Роҳбарият: Раис ва муовинон
Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонСоли 1985 Донишкадаи забон адабиёти руси ш. Душанбе, соли 2003 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқро бо ихтисоси муалим, ҳуқуқшинос хатм кардааст.
Фаъолияти корӣ:
Солҳои 1985-1986 | Муаллими забон ва адабиёти рус дар мактаби № 41 н. Файзобод. |
Солҳои 1986-1990 | Муалими забон ва адабиёти рус дар мактаби № 41 н. Ҳмадонӣ. |
Солҳои 1990-1992 | Мудири шуъбаи таъминоти ҷамъиятии матлуботи ноҳияи Восеъ. |
Солҳои 1992-2000 |
Корманд, ҷонишини директор, директори корхонаи муштараки “Ховарон” дар назди корхонаи пумбатозакунии ноҳияи Ҳамадонӣ. |
Солҳои 2000-2003 | Мушовири калони Комиссияи Маҷлиси намоядагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. |
Солҳои 2003-2005 | Сармутахассиси шуъбаи мактубҳо ва қабули шаҳрвандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. |
Солҳои 2005-2006 | Ёрдамчии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон. |
Солҳои 2006-2008 | Роҳбари Дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон. |
Солҳои 2008-2011 | Иҷрокунандаи вазифаи Сардори Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. |
Солҳои 2011-2018 |
Муовини Сардори Раёсати хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2018-2020 |
Иҷрокунандаи вазифаи Сардори Раёсати хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон. |
Аз 01.07.2020 то ҳол |
Муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият карда истодааст. |
Оиладор, соҳиби 6 фарзанд.

Муовини роҳбари Дастгоҳ - Сардори Раёсати хоҷагӣ ва хизматрасонӣ
5 октябри соли 1974 дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд дар оилаи хизматчӣ таввалуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ, олӣ.
Солҳои (1991-1996) Донишкадаи тиҷоратии Тоҷикистонро бо ихтисоси «Бухгалтер иқтисоддон» хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси иқтисодчӣ дар Ҷамъияти матлуботи ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд соли 1997 то 2000 оғоз намудааст.
Солҳои 2001-2002 мудири ошхонаи Ҷамъияти саҳомии «Хосият»-и шаҳри Душанбе, буда аз январ то моҳи майи соли 2002 сармутахассиси шӯъбаи кор бо ҷавонони Ҳукумати ноҳияи И. Сомони шаҳри Душанбе кор кардааст.
Солҳои 2002-2004 Котиби масъули комиссияи кор бо ноболиғони назди Ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомони шаҳри Душанбе, солҳои 2004-2005 сармутахассиси шӯъбаи омори Ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомони шаҳри Душанбе, солҳои 2005-2008 мудири шуъбаи саноат ва техникаи нави Кумитаи омори шаҳри Душанбе, солҳои 2008-2009 сармуҳосиби корхонаи воҳиди давлатии савдои хӯроки умумии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2009-2015 мудири бахши шуъбаи хоҷагӣ ва хизматрасонӣ, солҳои 2015 -2020 дар вазифаи Муовини мудири шуъбаи хоҷагӣ ва хизматрасонӣ фаолият намудааст.
Аз моҳи январи соли 2020 то ҳол Муовини Роҳбари Дастгоҳ — Сардори Раёсати хоҷагӣ ва хизматрасонии Дасгоҳи Маҷлси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият карда истодааст. Оиладор соҳиби 4-фарзанд мебошад.