Муҳокимаи парлумонӣ баргузор гардид

26 Ноябр 2021, Ҷумъа

Имрӯз таҳти раёсати  Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, роҳбарияти Вазорати адлия, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳокимаи парлумонӣ дар мавзӯи «Раванди татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва мониторинги татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2019-2020 ва 9 моҳи соли 2021» баргузор гардид.
Аз рӯи масъалаи мазкур дар назди ҳозирин муовини якуми директории Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳроб Сафарзода ва Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Шоҳмуроди Рустам баромад намуда, иброз намуданд, ки ислоҳоти ҳуқуқие, ки аз ҷониби мақомоти қонунгузории кишвар баъди соҳибихтиёрии давлат ҷиҳати таъмини волоияти қонун гузаронида шуд, низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мукаммал гардонид ва айни замон низ аз ҷониби ин мақомот такмили қонунгузорӣ дар иртибот ба вазъи тағйирёбии муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба пешрафти ҷаҳони муосир идома дорад.
Дар ҳоли ҳозир,шурӯъ аз Конститутсия то ба қарорҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 15 намуд номгӯйи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавҷуд буда, аз ин маҷмӯъ танҳо қонунҳои конститутсионӣ – 17, кодексҳо – 22, қонунҳо зиёда аз 400 ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, бештар аз 15000 ададро ташкил медиҳанд.

Табиист, ки ҳолати мазкур беихтиёр ба қонунгузор имкон намедиҳад, ки дар раванди таҳия ва қабули ҳар як санади меъёрии ҳуқуқӣ нозукиҳои муносибатҳои ҷамъиятиро мукаммал, бидуни ихтилофҳои меъёрӣ, расмиёти маъмурӣ ва намудҳои дигари осебпазир пешбинӣ намояд.
Аз ин рӯ, бо мақсади дар лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, пеш аз мавриди амал қарор додани онҳо, ҳамчунин дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ошкор намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ва андешидани чораҳо ҷиҳати бартараф намудани онҳо 13 декабри соли 2012, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» қабул гардид.
Бо ба инобат гирифтани ҳолати мазкур дар барномаи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» пешбинӣ карда шуд, ки дар баробари дар факултетҳои ҳуқуқшиносии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таъсиси ихтисосҳои нав ҷиҳати тайёр намудани кадрҳо дар самти муқовимат ба коррупсия, иловатан як маркази тахассусии таҳлилию омӯзишӣ, ки ҳолатҳои коррупсиониро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра таҳлил ва арзёбӣ намуда, роҳҳои нави муқовиматро зидди амалҳои коррупсионӣ ошкор ва дар баробари ин, донишу  таҷриба ва малакаи субъектҳои ба коррупсия бевосита муқовиматкунандаро такмил диҳад, таъсис дода шавад. Боварӣ дорем, ки мушкилоти мазкур дар раванди амалисозии Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегия ҳалли худро меёбад.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди фаъолияти худ ҳамкориро бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар маҷмӯъ, бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти мақомот, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳияилоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ, афзоиш додани боварии шаҳрвандон ба фаъолияти мақомот, ташаккули мафкураи зиддикоррупсионӣ дар байни аҳолӣ ва ғайраҳо мунтазам ва хуб ба роҳ мондааст.
Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия, ки бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2008, ратификатсия карда шудааст, ба низоми ҳуқуқии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид буда, Агентӣ ба ҳайси пешбарандаи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ҷиҳати имплементатсияи муқаррароти  Конвенсияи мазкур мунтазам чораҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.


 

Илова кунед