Парламент ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар Маҷлиси Олӣ

17 Ноябр 2021, Чоршанбе

Парламент барои идоракунии сохтори давлатӣ нақши ҳокимияти қонунгузориро иҷро менамояд. Дар Парламент вакилон бо овоздиҳии умумихалқӣ қабул мешаванд ва дар муддати муқарраршуда ваколатҳои худро татбиқ мекунанд. Дар таърихи пайдоиши аввалин давлатҳо дар Парламент масъалаҳои муҳими давлатӣ ҳал мешуд ва ин таҷрибаи бисёрасра то имрўз давом дорад.

Таърихи қабул, тасдиқ ва  кадификатсия санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз Рими Қадим сарчашма мегирад. Парламент аз калимаҳои лотинии senatus, parlamentum гирифта шуда, маънои мақоми олии қонунгузории давлатиро дорад. Сабаби қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ин ба як тартиби дуруст ба роҳ мондани зиндагии инсон мебошад. Ихтисоси ҳуқуқшиносӣ барои қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нақши муҳимро иҷро менамояд. Чунки ихтисоси ҳуқуқшиносӣбарои омўхтани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамчун илм хизмат менамояд. Дар Рими Қадим аввалин маротиба барои кадификатсияи санадҳои меъёри ҳуқуқӣ ҳуқуқшиносони машҳур ба монанди Гай, Улпиан ва ғайраро  ҷалб карда буданд ва саҳми онҳо барои татбиқ кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нақши калонро дорад.

Парламент бо калимаи англисӣ parliament  ва франсузии parlement,parler баён карданро ифода менамояд. Парламент мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузорӣ буда, мақоми таҷзияи ҳокимияти давлатӣ мебошад.

Сенат (лотинӣ senatus, senex-куҳансол) дар Рими Қадим яке аз мақомотҳои Олии давлатӣ ба ҳисоб мерафт. Аз Шўрои ашрофон дар охири давраи шоҳӣ (тахминан асри VI пеш аз мелод) ҳамчун Шўрои давлатӣ дар назди шоҳ  ба вуҷуд омад. Дар давраи ҷумҳурӣ дар раванди муборизаи табақаҳо дар асрҳои V-III пеш аз мелод, яъне муборизаи ашрофзодаҳо бо плебейҳо (халқи оддӣ) ҳокимияти сенат маҳдуд гардид. Дар асрҳои III-I пеш аз мелод Сенат ҳуқуқи баррасии қонунҳо, ки ба овоздиҳии комиссияҳо пешниҳод мешуданд, аз он ҷумла роҳбарии Олии қувваҳои ҳарбӣ, сиёсати хориҷӣ, молия, амволи давлатӣ, назорати динӣ, эълон намудани вазъияти фавқулода ва ғайраро дошт. Асосгузори шаҳри Рим Ромул мебошад, ки   соли 753 шоҳи Рим буд ва давлати Римро асос гузошт. Дар давраи ҳукмронии ў Сенатташкил карда шуда буд, ки дар аввал дар ҳайати он 100 нафар шомил буда, ба табақаи patricius-ашрофзодаҳо ва plebs-халқи оддӣ ҷудо карда шуда буд.Сенат дар замони ҳозира нақши палатаи болоии Парламентро иҷро менамояд.

Дар Исландия мақоми олии қонугузор Парламент аз соли 930 амал мекард, ки аз 63 вакил иборат буд. Яке аз қадимтарин Парламент дар ҷазираи Мэн дар шаҳри Дуглас аз соли 979 амал мекард, ки аз 35 вакил иборат буд.

Англия ватани парламентаризми муосир ба ҳисоб меравад. Намунаи Парламенти муосир дар асри XIII дар Англия таъсис ёфта буд. Дар вақти ҳукумронии Шоҳ Иоанн дар соли 1213,ў маҷбур буд, ки ба «Хартияи бузурги  озодӣ» бо забони лотинӣ «MagnaChartaLibertatum» имзо гузорад. Мувофиқи ин ҳуҷҷат шоҳ ҳуқуқ надошт, андозҳои навро бе розигии шўрои шоҳӣ қабул намояд. Британияи Кабир аввалин давлате мебошад, ки Парламенти он тамоми ҳокимиятро бо пуррагӣ қабул карда буд.

