Пешвои миллат – наҷотбахши давлату миллат
14 Ноябр 2022, Душанбе30 сол муқаддам дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯйдоди сарнавиштсозу тақдирсозе ба вуқуъ пайваст, ки он дар пойдории сулҳу субот, таъмини Истиқлолияти давлатӣ, мустаҳкам намудани заминаҳои ҳуқуқии давлат, таҳкими сохти конститутсионӣ, таъмини қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва рушди кишвари азизамон нақши муҳимму арзишманд бозид.
16-уми ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум дар давраи басо мушкил ва вазъияти душвори сиёсии ҷомеа оғоз ёфт. Дар он лаҳзаҳо дар минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ, бахусус пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе вазъи мураккаби сиёсӣ ҳукмрон буд. Аз ин рӯ, иҷлосияи мазкур дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд, ки минтақаи нисбатан ороми кишвар буд, баргузор гардид.
19-уми ноябри соли 1992 дар иҷлосияи зикршуда фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд ва сокинони мамлакат дар шахсияти ин абармард наҷотбахши давлату миллатро пайдо намуданд. Дар он вазъи мураккаби сиёсӣ мардуми Тоҷикистон ба роҳбари кордону ботадбир, ватандӯсту миллатдӯст, дурандешу олиҳиммат, хайрхоҳу хирадманд ва ғаюру далер ниёз дошт.
12-уми декабри ҳамон сол Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон чунин гуфтанд: «тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
Ҳамчунин, 1-уми июни соли 1993 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муроҷиатномаи телевизионӣ бо таваҷҷуҳи хосса ба фирориён рӯ оварда, аз онҳо даъват ба амал оварданд: «Ба Ватан баргардед. Аммо мо ба шумо кӯҳи тилло ваъда намекунем. Ҳамин қадар мегӯем, ки як бурида ноне, ки дорем, якҷоя мехӯрем, як қатра обе, ки дорем, якҷоя менӯшем. Паҳлуи ҳамдигар истода, Ватани вайроншудаамонро обод мекунем, иқтисоди харобгаштаамонро барқарор менамоем. Ватан бе шумо холист, аммо донед, ки шумо ҳам бе Ватан пурра нестед. Халқи азизам, падару модарон, хоҳару бародарон ва фарзандон! Шуморо хонаатон, заминатон, боғатон, мактабатон интизор аст! Шумо тоҷику тоҷикистониед, Тоҷикистон шуморо интизор аст». Ҳамин тавр, дар заминаи чунин муроҷиати самимиву саршор аз меҳру муҳаббат нисбат ба халқи шарифи Тоҷикистон, дар кӯтоҳтарин муҳлат тақрибан як миллион мардуми гурезаву сарсон ба Ватани аҷдодии худ баргаштанд ва онҳо аз ҳаёти осудаву осоишта бархурдор гардиданд.
Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ бо тадбирҳои дурандешонаву хирадмандона ва матонату ҷасорати хеш дар дилу дидаи сокинони мамлакат ҷой гирифтанд, дар Тоҷикистон сулҳи комилро барқарор намуданд, кишварро аз вартаи таназзул ва маҳвшавӣ раҳо бахшиданд ва собит намуданд, ки халқи кӯҳанбунёди тоҷик дар интихоби Пешвои миллат саҳв накардааст.
Мавриди ёдоварист, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар мамлакат, тамоми сохторҳои ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии онро фалаҷ гардонида, он замон Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона мақоми олии салоҳиятдор ва дорои ваколати конститутсионӣ буд. Дар робита бо ин, дар давраи басо мураккабу мушкили сиёсӣ қарорҳои Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдири минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ҳал мекарданд. Аз ин рӯ, мардуми Тоҷикистон хостори он буданд, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ҳарчи зудтар баргузор гардад ва низоми конститусиониро дар мамлакат барқарор созад.
Қарорҳои Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихӣ ва ҳар яке аз онҳо дар андешаву тафаккур ва ғояву ақидаҳои ҳар сокини мамлакат нақши муҳим бозиданд. Мардуми шарафманди Тоҷикистонро дар атрофи Сардори давлат муттаҳид намуда, ба созандагиву бунёдкорӣ раҳнамун сохтанд. Аз ҳама муҳим он буд, ки ин иҷлосияи тақдирсоз заминаи низоми нави давлатдории Тоҷикистонро чун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ гузошт ва он баъдан дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6-уми ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, инъикоси пурраи худро ёфт.
Бо шарофати баргузории ин иҷлосия сохти конститутсионии мамлакат барқарор гардида, фаъолияти сохторҳои фалаҷгардидаи кишвар аз нав ба роҳ монда шуданд. Роҳҳои муайяну мушаххаснамудаи Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати дурандешонаву хирадмандона ва ботадбиронаву суботкоронаи Роҳбари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаву иҷтимоӣ мешиносад ва эътироф менамояд.
Қобили зикри хос аст, ки маҳз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, эъмори низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, бунёди ҷомеаи адолатпарвар саҳми беназир ва нақши арзанда гузошта, дар рушди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон хизматҳои бузургу арзишманд намуданд.
Хизматҳои пураризшу қаҳрамононаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11-уми декабри соли 1999, №923 бо унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» (14-уми ноябри соли 2016, №1356) қабул карда шуд, ки ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътироф гардиданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.
Ҳамин тавр, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлату давлатдории миллии мо нақши таърихӣ ва муҳимму тақдирсози худро гузошт. Аз ин лиҳоз, дар вазъияти зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ҳар яки моро зарур аст, ки барои ҳифзи Ватан, манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва амнияти кишвар ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошем ва дар атрофи Пешвои муаззами миллат муттаҳид гашта, ба халқу Ватан содиқонаву садоқатмандона хизмат намоем.
Фирӯз Сайнозимзода,
мушовири калони Кумитаи Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон