Ҳизби ҷавонпарвари миллат
10 Декабр 2022, Шанбе

“...ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат, хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳ, ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо маҳсуб меёбад.” Ин сатрҳои равшану возеҳи таърихиро аз Паёми солонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқтибос овардем.
Воқеан, дар ҷомеаи кунунӣ зимни пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, нерӯи муҳими пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин намояд.
Маҳз, пеш аз ҳама дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати кишвар мо ҷавононро рӯҳбаланд ва ба оянда дилгарм месозад. Натиҷа ҳамин аст, ки талошҳои пайвастаи ҷавонони имрузаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумӯи кишвари азизамон бовар бар он месозад, ки ҷавонони мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд.
Бо ҳамин ҳадаф Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии худ ба масъалаи ҷавонон аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамояд. Дар ин радиф яке аз самтҳои асосии барномаи ҳизбро масъалаи кор бо ҷавонон ташкил медиҳад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷавононро ҳамчун ояндаи давлату миллат эътироф намуда, нерӯи тавоно, созанда ва ташаббусҳои онҳоро ҷонибдорӣ ва ҷиҳати амалӣ шудани иқдомҳои бунёдкоронаи ҷавонон пуштибонӣ менамояд. Барои мову шумо возеҳу равшан аст, ки аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон масъулияти худро барои ободии имрӯзу фардои Ватану миллат, тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва таъмини зиндагии шоистаи ҷомеа ба хубӣ дарк намуда, баён доштааст, ки самти ҳаракати мо бунёди давлати босубот ва аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта маҳсуб меёбад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба майдонии сиёсии кишвар қадам ниҳодан, сиёсати ҷавонпарваронаро рӯи даст гирифта, ҷавонони оқилу дурандешро дар сафи ин ҳизби сиёсӣ муттаҳид намуд. Бо ҳамин мақсад ва дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри тарғибу ташвиқи ғояҳои созандаи ҳизб, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии ҷавонони мамлакат, муқовимат ва пешгирӣ аз интишори ақидаҳои ифротӣ ва ҷалби ҷавонон ба бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар назди Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон санаи 27 – уми июли соли 2011 Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон - "Созандагони Ватан" таъсис дода шуд. Тавре маълум аст, мақсадҳои асосии фаъолияти Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” пеш аз ҳама иштирок дар ҳаёти иҷтимоию сиёсии ҷомеа, дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва тарғибу ташвиқи онҳо, ҷалби бештари ҷавонон ба корҳои созандагӣ, фароҳам овардани шароити иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ, инчунин инкишофи ҳамаҷонибаи ҷавонон, баланд бардоштани донишҳои ақлониву зеҳнӣ ва ҷисмонии ҷавонон, ҷалби бештари онҳо дар идораи давлатӣ, корҳои ҳизбӣ ва маъракаҳои сиёсӣ, дастгирии барномаҳои пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва номзадҳои пешбарикардаи он дар интихоботҳо, татбиқи тарбияи ифтихори ватандориву ватандӯстӣ, ҳидояти ҷавонон ба ояндаи ободу осудаи кишвар ва татбиқи дигар амалҳо, ки ба қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд, маҳсуб меёбанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар доираи назарияҳои илмӣ ҷавонон ин гурӯҳи калони иҷтимоӣ - демографӣ буда, нишонаҳои иттиҳоди ҷамъиятиро ба худ гирифта, сифати иҷтимоӣ - психологӣ, иҷтимоӣ - фарҳангӣ ва дигар хусусиятҳо, аз ҷумла тарзи ҳаётро доро буда, раванди иҷтимоишавиро аз сар мегузаронанд ва дар таносуб бо талаботи замон бояд офаранда ё асосгузори ҳақиқати маданӣ ва ҷамъиятӣ бошанд. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» чунин омадааст:
«ҷавонон гурӯҳи иҷтимоӣ - демографиест, ки шахсони синни аз 14 то 30 -соларо фаро мегиранд». Ҷавонон дар ин марҳилаи умри худ заминаҳои дастовардҳои шахсии минбаъдаи худро мегузоранд ё дар ин ё он соҳа ба дастовардҳо ноил мегарданд. Дар ин давра онҳо арзишу меъёрҳо ва урфу одату анъанаҳои иҷтимоиро пурра дарк намуда, кӯшиш менамоянд рафторашонро ба он мувофиқ гардонанд. Бо пешрафту инкишофи саноат ва воситаҳои коммуникатсионӣ давраи ҷавонии умри инсон бо давраи камолот омехта шуда истодааст. Сотсиолог Бернис Нойгартен назарияи
«Ҷамъият новобаста аз синну сол» - ро кор карда мебарояд, ки мувофиқи он меъёрҳои алоҳидаи синусолӣ вуҷуд надоранд, зеро дар синни 28 - раиси шаҳр, синни 30 – идоракунандаи бонк, 37 - солагӣ бибӣ, 65 - солагӣ падар ва 70 - солагӣ донишҷӯ шудан дигар ҳодисаи нодир нест.