 Дар Империяи Рус Сенат мақоми олии идоракунӣ буда, бо фармони Пётри як 22-феврали соли 1711 таъсис дода шуд. Оғоз аз асри 19 мақоми олии судӣ ва назоратӣ шуд. Аз аввал ҳамчун коллегияи муваққатӣ барои идораи давлат дар ҳолати ғоиб будани шоҳ, ки ҷойи Думаи бояриро гирифт, фаъолият мекард.

Миллати тоҷик дар Осиёи Марказӣ миллати қадимтарин ба ҳисоб меравад. Дар Иттиҳоди шўравӣ аз соли 1924 аввал ҳамчун ҷумҳурии автономии Тоҷикистон ва аз соли 1929 ҷумҳурии мустақили РСС Тоҷикистон ташаккул ёфт. Аз соли 1924 то 2021 ташаккулёбии РСС Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол 97 сол сипарӣ мешавад. Дар соли 2024 бошад, ба ташаккулёбии РСС Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ 100 сол яъне 1 аср сипарӣ мешавад.

Дар Съезди I Умумииттифоқии Советҳо(Парламент) дар санаи 30 декабри соли 1922, Декларатсия ва Созишнома оид ба таъсиси давлати нав бо номи ИҶШС (Иттиҳоди ҷумҳуриҳои Шўравии сотсиалистӣ) тасдиқ шуда буд, ки дар ҳайати он 4 давлат шомил буд. Аз соли 1922 то соли 1936 ҳамагӣ ҳашт Съезди Умумииттифоқии Советҳо гузаронида шудааст. Дар Съезди VI-уми Умумииттифоқии Советҳо соли 1931 РСС Тоҷикистон таъсис ёфт ва ба ҳайати Иттиҳоди Шўравӣ шомил гардида буд. Дар  Съезди VIII –уми Умумииттифоқии Советҳо соли 1936 Конститутсияи Иттиҳоди Шуравӣ тасдиқ гардид, ки тибқи муқаррароти он мақоми ҳокимияти давлатӣ ва қонунгузорӣ Шўрои Олии ИҶШС (Парламент) буд.

Мавариди қайд бояд донист, ки дар РСС Тоҷикистон Парламент- Шўрои Олии РСС Тоҷикистонтаъсис ёфта, фаъолият мекард. Шўрои Олии РСС Тоҷикистон аз соли 1937 то соли 1994 амал мекард. Аввалин даъват аз 13 июли соли 1938 то 8 августи 1946 давом кардааст. Дар маҷмўъ 12 даъват гузаронида шудааст, ки охирон даъват аз 29 марти 1990 то 6 декабри соли 1994 –ро дар бар мегирад ва се соли он дар давраи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намудааст.Ҳамин тавр, аз соли 1937 то соли 2021 ба ташаккулёбии Парламент дар РСС Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 84 сол сипарӣ шудааст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи истиқлолияти давлатӣ 6-ноябри соли 1994 дар Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  (Парламент) қабул гардид, ки аз 10 боб ва 100 модда иборат аст. Дар давраи солҳои 1995 то 2021 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон V даъват гузашт ва даъвати VI аз соли 2020 амал карда истодааст. Дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурўъ аз соли 1995 қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз сифр оғоз карда гардид. Дар ин давра 3- маротиба бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Бояд тазаккур дод, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ворид карда мешаванд. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боби 3 ба Маҷлиси Олӣ бахшида шудааст, ки аз моддаи 48 то моддаи 63-ро дарбар мегирад ва дар маҷмўъ аз 16 модда иборат мебошад.

Агар ба таърихи давлатдории ҷумҳурии азизамон назар афканем,  рўзи 24 августи соли 1990 «Эъломияи истиқлоли Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати ИҶШС» дар иҷлосияи дуюми Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон қабул гардида буд. Шўрои Олии ҶумҳурииТоҷикистон 9 сентябри соли 1991 «Дар бораи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул карда буд.Мувофиқи Қарори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991, шаҳри Душанбе №392 дар қисми 4-и Қарори мазкур муқаррароти зерин оварда шудааст “ Рўзи эълон гардидани истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 иди миллӣ ва рўзи ид эълон шавад”.

