Рамзе, ки ормони чандин ҳазорсолаи миллатро ифода мекунад

23 Ноябр 2021, Сешанбе

Моҳи ноябр дар таърихи навини давлатдории тоҷикон аз моҳҳои хоса ба ҳисоб меравад, зеро маҳз дар санаи 16-и ҳамин моҳи соли 1992 Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон баргузор шуд, ки саҳифаи наверо дар таърихи давлатдориамон боз кард. Яке аз дастовардҳои Иҷлосияи мазкур агар кашфи Сарвари оқилу арзандаи давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошад, ҳодисаи дигари фараҳбахши дар он бавуқуъомада қабули муқаддасоти давлатӣ аз қабили Парчам ва Нишон аст. Ба касе пӯшида нест, ки бо вуҷуди зиёда аз як сол гузаштан аз эъломияи соҳибихтиёрии давлат, то баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳанӯз аз Парчам ва Нишони давлатии замони шӯравӣ (бо каме тағирот) истифода мекард. Аз ин рӯ, қабули Парчами давлатӣ яке аз 23 масъалае мебошад, ки дар Иҷлосияи  16-ӯми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум, муҳокима ва қабул шудааст. Қобили қайд аст, ки муҳокима оид ба қабули Парчами давлатӣ бори аввал дар ҷаласаи  22  ноябри соли 1992 баргузоршуда таҳти раёсати Раиси навинтихобшудаи Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта буд.
Дар натиҷаи баррасиҳои ҳамаҷониба 24 ноябри соли 1992 Парчам ва Нишони давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, инак 29 сол боз ҳамчун рамзҳои давлатдорӣ ифтихори мардуми тоҷиканд.
Воқеан, миллати тоҷик дар тӯли таърих бо дастовардҳои бегазанди илмиву адабӣ, сиёсиву ҷамъиятӣ, давлатсозиву тамаддунсозӣ ва ғайра машҳур аст. Пайдоиши парчам низ чун рамзи давлатдорӣ маҳсули тафаккури созандаи аҷдоди сарбаландии  мост.  Ҳанӯз замонҳои қадим гузаштагони мо парчамро чун рамзи озодӣ ва соҳибистиқлолии давлат  эҳтиром менамуданд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таҳия ва қабули он унсурҳои миллии парчамдории мо чун тоҷ ва ҳафт ситора истифода шудааст, аз се ранг-сурх, сафед, сабз иборат аст ва дар худ таърихи пуртазод, пурфоҷеа ва пурифтихори миллати тоҷикро таҷассум менамояд. Агар ранги сурхи парчам мубориза ва ҷоннисориҳои халқ барои озодӣ ва истиқлолиятро фаҳмонад, пас ранги сафеди он чун пири чандҳазорсолаи миллат барои ҳамаи ҳамватанон роҳи сафеду бахти умедро мекушояд. Дар ранги сабз бошад, сарсабзиву сарбаландии миллати мо ифода ёфтааст.
Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол чун рамзи давлату давлатдории мустақил дар давоми солҳои мустақилият борҳо дар  созмону ташкилотҳои байналмиллалӣ ва чорабиниҳои бузурги сиёсиву фарҳангӣ ва варзишӣ барафрохта шудааст, ки боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Чунки баланд шудани парчам дар дилхоҳ чорабинии берун аз ҷумҳурӣ баргузоршуда нишон аз соҳибмиллативу соҳибдавлатист. Аз ин ҷост, ки ба муқаддасоти давлатдорӣ таваҷҷуҳи зиёди Роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Тоҷикистон равона гардидааст.  Далели ин гуфтаҳо, бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 20 ноябри соли 2009-ум  эълон гардидани 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ дар Тоҷикистон ва бунёди баландтарин пояпарчами дунё, бо баландии 165 метр дар шаҳри Душанбе  мебошад. Пас аз ин гуна бархӯрди оқилонаи Президенти кишвар бо муқаддасоти давлатӣ ҷомеаи Тоҷикистони азиз низ пайи пос доштани ҳар  як арзиши миллӣ иқдом нишон медиҳанд. Дар васфи парчам шеъру сурудҳои зиёде эҷод шуда, аз тарафи хурду бузурги кишвар бо самимият сароида мешавад.  Айни ҳол кишвари мо бо 176 давлати ҷаҳон муносибатҳои дуҷонибаи байналмилалӣ ва дар 40 давлат сафоратхонаҳои расмии худро  таъсис дода, дар биноҳои маъмурии идораҳои дипломатиаш Парчами  давлатиаш барафрохта шудааст.
Парчами мо нишонаи бақои миллат, давлат, ваҳдат ва ҳувияти миллӣ ва яке аз беҳтарин василаҳои тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандорӣ, ифтихор аз миллати хеш ва ҳифзи арзишҳои волои таърихию фарҳангии халқамон мебошад.  Парчами давлатӣ аз зумраи муқаддасотест, ки фарзандони Ватан бо он қасам ёд мекунанд ва дар назди он бо нишони эҳтиром сар фуруд меоранд. Моро мебояд аз Парчами миллии худ ифтихор дошта бошем, бо азму иродаи созанда дар қатори дигар муқаддасоти миллӣ Парчами давлатии худро ҷовидона нигоҳ дорем, эҳтироми онро ҳамчун яке аз рамзҳои давлатдории миллӣ ва истиқлолият ба ҷо орем, мақому манзалат ва нақшу эътибори онро ҳамчун яке аз нишонаҳои давлатдорӣ ба фарзандон ва умуман кулли ҷомеа талқин намоем, зеро он рамзест, ки ормони чандинҳазорсолаи миллати куҳанбунёди тоҷикро дар худ ғунҷонидааст.
 
Умарзода А.Қ
Вакили Мачлиси намояндагони
Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон.

Илова кунед