Хайру эҳсони вакилони мардумӣ зиёд мегардад

14 Декабр 2021, Сешанбе

Тибқи супоришу дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар дастгирии ҳамаҷонибаи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ба ҳукми анъана даромадааст.
Дар ин радиф, маъмурияти муассисаи таҳсилоти умумии № 19 воқеъ дар деҳаи Лангар-Калони ҷамоати деҳоти ба номи Боғгаии ноҳияи Муминободи вилояти Хатлон марбут ба ҳавзаи интихоботии якмандатаи рақами 38 ин ноҳия, ҳанӯз дар вохӯриҳои пешазинтихоботӣ ва баъдан дар мактуби худ ба унвонии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мироҷ Абдуллоев дархост карда буданд, ки муассисаи онҳо бо мизу курсиҳо, катҳои хоб ва дигар маводи таълимию тарбиявӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ таъмин карда шавад.
Бо назардошти ҳолати воқеӣ дар муассисаи мазкур аз ҷониби вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мироҷ Абдуллоев тасмим гирифта шуд, ки бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо барои беҳдошти шароити таълимию тадрисӣ дар ин муассисаи таҳсилотии умумӣ  ба онҳо як миқдор маводи таълимӣ, аз ҷумла  60 адад миз ва 50 адад курсиҳо барои утоқҳои кории  муаллимон харидорӣ ва тақдим намояд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон хуб медонанд, ки анҷом додани амалҳои неку писандида ва ба муҳтоҷон дароз кардани дасти саховату ҳиммат на ба хотири дарёфти мартаба, ном ва эътибор миёни аҳли ҷомеа, балки барои ба даст овардани ризои Худованд, волотарин арзишҳо дар дини мубини ислом ба шумор мераванд.

Илова кунед