Мероси кайшоҳии мо.

23 Ноябр 2021, Сешанбе

Бо роҳбаладии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол сарфарозона дар гушаву канори олам паравфишонӣ намуда, ҳамчун нишони безаволии давлати баруманди тоҷик аз истиқлолияти давлатию миллӣ, халқу миллати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боифтихор болафшон буда, дар бинои Созмони миллали муттаҳид ва дигар созмону ташкилот, муассисаҳои бузурги ҷаҳонию минтақавӣ дар радифи парчамҳои дигар давлатҳои олам аз Тоҷикистони соҳибистиқлоли озод, демокративу дунявӣ нишон аст.
Баъд аз талошҳои пайдарҳами миллати озодихоҳи тоҷик, 24 ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро мардуми сарбаланду созандаи мо бо ифтихор Иҷлосияи тақдирсоз меноманд, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд. Ин талошҳо гувоҳ аз таърихи зиёда аз 4-ҳазорсола доштани дирафш дар гузаштаи дури таърихи миллати баруманди мо мебошад, ки он дар таърихи гузаштаи пурѓановати миллати арҷманд имрӯз ҳам парчам бо номҳои гуногун, аз ҷумла, «Ливо», «Парчам», «Байрақ», «Алам», «Дурафш» ва ѓайраҳо номбурда мешаванд.
Аз ин рӯ, баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни «Дар бораи рӯзҳои ид»,  Рӯзи  Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон – 24 ноябр бошукӯҳ ҷашн гирифта мешавад.
Ҳанӯз, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон зимни табрикоти  телевизиониашон 23 ноябри соли 2009 ба муносибати  Рӯзи Парчами давлатӣ қайд намуда буданд, ки «Парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад».
Рангҳои сурх, сафед ва сабз, ки  дар парчам  тасвир гардидаанд, мубориза, талош ва саъйу кӯшиши халқу миллати тоҷикро баҳри озодиву истиқлолият, худшиносиву меҳанпарастӣ ва ихтиёр намудани зиндагии орому осоишта, арзандаю поянда, осудаву устувор ифода менамояд. Аз ҷумла,
Ранги сурх – рамзи ягонагии кишвар, сулҳу дӯстии миёни миллатҳо ва ҷоннисориҳои мардум ба хотири ҳифзи марзу бум мебошад.
Ранги сафед – рамзи сафедӣ, покӣ, фаровонии барфу кӯҳҳои  баланди кишвар ва боигарии асосии мамлакат – пахта аст.
Ранги сабз – рамзи водиҳои сабзпӯш, сарзамини кишоварзӣ, ҳамчунин шукуфоии кишвар аст.
Дар парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчунин инъикоси тоҷ ва ҳафт ситора ба назар мерасад, ки он аз соҳибдавлатӣ ва мустақилияту соҳибихтиёр будани Ҷумҳурии Тоҷикистони навин гувоҳ аст. Он ба мафҳуми зебои тоҷикӣ «Парчам» дар моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар қатори дигар рамзҳои давлатӣ сабт шуда, нишони безаволиву, пойдории давлату миллат ва забони миллиамон мебошад.
Арҷ гузоштан ва эҳтиром намудани рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи аввалиндараҷа ва муқаддаси ҳар як шаҳрванди ҷумҳурии азизамон баҳисоб меравад.
Имрӯзҳо бошад, ин дирафши Ковиён ҳамчун рамзу нишон аз давлатдорӣ ва соҳибтамаддунии тоҷикон, гувоҳ аст, ки он дар таърихи гузашта борҳо давлатҳои  бузурги худро доштанд ва дар Ливои Президенти кишвари соҳибистиқлоламон ҳамчун рамзи давлати миллиамон ва пойдориву бардавоми ин давлати баруманд тасвир ёфтааст.
Дар моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон  Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аст», ки дар тарбияи ватандӯстӣ ва ҳисси миллӣ ҳар кадоми онҳо нақши муҳиму сазовор доранд. Парчами давлатӣ бошад, дар радифи дигар рамзҳои давлатӣ муқаддасу шариф буда, баробари Нишон, Суруди миллӣ ва Забони давлатӣ  барои тамоми тоҷику тоҷикистониён ифтихор аст.
 Калимаю ибораҳои Ватан- модар, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ, Президенти маҳбуби кишвар, марзу буми ватани азиз шунавандаро ба ваҷҳ оварда хисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ифтихор аз марзу буми бобои доштан масъулияти моро пеши ин муқаддасотҳо ҷиддитар ва афзунтар мегардонад.
Парчами давлатӣ — ин рамзи ҳокимияти давлатӣ буда, мустақилият ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлат ифода мекунад. Бузурге фармуда, ки :

Рангҳои парчами мо хушҷило,
Тоҷи он мероси кайшоҳӣ бар мо.
Ҳафт ахтар ҳафт бурҷи роҳи нур,
Роҳкушои олами бахту сурур.
Тоҷикистон, Парчамат поянда бод,
Ҷовидон фарзандҳоят зинда бод!
Ранги сабзаш сабз шуд аз ҷони мо,
Ранги сурхаш хуни аҷдодони мо.
Дар сафедияш раҳи бахти сафед,
Мебарад моро ба фардои умед.
Тоҷикистон, Парчамат поянда бод,
Ҷовидон фарзандҳоят зинда бод!

Аз ин рӯ, ҳамватанӯони гиромӣ  Рӯзи  Парчами  Ҷумҳурии Тоҷикистони азизу маҳбубро барои ҳар яки шумо муборакбод гуфта, парафшонии онро болои сари ин миллату давлат безавол таманно менамоям.
Зинда бод! Пешвои муаззаму маҳбуби мо, давлати пуриқтидору рӯ ба инкишофи тоҷикон, зиндабод миллати тоҷик ва кишвари созандаву ободу озодамон.
 
Вакили Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Абусаломзода  М. А.

Илова кунед