, дар қонунгузорие, ки меъёрҳои манъкунандаро доро мебошанд,  калимаҳои “дар диспозитсияи” ва “дар санксияи” низ ифода карда мешаванд. Меъёрҳои қонун муқаррарот ифода шудани онҳо дар лоиҳаи қонун дуруст аст.
Мураттабсозӣ дар ҳуқуқэҷодкунӣ вазифаи хотимавии қабул, тағйир ва аз эътибор соқит донистани қонунро дар бар мегирад. Бо роҳи мураттабсозӣ дар маҷаллаҳои расмӣ ва ҳомили электронии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вазифаҳои дар боло номбаршуда амалӣ карда мешаванд. Дар моддаи 92 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” Мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки дар ҳуқуқэҷодкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоир Зокирзода, халқи Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдор, ки ҳуқуқи амалӣ намудани фаъолияти ҳуқуқэҷодкуниро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доранд, беназир буда, барои насли оянда фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии имрўза ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар пеш истода, ҳамчун сарчашма мавриди истифода қарор дода мешавад, ки ин боиси ифтихор аст.
Зикр кардан зарур аст, ки техникаи хуқуқэҷодкунӣ барои идоракунии сохтори давлатдорӣ муҳим буда, танзими муносибатҳои ҷамъиятиро бо воситаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар бар мегирад. Техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ба илми ҳуқуқшиносӣ иртибот дорад. Бинобар сабаби ихтисоси ҳуқуқшиносӣ муносибатҳои васеи ҷамъиятии ҳуқуқиро танзим кардани он ба соҳаҳо тақсим шудаанд: назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи маданӣ, ҳуқуқи ҷиноятӣ, ҳуқуқи конститутсионӣ, ҳуқуқи соҳибкорӣ ва ғайра аз мисоли он мебошанд. Яке аз масъалаҳои рисолаҳои илмӣ дар илми ҳуқуқшиносӣ таҳқиқот оид ба истилоҳоти ҳуқуқӣ буда, вазифаи асосии он таклифҳои асоснок пешниҳод кардан ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ дар тамоми марҳилаҳои таърихии ҳуқуқӣ вуҷуд дошт, бинобар ин як шохаи мустақили таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ҳокимияти қонунгузорӣ ба ҳисоб меравад ва дигар шохаҳои ҳокимияти давлатӣ муносибатҳои ҳуқуқии онҳо ба воситаи он танзим мешаванд.
 
Ғаюрзода Баҳрулло Шукрулло –
мутахассиси Раёсати ҳуқуқи              
Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Илова кунед