Омӯзиши мушкилиҳои ҷавонон ба инкишофи илми нав – ювенология (ҷавоншиносӣ) асос гузошт, ки предмети омӯзиши он ҷавонон мебошанд. Масалан зиндагии одами ҷавонро дар илмҳои алоҳида ба се марҳилаи асосӣ тақсим менамоянд:
- Марҳилаи аввал ё марҳилаи ҷустуҷӯӣ, ки дар он инсон кӣ будани худ, кадом касбу ихтисосро интихоб намудан ва дар куҷо амалӣ гардонидани қобилияти худро муайян менамояд;
- Дар марҳилаи дуюм инсон ба ҷамъият ворид мешавад. Фаъолияти касбии ҷавонон (писарону духтарон) дар ҳама соҳаҳо: истеҳсолот, илм, маданият ва дигар соҳаҳо оғоз мегардад;
- Дар марҳилаи сеюм фаъолияти пурҷидду ҷаҳди эҷодии инсон шурӯъ шуда, сотсиализатсия (иҷтимоишавӣ) - и марҳилаи ибтидоии ӯ ба итмом мерасад;
Ба ақидаи сотсиолог К. Манхейм ҷавонони асри XXI табиати на прогрессивӣ ва на кӯҳнапарастона (консервативона) доранд, онҳо - иқтидор (потенциал) ҳастанд, ба ҳамагуна тағйиротҳо тайёранд.
Ҷавонӣ ҳамқирони вожаи шуҷоатмандӣ, зебоӣ ва матонат мебошад. Оре, овони ҷавонӣ беҳтарин ва зеботарин айёми умр аст, ки роҳи ояндаи дурахшони ҳар фардро имтиёз медиҳад. Яъне дар доираи сиёсати давлатии ҷавонон тайи солҳои охир ин қишри созандаи мамлакат низ дар ҷодаи сиёсат қадамҳои устувор гузошта, дар таҳкими суботу оромӣ ва пешрафти давлат нақши калидиро касб намуданд. Ин буд, ки соли 2017 “Соли ҷавонон” эълон гардид ва ин тасмим нишони баланди сиёсати ҷавонпарваронаи Роҳбари кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар собит намуд. Дар тӯли ин солҳо Ҳукумати ҷумҳурӣ барои татбиқи “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020”, “Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон” ва дигар барномаҳои соҳавӣ миллионҳо сомонӣ равона кардааст.
Ба ҳамин хотир, мо ҷавонон метавонем бо нерӯи созандаи худ ҳаёти халқ, ватан ва миллати худро бо навовариҳо ва эҷодкориҳои ба талоботи замон ҷавобгӯ мунаввар созем. Маҳз пешравии Тоҷикистон, ки қисми зиёди аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд аз маҳорату кордонӣ ва малакаи фикрии ҷавонон вобаста аст. Агар ҳисси ифтихори миллӣ ва меҳандӯстӣ дар замири ҷавонони мо ҷӯш занад, якдигарфаҳмиву эҳтироми якдигарро ба ҷо орем, фарҳанги мо ҷавонон рушд намуда, ба ин васила имкон даст меёбем, ки назарияи хешро дар амал татбиқ намоем.
Мо ҷавонон – Созандагони Ватан ҳамчун пайравони воқеии роҳи ҳидоятнамудаи Пешвои миллат ҳастии худро барои таҳким ва рушди Истиқлолияти давлатӣ бахшида, саҳми худро дар шукуфоиву пешрафти ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол мегузорем.
Сангов Шарафҷон
сармутахассиси шуъбаи матбуоти
Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон