Маҳмадтоир Зокирзода бо Сафири Шоҳигарии Британияи Кабир дар Тоҷикистон мулоқот намуд
25 Ноябр 2021, Панҷшанбе«-Умедворам фаъолияти Шумо ба симмати Сафири фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таҳким ва густариши муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар хидмат хоҳадкард”- гуфт имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода зимни мулоқоташ бо Сафири фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тимоти Айдан Маршалл Ҷонс.
Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин иброз намуд, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рушди робитаҳои байнипарлумонии худ бо кишвари Шоҳигарии Британияи Кабир изҳори қаноатманди намуда, нақши парлумонҳоро дар пешбурди муносибатҳои бисёрҷониба ва татбиқи ҳадафҳои рушди устувор баланд арзёбӣ менамояд.
Дар Маҷлиси намояндагон гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи обшинаҳои Шоҳигарии Англия, бо Ассамблеяи (Парламенти) Ирландияи Шимолӣ ва Парламенти Шотландия дар алоҳидагӣ амал ва фаъолият менамоянд.
Итминони комил дорам, ки бо ҷоннок ва фаъол намудани гурӯҳҳои дӯстии байни парлумонҳо бо талошҳои муштарак ҳамкориҳои мутақобилан судманди худро ба сатҳи сифатан нав мебардоранд.
Бо истифода аз ин фурсат бори дигар рағбати содиқонаи маро баҳри фаъолияти муштарак ҷиҳати таҳкиму тақвияти равобити ду кишвар ва инкишофу шукуфоии онҳо иброз медорам.
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи барқарор ва рушду тавсеаи муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои аврупоӣ, ки давлати Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар байни онҳо мақоми хоса дорад, таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир менамояд.
Мо омодагии худро барои баланд бардоштани сатҳи муносибатҳо ва ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои гуногун бо давлати Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ изҳор менамоем.
Дар мулоқот ҳамчунин таъкид гардид, ки ки миёни ду кишвар барои таъмиқи минбаъдаи ҳамкориҳои амалӣ заминаи хубе бунёд гардидааст ва аз ҳама муҳим – сатҳи баланди мушорикат, эътимоди тарафаӣн ва эҳтиром ба даст омадааст.