Созишномаҳо ба тасвиб расиданд

15 Декабр 2021, Чоршанбе

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид Протокол байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридани молу мулки ғайриманқули аз ҷониби воҳидҳои ҳарбии пойгоҳи ҳарбии Россия озодгардида аз 28 июни соли 2021, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамлу нақл, транзити мол ва мусофирон, Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Кувайтии Рушди Иқтисодии Араб барои маблағгузории таҳияи асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва тарҳрезии муфассал барои лоиҳаи роҳи Ховалинг-Тавилдара,  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёии Рушд оид ба пешниҳоди грант аз маблағҳои Фонди Авруосиёии Муътадилгардонӣ ва Рушд барои маблағгузории лоиҳаи «Ташхиси мобилии COVID-19 (Ҷумҳурии Тоҷикистон)», Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода аз 2 июни соли 2021, Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷористон дар бораи супоридани маҳкумшудагон аз 7 апрели соли 2021 ва Шартномаи истирдод байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷористон аз 7 апрели соли 2021 мавриди баррасӣ қарор дода аз руи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул намуданд. 
Ёдовар мешавем, ки масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияро ба вакилони Маҷлиси намояндагон муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Юсуф,  вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон, муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Умед,  муовини якуми раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Латифзода Ҳотамшоҳ, муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбакзода Дилшод, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Шоҳмурод Рустам,  раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Хайрулло Амонуллодода, вакилони мардумӣ Аҳмадзода Бахтиёр, Обидзода Фозил,  Умарзода Абдуҷаббор,  Абдусаломзода Мунаввар,  Одиназода Ҳуснигул,    Раҷабзода Равшан  баррасӣ намуданд.

Илова кунед