Тибқи Қарори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 1991, шаҳри Душанбе № 378 дар қисми 1 Қарори мазкур муқаррароти зерин оварда шудааст: “Ҷумҳурии Шўравии Социалистии Тоҷикистон минбаъд Ҷумҳурии Тоҷикистон номида мешавад”. Дар қисми 2 Қарори зикршуда ба таври зерин навишта шудааст “Мувофиқи моддаи 1 ҳамин Қонун дар Конституцияи (Қонуни Асосии) ҶШС Тоҷикистон номи – «ҶШС Тоҷикистон» бо «Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шавад”.

Тавре аз сарчашмаҳои таърихи бармеояд, дар Рими Қадим аввалин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муносибатҳои ҳуқуқи маданӣ (civil law) ва дигар муносибатҳои ҳуқуқиро танзим мекарданд. Кодекси маданӣ  бо забони лотинӣ «civil code»-ро ифода мекунад.Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кодекси маданӣ бо номи Кодекси гражданӣ амал менамояд. Кодекси маданӣ таърихи қадим дошта, аз Рими Қадим сарчашма мегирад. Ба ақидаи муаллиф номи Кодекси гражданӣ нодуруст мебошад, зеро калимаи «граждан» калимаи забони русӣ буда, фаҳмиши шаҳрвандро дорад, калимаи «маданӣ» ба калимаи лотинии «civil» мувофиқ аст, ки аз Рими Қадим асос мегирад, дуруст аст. Истифода кардани Кодекси маданӣ бо забони русӣ Цивильный кодекс дуруст аст. Дар давлати Украина Кодекси мадании онҳо бо номи Цивильный кодекс қабул карда шудааст ва амал менамояд.[1]

Зарур ба ёдоварист, ки дар  Маҷлиси Олӣ–Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори ҷуҳурӣ дар давраи истиқлолияти давлатӣ аз 9 сентябри соли 1991 то соли 2021 ҳамагӣ 17-қонуни конститутсионӣ, 23- кодексҳо ва 377-қонунҳо, дар маҷмўъ 417 санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул карда шудаанд.

Ҳуҷҷати муҳими қонунгузорӣ -Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» буда, аз 12 боб ва 96 модда иборат аст. Барои қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар Маҷлиси Олӣ -Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботҳои Қонуни мазкур риоя карда мешаванд.

Дар муқаррароти моддаи 48 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

чунин омадааст:

Маҷлиси Олӣ–парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Маҷлиси Олӣ аз ду Маҷлис – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст.

Муҳлати ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон 5 сол аст. Ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар рўзи оғози фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони даъвати нав қатъ мегардад.

Ташкил ва фаъолияти Маҷлиси Олиро қонуни конститутсионӣ танзим мекунад.

Дар қисмҳои 2 ва 3 моддаи 2 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аъзои Маҷлиси миллӣ ва шумораи вакилони Маҷлиси намояндагон дар муқаррароти зерин бо чунин тарз навишта шудааст:

Маҷлиси миллӣ аз 33 аъзо иборат буда, аз ҷумла 25 аъзои он ба таври ғайримустақим дар маҷлисҳои якҷояи вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои онҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (якҷоя) бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мегарданд. Дар Маҷлиси миллӣ Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрхо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ намояндагони баробар доранд. 8 нафар аъзои Маҷлиси миллиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мекунад. Ҳар Президенти собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон узви якумраи Маҷлиси миллӣ мебошад, агар  ў аз истифодаи ин ҳуқуқ даст накашад. Фаъолияти Маҷлиси миллӣ даъватӣ мебошад.

Маҷлиси намояндагон аз 63 вакил иборат аст, ки онҳо дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб карда мешаванд. Маҷлиси намояндагон доимоамалкунанда ва касбӣ мебошад.

