Дар Маҷлиси намояндагон «Мизи мудаввар» баргузор гардид

30 Ноябр 2021, Сешанбе

Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот мизи мудаввар дар мавзӯи «Ташаббус оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси иттилоот ҳамчун иқдоми зарурӣ дар рушди қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон”  баргузор гардид.
Дар ҳамоиш вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони Воситаҳои Ахбори Омма, созмонҳои ҷамъиятӣ иштирок намуданд.
Раиси  Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода дар назди ҳозирин баромад намуда, иброз дошт, ки «боиси қаноатмандист, ки дар раванди таҳияи Лоиҳаи мазкур намояндагони воситаҳои ахбори омма, коршиносон ва мутахассисони соҳаҳои гуногун саҳми арзандаи худро гузоштанд. Инчунин аз дастгирии созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, бахусус ОБСЕ, ки дар ин кор тӯли якчанд сол бо мо ҳамкории бисёрҷониба доштанд, изҳори сипос менамоям”.
Саидмурод Фаттоҳзода хамчунин изҳор дошт, ки лоиҳае, ки айни замон мавриди баррасӣ қарор мегирад маҳсули фаъолияти сесолаи гурӯҳи корӣ ба шумор меравад ва такмили он аз талаботи равандҳои имрӯзаи соҳа бармеояд. То имрӯз муҳокимаи лоиҳаи мазкур бо ҷалби доираи васеи воситаҳои ахбори омма дар Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб баргузор гардид ва дар асоси фикру пешниҳодҳои баёншуда мазмуну мундариҷаи он такмил дода шуд.

Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд яке аз афзалиятҳои сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон буда, арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва гуногунандешии сиёсӣ дар меҳвари сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Бинобар ин сиёсати ҳуқуқии ҶумҳурииТоҷикистон бо дарназардошти арзишҳои умумибашарӣ, манфиатҳои миллӣ ва низомҳои ҳуқуқии ҷаҳонӣ, рушди муносибатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ амалӣ карда мешавад.
Дар давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ эътирофи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ба сифати арзиши олӣ ба Конститутсия ворид гардиданд, ки бо мурури замон ба шароиту талаботи дигаргуниҳои ҳаёти дохилӣ ва байналмилалӣ наздик мешаванд. Хусусан дар Моддаи 10-уми Конститутсия эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд барои дастрасӣ ба озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи ахбор мушаххас кафолат дода шудааст. 
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон ҳамчунин таъкид намуд, ки дар самти таъмини қонуният ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд  дар соҳаи иттилоот нақши мақомоти олии намояндагӣ ва қонунбарори кишвар – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Парламент) бузург мебошад.То имруз вобаста ба соҳаи иттилоот дар ҷумҳурӣ 10 қонун, як консепсия ва як стратегияи давлатӣ қабул карда шудааст, ки моҳияти умумии онҳо аз тавсеа ва рушди ин соҳа, таъмини дастрасии бештари шаҳрвандон ба иттилоот мебошад. Илова бар ин меъёрҳое, ки ба озодии сухан ва афкор, озодии матбуот ва дигар паҳлуҳои фаъолияти воситаҳои ахбори омма ва уҳдадориҳои кормандонашон дахл доранд, дар қонунҳо, кодексҳо ва санадҳои дигари меъёрию ҳуқуқии кишвар ҷой дода шудаанд. Қарорҳои зиёди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидаанд, ки масъалаву ҳолатҳои мушаххаси фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи мамлакатро танзим мекунанд.
Дар заминаи чунин фазои мусоиди ҳуқуқӣ хушбахтона, сол то сол ра сонаҳои нав ба майдон меоянд ва фазои иттилоотии кишварро комил мекунанд.

Айни ҳол дар Вазорати фарҳанг 376 рӯзнома, 245 маҷалла,  319 матбаа, 71 нашриёт, 11 агентии иттиллоотӣ ба қайд гирифта шудаанд. Ин рақамҳо мутаносибан 26,8 фоиз—муассисаҳои давлатӣ ва 73,2 фоиз муассисаҳои хусусию ҷамъиятиро ташкил дода, аз рушди мунтазами соҳа дар Тоҷикистон дарак медиҳанд.
Вале на ҳамаиин ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқукии амалкунанда дар ин соҳа имконияти ба таври системавӣ ба танзим даровардану идора кардани муносибатҳои иттилоотиро доранд. Меъёрҳои амалкунандаи баъзе аз ин қонунҳо хилофи ҳамдигаранду якдигарро такрор мекунанд. Бинобар ин дар доираи кодекс муттаҳид кардани баъзе аз онҳо метавонад чунин заминаи пайдо шудани зиддиятҳоро аз байн барад ва истифодаи амалии онҳоро муносибтар созад.
Аз ин ҷиҳат мақсади асосии кодификатсии қонунгузорӣ дар соҳаи иттилоотӣ аз он иборат аст, ки он заминаи мунназзаму муташаккили ҳуқуқиро барои рушд ва танзими ин соҳа, бартараф намудани мухолифатҳо дар меъёрҳои қонунгузории амалкунанда дар робита бо пайдоиши шартҳои нав ва истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ фароҳам меорад.
Зарурати таҳияи кодекси иттилоотии мазкур аз татбиқи босамари чунин ҳуҷҷатҳои стратегӣ, ба монанди Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон (тасдиқ боФармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.11.2003 с, Консепсияи сиёсати иттилоотии ҶумҳурииТоҷикистон (тасдиқ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 30 .04.2008 ва ғайра бармеояд.

Чунин иқдом дар ҳудуди кишварҳои собиқ Иттиҳоди шуравӣ бори аввал сурат мегирад ва итминони комил дорем, ки он бобарор хоҳад буд. Кӯшиши таҳияи кодекси иттилоотӣ дар Украина, Белоруссия оѓоз гардидааст, вале то ҳол ин кор анҷом наёфтааст ва муҳлати он тамдид шудааст.
Умедворам, ки ҳар яки Шумо бо пешниҳоду таклифҳои созанда ба қонунгузории соҳаи ВАО  дар доираи чорабинии имруза саҳм хоҳед гирифт. Ба ҳамаи Шумо дар ин ҷода барору муваффақият ва комёбӣ орзумандам,- гуфт дар интиҳо Саидмурод Фаттоҳзода.
Дар назди иштирокчиёни мизи мудаввар ҳамчунин доктори илми ҳуқуқшиносӣ, узви гуруҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон Умрилло Меликов ва коршиноси масоили Воситаҳои Ахбори Омма Нуриддин Қарчибоев баромад намуданд.





Илова кунед