Парчам- таҷассуми мубориза барои озодӣ ва истиқлол аст

23 Ноябр 2021, Сешанбе

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ бо иштироки  вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони Дастгоҳи ин мақоми олии қонунбарор ҳамоиш баргузор гардид.
Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода иброз дошт, ки Парчам барои ҳар як миллат рамзи ватандорӣ, сарбаландӣ, шуҷоату мардонагӣ, ваҳдату ягонагӣ ва ифтихору ғурурӣ миллӣ мебошад.
Аз ин хотир мардуми шарифи Тоҷикистони азиз ба он ҳамчун муҳимтарин рукни давлатдорӣ ва воситаи асосии муттаҳидкунанда арҷ мегузоранд ва ҳамасола 24-уми ноябр ин рӯзи таърихиро бо як шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоянд.

Дар ин лаҳзаҳои пурнишот бо камоли сарфарозию хушнудӣ Шумо - вакилони арҷманд ва тамоми кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагонро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ, ки яке аз рамзҳои муҳимми давлатӣ ва муқаддасоти миллиамон ба ҳисоб меравад, самимона табрик гуфта, саломативу саодатмандӣ ва хонаи ободу рӯзгори осуда таманно менамоям.
Мусаллам аст, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ ҳамчун рамзҳои асосии давлат ва нишонаҳои соҳибихтиёрии давлату миллат эълон шудаанд.
Тавре борҳо дар суханрониҳоям таъкид намудаам, мехоҳам бори дигар хоттирнишон созам, ки рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами озодӣ ва соҳибдавлатии халқи тоҷик бо талошҳои пайваста ва кору пайкори абармарди нотакрор, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихӣ ва сарнавиштсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо овоздиҳии якдилонаи вакилони мардумӣ пазируфта шуда, баъдан 12 майи соли 2007 бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчам муқаррар ва ниҳоят 24 ноябри соли 2009 Рӯзи Парчами давлатӣ эълон шуд, ки он ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.

Зикр кардан зарур аст, ки нусхаи аслӣ ва нахустини Парчами давлатиро, ки дар Иҷлосия қабул ва тасдиқ гардид, Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон–Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому арҷгузорӣ бӯсида, дар назди он сари таъзим фуруд оварда буданд.

Бояд гуфт, ки парчам таҷассуми мубориза барои озодӣ ва истиқлол, бахту иқболи сафед, ояндаи дурахшон ва саъю кӯшиши ҳамвора баҳри сарсабзию хуррамии мамлакат мебошад. Аз ин рӯ, шарафу эътибори он дар дохилу беруни кишвар ҳамчун муқаддасоти бузурги миллӣ ҳимояту пуштибонии давлату давлатдорӣ маҳсуб мешавад.
Беҳуда нест, ки ниёгони арҷманди мо ҳазорсолаҳо таҳти парчами хеш саф кашида, ватану миллат, шараф, нангу номус, озодӣ, забону фарҳанг ва марзу буми аҷдодиро сарбаландона ҳимоя кардаанд.
Яъне парчами давлатӣ баёнгари ҳаққи мавҷудияти миллати соҳибдавлати тоҷик бо тамоми ғановату асолати таърихиву фарҳангӣ ва ҳуқуқии он аст.
Ҳар як давлати соҳибистиқлолу озод ба ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид маҳз бо парчами худ пазируфта мешавад ва эътироф мегардад.
Яъне Парчами давлатӣ муаррифгари тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ва мояи ифтихори мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон мебошад.
Воқеан, Парчами давлатӣ омили муайянкунандаи ҳувияти миллӣ ва тақвият пайдо кардани ҳисси милливу ифтихори ватандорӣ дар шуури ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад.
Парчам рисолат ва неруи муттаҳидкунанда дорад, зеро он дарбаргиранда ва таҷассуми арзишҳои сиёсиву фарҳангӣ ва ғояву ҳадафҳои миллӣ мебошад.
Парчами давлати соҳибихтиёри мо нишонаи таъриху фарҳанги бостониву пурғановати миллати тоҷик буда, ҳар як фарди кишварро вазифадор менамояд, ки нисбат ба ин рамзи муқаддаси миллӣ эҳтиром ва арҷ гузорад.

Дар ҳамоиш ҳамчунин муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Қодири Қосим роҷеъ ба мавзӯи «Парчами давлатӣ-мӯҳтавои истиқлолиятӣ давлатӣ» вакилони Маҷлиси намояндагон Маҷидзода Сарвиноз дар мавзӯи «Парчами давлатӣ-рамзи ватандорӣ» Наҷмиддиниён Файзулло дар мавзӯи «Парчами давлатиро ҳамчун рамзи ҷовидонии давлатдории миллӣ ҳифз кунем»  Ғаффорзода Абдуҳалим дар мавзӯи «Парчам- таҷассуми мубориза барои озодӣ ва истиқлол аст» баромад намуданд.
Ҳамоиши тантанавиро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷамъбаст намуда, таъкид намуд, ки Парчами миллии мо дар радифи Конститутсия, Суруди миллӣ ва Нишони давлатӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти асосии давлатӣ маҳсуб меёбад.
Аз ин рў, мо бояд Парчами давлатиро мисли аҷдодони пуршарафи худ ҳамчун рамзи ҷовидонии давлатдории миллӣ ҳифз кунем, рӯҳу ҷони худро бо он пайванд созем ва дар ҳама ҳолат барои ҳимояи манфиатҳои давлату миллати хеш таҳти ин ливои муқаддас сарҷамъ бошем.
Итминони комил дорам, ки Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун таҷассуми умеду ормонҳои мо таҳти роҳбариву роҳнамоиҳои Пешвои маҳбубу муаззами миллат ҳамеша парафшон хоҳад буд ва зери сояи он мо дар роҳи ободии Ватани азизамон ба дастовардҳои рӯзафзун ноил хоҳем шуд.

Илова кунед