Мулоқоти Дилрабо Мансурӣ бо намояндагони Созмони Милаллӣ Муттаҳид

07 Декабр 2021, Сешанбе

Имрӯз муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо ҳаӣати намояндагони Созмони Милаллӣ Муттаҳид-намояндаи вежаи Дабири кулли ин Созмони бонуфузи байналмилалӣ дар Осиёи Марказӣ Наталя Герман, ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сезин Синаноғлу ва мушовири Созмон оид ба масоили сиёсӣ ва ҳуқуқи инсон Армондс Пуполс мулоқот намуд.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки СММ шарики муҳими баӣналмилалӣ барои Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва сатҳи ба дастомадаи ҳамкориҳоро дар тамоми соҳаҳо, хусусан дар соҳаҳои иқтисод, амният, маориф ва фарҳанг баланд арзёби карда мешавад.
Зимни мулоқоти мазкур Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Созмони Милали Муттаҳид гардида, барои рушди ҳамкориҳо бо ниҳодҳо, идораҳо ва созмонҳои махсуси низоми СММ заминаи устувор гузошт.
Айни замон кишвар бо сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар самти таъмини сулҳу суботи умумибашарӣ, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, таҳдиду хатарҳои муосир ба амният, ҳифзи муҳити зист ва рушди устувори ҷомеа ҳамкориҳои фаъол дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли солҳои узвияташ дар Созмони Милали Муттаҳид марҳилаҳои муайяни муносибатҳоро бо ин Созмон  паси сар кардааст. Тавре маълум аст, дар ибтидо бо назардошти вазъи дохилӣ самти афзалиятноки Тоҷикистон ҳамкориҳо барои расидан ба сулҳу субот дар кишвар буд.
Даҳҳо нафар иштирокчиёни миссияи сулҳи СММ бо ҷоизаҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуда, модели тоҷикии мусолиҳаи миллӣ бо мусоидати СММ ва кишварҳои кафил намунаи дипломатияи пешгирикунанда барои кишварҳои дорои низоъҳои дохилӣ гардид.
Кишвари мо бо шарикон ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла бо Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ пайваста ҳамкорӣ мекунад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои байналмилалиро фаъолона дастгирӣ намуда, иштирокчии доимии равандҳо дар соҳаи мушкилоти об, экология, вазъи муҳити зист ва рушди устувор дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва зерминтақавӣ мебошад.
Захираҳои табиии мавҷудаи Тоҷикистон, махсусан иқтидори бузурги гидроэнергетикии он метавонад ба рушди сабз ва солимии муҳити зист дар кишварҳои дигар мусоидат намояд.
Сохтмони иншооти нави энергетикӣ, пеш аз ҳама, бо истифода аз манбаъҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза ва барқароршаванда, ки на танҳо барои қонеъ кардани ниёзҳои худ, балки тавсеаи иқтидори умумии содиротии кишварҳои Осиёи Марказӣ нигаронида шудааст, ба шукуфоии иқтисодӣ ва экологии кишварҳои Осиёи Марказӣ такони пурқувват хоҳад дод.
Тоҷикистон,-гуфт Дилрабо Мансурӣ- ба густариши равобити ҳамаҷониба бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Дар ин чо дар бораи вазъияти Афгонистон фикр баён кардан бамаврид аст.
Тоҷикистон бо Афғонистон тақрибан 1400 километр ҳаммарз аст.
Бо дарназардошти ин, вазъи низомию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии кишвари ҳамсоя дар маркази таваҷҷуҳи мост.
Мардум, бахусус занону кӯдакони Афғонистон, ки беш аз чиҳил сол дар вазъи ҷанг ва нооромӣ ба сар бурдаанд, ахиран бо мушкилоти боз ҳам ҷиддитаре дар таъмини амният ва ҳифзи иҷтимоӣ рӯбарӯ шудаанд. Вазъияти кунунии Афғонистон тақозо мекунад, ки ҷиҳати ҳамоҳангсозии талошҳо дар самти мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир ва ҳамчунин расонидани кумаки саривақтӣ ба мардуми афғон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ чораҳои иловагӣ андешида шаванд.
Кишвари мо дар татбиқи як қатор лоиҳаҳои муштараки минтақавӣ вобаста ба Афғонистон саҳм мегузорад. Сохтмони хатти барқ ва сохтмони 6 купруки наздисарҳадй аз чумлаи онхост.

Мо барои ҳамкории минбаъда бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Маркази дипломатияи пешгирикунанда дар самти ҷалби фаъолонаи Афғонистон ба равандҳои ҳамгироии минтақавӣ ва расонидани кумакҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба он омодаем.
Имсол дар ҳаёти давлатамон санаи хеле муҳим – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намудем, ки дар он Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эътироф гардида, худро соҳибихтиёр эълон кард.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон ҳамчунин таъкид намуд, ки дар ин давра дар кишвар заминаи ҳуқуқии худ ба вуҷуд омада, дар доираи он сохторҳои дахлдори идоракунии давлатӣ таъсис ёфта, заминаҳои ҳуқуқӣ ташаккул ёфтаанд, ки тамоми фаъолияти қонунгузории Маҷлиси Олӣ, мақоми олии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси он амалӣ мегардад.
Ман дар бораи қонунҳои конститутсионие, ки порлумон қабул кард ва конвенсияҳои байналмилалиро тасвиб кардаанд, муфассал намегуям. Танҳо мехоҳам қайд намоям, ки дар ин давраи кӯтоҳи таърихӣ дар кишвари мо заминаи хуби меъёрию ҳуқуқӣ ба вуҷуд оварда шудааст.
Аз ҷумла, Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 қонуни қаблан қабулгардидаро ба танзим медарорад  ва самтҳои ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии ҳамаи шаҳрвандонро ба ҳифзи саломатӣ муттаҳид месозад.

Як қатор қонунҳои дигар, ки ба дастгирии оилаҳои осебпазир, фароҳам овардани фазои мусоид дар оила ва рушди кӯдакон нигаронида шудаанд: аз ҷумла Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд», «Дар бораи кӯмаки суроѓавии иҷтимоӣ», «Дар бораи маориф», «Дар бораи манъи никоҳи хешутаборӣ», «Дар бораи муоинаи ҳатмии тиббӣ»,  «Дар бораи мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон», «Мубориза бар зиддӣ гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир" мебошанд.
Мо ба ин мулоқот аҳамияти хоса медиҳем ва итминон дорем, ки он дар таҳкими робитаҳои байни давлатҳо ва парлумонҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ саҳми арзанда хоҳад гузошт,-гуфт дар интиҳо муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин доираи васеи масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, муколамаи сиёсӣ, гуманитарӣ ва амниятиро миёни ҷонибҳо мавриди муҳокима қарор доданд.

Илова кунед