Мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода бо Алимирзамин Гаввам Оглу Аскеров

25 Ноябр 2021, Панҷшанбе

Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Сафири фавқуллода ва мухтори Чумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимирзамин Гаввам Оглу Аскеров мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон, аз ҷумла ҳамкориҳо дар самти тиҷорату иқтисод, маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, тавсеаи пояи шартномавӣ-ҳуқуқӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Маҳмадтоир Зокирзода меҳмони олиқадрро ба парлумони касбии мамлакат хаӣра мақдам намуда, роҷеъ ба фаъолияти парлумони касбии мамлакат ахбороти муфассал дод. Мавсуф аз ҷумла изҳор дошт, ки «Шарафёбам Шуморо ба муносибати оғоз гардидани фаъолиятатон  ҳамчун сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намоям.
Умедворам фаъолияти Шумо ба симмати сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таҳким ва густариши муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар хидмат хоҳад кард”.
Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин таъкид намуд, ки ба шарофати иродаи қавии сиёсӣ ва муносибатҳои бародаронаи Сарони ду давлат–Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев барои рушди ҳамкориҳои мутақобила заминаи устувори ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуд.
Моҳи августи соли 2018 бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафари расмӣ анҷом дод. Зимни сафар аз рӯи доираи васеи масъалаҳои ҳам ду ҷониба ва ҳам хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкори созанда ва манфиатдор сурат гирифт.
Дар ҷараёниин сафар12 санади нав ба имзо расид, ки ба гузариши шарикии бисёрҷанбаи ду кишвар ба сатҳи баланди ҳамкориҳои мутақобилан судманд мусоидат мекунанд.
Дар ҳоли ҳозир заминаи ҳуқуқии Тоҷикистону Озарбойҷонро 57 созишнома дарбар мегирад, ки асоси онҳо Аҳдномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон мебошад, ки 16 марти соли 2007 ба имзо расидааст.
Мо омодагии худро барои баланд бардоштани сатҳи муносибатҳо ва ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои гуногун бо давлати Шумо изҳор намуда, рушди муносибатҳои дӯстонаи ду давлати дорои манфиатҳои муштарак, аз онҷумла муштараки сиёсӣ, таваҷӯҳи хос ва доимӣ дорем.
Мо қодирем муносибатҳои намунавии дўстонаро таъмин намоем ва ҳамаҷониба тақвиятбахшем.
Роҷеъ ба муносибатҳои байнипарлумонӣ изҳори назар намуда, Маҳмадтоир Зокирзода афзуд, ки дар Маҷлиси намояндагон гурўҳӣ дўстӣ  ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон фаъолият  мекунад.
Итминони комил дорам, ки гурўҳи дўстии байни парлумонҳо бо талошҳои муштарак ҳамкориҳои мутақобилан судманди худро ба сатҳи сифатан нав мебардоранд.
Бо истифода аз ин фурсат мехоҳам бори дигар рағбати содиқонаи инҷонибро барои фаъолияти муштарак ҷиҳати таҳкиму тақвияти равобити ду кишвар ва инкишофу шукуфоии онҳо, ки асли ормонҳои мост, ба Шумо ташаккури бепоёни худро иброз намоям,-гуфт дар интиҳо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.
Дар мулоқот ҳамчунин таъкид карда шуд, ки ҷараёни инкишофи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарии байни Тоҷикистону Озарбойҷон бо назардошти манфиатҳои мутақобилан муфид ба роҳ монда шуда, муносибатҳои дуҷонибаи сиёсӣ мустаҳкам мегарданд.

Илова кунед