Дар муқаррароти моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ бо тартиби зерин муайян шудааст:

Аъзои Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд.

Тибқи қисми 2 моддаи 54 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” шакли пешниҳоди ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ навишта шудааст:

Ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар шакли пешниҳоди лоиҳаи қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи қонун дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё аз эътибор соқит донистани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дар шакли пешниҳоди хаттӣ дар бораи қабул кардани қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни ҶумҳурииТоҷикистон (таклифҳои қонунгузорӣ) амалӣ карда мешавад.

Тибқи қисми 4 моддаи 56 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷиҳати баррасии лоиҳаи қонунҳо ва таклифҳои қонунгузорӣ ба Маҷлиси намояндагон воридшуда навишта шудааст:

Лоиҳаи қонунҳо ва таклифҳои қонунгузории ба Маҷлиси намояндагон воридшударо Шўрои Маҷлиси намояндагон ба кумитаю комиссияҳои дахлдор ё дигар мақомот барои муҳокимаи пешакӣ, пешниҳоди хулоса ва таҳияи масъала ҷиҳати баррасӣ ба ҷаласаи Маxлиси намояндагон мефиристад.

Мувофиқи моддаи 59 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тарзи пешниҳоди лоиҳаи қонунҳо пешбинӣ гардидааст:

Лоиҳаи қонунҳо ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мешаванд.

Лоиҳаи қонун дар бораи авф аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мешавад.

Лоиҳаи Қонун дар бораи буҷет, оид ба муқаррар кардан ва бекор кардани андозҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мешавад.

Мувофиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тарзи қабули қонунҳо аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз тарафи Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ карда мешаванд, ба истиснои қонунҳо дар бораи буҷет ва авф муқаррар гардидааст:

Қонунҳоро Маҷлиси намояндагон қабул менамояд. Қонун бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилон қабул мегардад, агар тартиби дигарро Конститутсия муқаррар накарда бошад.

Қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон қабул намудааст ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод мешаванд, ба истиснои қонунҳо дар бораи буҷети давлатӣ ва авф.

Маҷлиси миллӣ қонунро бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои худ ҷонибдорӣ мекунад. Дар мавриди дастгирӣ наёфтани қонун аз ҷониби  Маҷлиси миллӣ қонун такроран дар Маҷлиси намояндагон баррасӣ мешавад.

Дар сурати бо қарори Маҷлиси миллӣ норозӣ будани Маҷлиси намояндагон, қонун ҳамон вақт қабулшуда ҳисоб мешавад, ки агар Маҷлиси намояндагон онро такроран бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилон тасдиқ намояд.

Қонунҳо дар бораи буҷети давлатӣ ва авф танҳо аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул карда мешаванд. Маҷлиси намояндагон иҷрои буҷети давлатиро назорат мекунад.

Тибқи моддаи 9 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти давлатиро ба 3 ҳокимият тақсим карда шудааст, ки ҳокимияти қонунгузор аз аввал навишта  шудааст:

Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад.

Тибқи моддаи 58 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии зайлро қабул менамояд:

Маҷлиси намояндагон ҳокимияти қонунгузориро амалӣ намуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии зеринро қабул мекунад:

- қонунҳои конститутсионӣ;

- кодексҳо;

- қонунҳо;

- қарорҳо.

Мувофиқи моддаи 61 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тарзи қабули қонунҳои конститутсионӣ муқаррар карда шудааст:

Қонунҳои конститутсионӣ оид ба масъалаҳое қабул мешаванд, ки Конститутсия муайян намудааст. Қонунҳои конститутсионӣ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабул мегарданд ва Маҷлиси миллӣ бо тарафдории на камтар аз  се ду ҳиссаи аъзои худ ҷонибдорӣ мекунад.

Дар сурати бо Қарори Маҷлиси миллӣ норозӣ будани Маҷлиси намояндагон, қонуни конститутсионӣ ҳамон вақт қабулшуда ҳисоб мешавад, ки агар Маҷлиси намояндагон онро такроран бо тарафдории на камтар аз чор се ҳиссаи шумораи умумии вакилон тасдиқ намояд.

