Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираҳои генетикӣ” мавриди баррасӣ қарор гирифт

06 Декабр 2021, Душанбе

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираҳои генетикӣ” мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни баромади хеш Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон  оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода иброз намуд, ки мақсади таҳияи лоиҳаи Қонуни мазкур муайян намудани асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иктисодии фаъолият дар соҳаи захираҳои генетикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои истифодаи донишҳои анъанавии мардуми кишвар оид ба захираҳои генетикӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ, истифодаи самараноки гуногунии биологӣ барои истеҳсоли хӯрокворӣ ва пешбурди соҳаи кишоварзӣ мебошад.
Зимни таҳияи лоиҳаи Қонуни мазкур муқаррароти қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи таъмини амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ», «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда», «Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот» «Дар бораи олами ҳайвонот» ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ба инобат гирифта шудаанд.
Лоиҳа аз 5 боб ва 27 модда иборат мебошад.
Дар боби 1 моддаҳои 1-7 мафҳумҳо, доираи амали Қонуни мазкур, объектҳои захираҳои генетикии ҳифзшаванда, принсипҳои истифода ва ҳифзи захираҳои генетикӣ, ҳуқуқи моликият ба онҳо, боби 2 (моддаҳои 8 -13) салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, Маркази миллиизахираҳои генетикӣ, боби 3 (моддаҳои 14 - 21) дастрасӣ ба захираҳои генетикӣ, донишҳои анъанавӣ оид ба онҳо ва тақсимоти фоида, таҳвилгарон ва истифодабарандагон намунаҳои захираҳои генетикӣ ва донишҳои анъанавӣ, маҳдудиятҳо, иштироки шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар ҳифз ва истифодаи захираҳои генетикӣ, боби 4 (моддаҳои 22 – 24) дараҷаҳои коллексияҳо ва Феҳристи миллии захираҳои генетикӣ, баҳисобгирӣ ва бақайдгирии намунаҳои онҳо, боби 5 (моддаҳои 25-27) муқарроти хотимавӣ ифода ёфтаанд.
Лоиҳаи Қонуни мазкур ба талаботи моддаҳои 5, 12, 13 ва 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 40 – 43 ва 49-53 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд.

Илова кунед