Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид

08 Декабр 2021, Чоршанбе

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи инҳисороти табиӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни баррасии масъалаи мазкур таъкид карда шуд, ки мақсади лоиҳаи мазкур бартараф намудани норасоиву носаҳеҳии меъёрҳои алоҳидаи Қонуни амалкунанда ва мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор додани муносибатҳои ҷудогона дар самти фаъолияти субъектҳои инҳисороти табиӣ мебошад.
Мутобиқи лоиҳа дар моддаҳои 4 ва 8 Қонуни амалкунанда калимаи «ташхиси» бо истилоҳи ҳуқуқии «экспертизаи» иваз карда шуда, тағйирот ба моддаи 6 бо назардошти талабот нисбат ба мол ва кору хизматрасонӣ, ки яке аз унсури он бехатарӣ ба ҳисоб меравад, робита дошта, сархати шашуми иловашуда, минбаъд назорати истифодаи кӯмакпулии давлатӣ ва дигар тадбирҳои дастгирии давлатиро пешбинӣ менамояд.

Инчунин тибқи лоиҳаи пешниҳодгардида ба моддаи 18 қисмҳои чорум ва панҷум бо мазмуни зерин илова карда мешаванд:
Субъектҳои инҳисороти табиӣ бо риояи талаботи марбут ба ифшо накардани маълумоти дорои сирри бо қонун ҳифзшаванда дар воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла дар шабакаи Интернет, дар бораи фаъолияти худ иттилоот нашр менамоянд.
Дастрасӣ ба иттилоот дар бораи фаъолияти субъектҳои инҳисороти табиӣ маълумоти зеринро дар бар мегирад:
- дар бораи нархҳо (тарифҳо) барои молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) субъектҳои инҳисороти табиӣ, ки нисбат ба онҳо танзими давлатӣ татбиқ мегардад;
- дар бораи хусусиятҳои асосии истеъмолии молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) субъектҳои инҳисороти табиӣ ва мутобиқати онҳо ба сифат, бехатарӣ ва дигар талаботи муқарраршуда;
- дар бораи шартҳои расонидани молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) ба истеъмолкунандагон;
- дар бораи шартҳои пайвастшавӣ (пайвастшавии технологӣ) ба инфрасохтори субъектҳои инҳисороти табиӣ барои хизматрасонӣ ба истеъмолкунандагон;
- дар бораи барномаҳои сармоягузорӣ ва рафти татбиқи онҳо.

Қабули лоиҳаи Қонуни мазкур ҷиҳати бартараф шудани камбудиву норасоиҳо ва татбиқи якхелаи Қонун, васеъ шудани доираи субъектҳои инҳисороти табиӣ ва уҳдадории онҳо, инчунин дастрасии аҳли ҷомеа ба иттилооти марбут ба фаъолияти субъектҳои инҳисороти табиӣ мусоидат менамояд.
Дар иҷлосия ҳамчунин Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба таъсиси системаи муттаҳидаи минтақавии мудофиаи зиддиҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия аз 27 апрели соли 2021, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираҳои генетикӣ», Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 ва давраи миёнамуҳлат ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ» мавриди баррасӣ ҳамаҷониба қарор гирифт.

Масъалаҳои мазкурро ба вакилони Маҷлиси намояндагон вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзодода, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон,  раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзод Абдулмаҷид,  раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким,  муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ашурбой, раисони Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Шоҳмурод Рустам, Рустам Латифзода ва Файзалӣ Идизода,  вакилони мардумӣ Ахмедов Мирзоанвар, Назирӣ Гулбаҳор, Ашурзода Ғиёсиддин, Ашурзода Гулбаҳор, Исмоилиён Комрон муаррифи намуда аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокима гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.











Илова кунед