Тафсири Конститутсияро тибқи тартиби мазкур Маҷлиси намояндагон дар шакли қонуни конститутсионӣ қабул намуда, Маҷлиси миллӣ онро ҷонибдорӣ менамояд.

Мувофиқи моддаи 62 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикисон тарзи имзо ва интишор кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо муқарраротҳои зайл оварда шудааст:

Қонунҳо барои имзо ва интишор ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд. Агар Президент ба қонун ё қисми он розӣ набошад, қонунро дар муддати понздаҳ рўз бо далелу эродҳо ба Маҷлиси намояндагон бармегардонад. Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон бо тартиби муқарраркардаи Конститутсия қонуни мазкурро такроран баррасӣ менамоянд. Дар сурати баррасии такрорӣ қонун дар матни пештар қабулшудааш бо аксарияти аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон дастгирӣ ёбад, Президент дар муддати даҳ рўз ба қонун имзо мегузорад ва онро интишор менамояд.

Ҳангоми баррасии қонуни аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонидашуда, ки онро пештар Маҷлиси намояндагон бо аз се ду ҳиссаи овозҳо қабул намуда буд, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон онро такроран бо аксарияти на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳо тарафдорӣ мекунанд.

Агар Президент қонуни конститутсиониро баргардонад, Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ бо тартиби муқарраркардаи Конститутсия қонуни мазкурро такроран баррасӣ менамоянд. Дар сурати баррасии такрорӣ қонуни конститутсионӣ дар матни пештар қабулшудааш бо аксарияти аз чор се ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон тасдиқ шавад, Президент дар муддати даҳ рўз ба қонуни конститутсионӣ имзо мегузорад ва онро интишор менамояд.

Дар муқаррароти моддаи 691 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” нашрияҳои расмии интишоршавандаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон номбар карда шудааст:

       Нашрияҳои расмии Маҷлиси Олӣ рўзномаи «Садои мардум»  ва маҷаллаи «Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошанд.

Оинномаи рўзномаи «Садои мардум» бо қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон тасдиқ карда мешавад.

Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 1991-1995 Ахбори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) – нашрияи мақомоти олии қонунгузори мамлакат, ки соли 1938 таъсис ёфтааст. То сентябри 1991 “Ведомостҳои Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон” ном дошт. Аввал даврӣ нашр мегардид. Аз соли 1946 ҳар моҳ як маротиба (соле 12 шумора) ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ўзбекӣ чоп мешуд. Аз декабри 1999 ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ўзбекӣ чоп мешуд. Аз декабри 1999 ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба табъ мерасад. Дар он қарору қонунҳои Маҷлиси миллии ҶТ, Маҷлиси намояндагони ҶТ, матолиби ҷаласаҳои якҷои ҳар ду палатаи парламенти мамлакат, тафсирҳои муҳимми Суди Олии ҶТ ва Суди Конститутсионии ҶТ, инчунин санадҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ба тасвиб расондааст, чоп мешаванд.[2]

Аз ин лиҳоз, барои ислоҳот ва қабул ва аз эътибор соқит донистани   санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тасдиқ ва бекор кардани созишномаҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузорӣ Маҷлиси Олӣ – Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

Шоистаи ифтихору ибрат аст, ки дар асри XX Қаҳрамонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Эмомалӣ Раҳмон, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур барои ҳамчун давлат дар арсаи байналмилалӣ этироф шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон заҳматҳои зиёд кашидаанд. Дар асри XXI Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди Тоҷикистон тамоми чораҳои зарурии пешрафти давлату давдатдориро андешида истодаанд, кионҳо дар ҳаёти имрўзаи кишвари азизамон татбиқ мегарданд ва дар оянда низ дар ин самт қадамҳои устувор гузошта мешаванд.

Ҳамин тавр, дар асри XXI бо кушишу заҳматҳои шоёни худ миллати тоҷик пояҳои давлатдориро мустаҳкам гардонид, ки дар арсаи ҷаҳон эътирофи умум гардидааст ва он ҷовидона хоҳад монд.

 

 

Баҳрулло Ғаюрзода – Мутахассиси Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Илова кунед