Мулоқоти Зоир Раҳмонзода бо Сафири Фаластин
02 Декабр 2021, ПанҷшанбеИмрӯз Роҳбари гуруҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо Шӯрои қонунгузории Давлати Фаластин, вакили Маҷлиси намояндагон Зоир Раҳмонзода бо Сафири Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Луай Исо мулоқот намуд.
Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ба рушду густариши бештари муносибатҳо бо Давлати Фаластин, аз ҷумла таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Барои ба сатҳи сифатан нав расонидани муносибатҳо, дар навбати аввал беҳтарсозии кори Гурӯҳи дустии парлумонӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои қонунгузории Давлати Фаластин муҳиму манфиатбор шуморида шуд.
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди муносибатҳои дуҷониба моҳи октябри соли 2020 бо Шӯрои қонунгузории Давлати Фаластин гурӯҳи дӯстӣ таъсис дод.
«- Мо ҳамеша хостори муносиботи неку равобити ҳасана бо Давлати Фаластин ҳастем ва талош менамоем, ки ин равобит бештар тақвият ёбад»-афзуд Раҳмон Зоирзода.
Дар мулоқот ҳамчунин аъзои гуруҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо Шӯрои қонунгузории Давлати Фаластин Ғайрат Азиззода, Ғиёсиддин Ашурзода ва муовини Сардори раёсати робитаҳои хориҷӣ, байнипарламентӣ, ташрифотӣ ва ташкили кор Талабшоҳ Шарифзода иштирок намуданд.

