Вакилони Маҷлиси намояндагон дар кори 23-юмин Кумитаи умумии конфронси иттиҳоди парлумонии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ иштирок намуданд

16 Декабр 2021, Панҷшанбе

Бо ибтикори Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия 9-10 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Истанбул, 23-юмин Кумитаи умумии Конфронси иттиҳоди парлумонҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ дар мавзӯи "Мубодила, виҷдон ва ислом, Фаластин, муҳоҷират ва Афғонистон" баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати вакилони Парлумони Тоҷикистон, муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҳмадалӣ Ватанзода ва узви Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замини Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раҳмонзода Зоир иштирок намуданд.
Дар рафти ин конфронс, Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия - Мустафо Шентоп, Котиби кулли ин созмон, Президенти Ҷумҳурии Туркия - Редҷеп Эрдоган ва намояндагони кишварҳои аъзоёни ин созмон вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии Фаластину Афғонистон ва махсусан вазъи муҳоҷиратро дар раванди пандемияи фарогир баррасӣ ва муҳокима намуданд.
Дар рафти ин конфронс масъалаҳои ташкилӣ низ баррасӣ гардида, ҳайати комиссияҳи созмон аз нав интихоб карда шуданд.
Вакили Маҷлиси намояндагон Зоир Раҳмонзода ҳамчун узви комиссияи иқтисодӣ дар ин Кумита интихоб карда шуд.
Мувофиқи рӯзномаи ҷаласа, барномаҳои кории ин Созмон барои солҳои 2022 ва 2023 баррасӣ ва муҳокима шуда, нисбати онҳо қарорҳо қабул гардид.
Дар охири кори конфронс аз ҷониби ҳамаи аъзоёни ин Созмон, Изҳорот оид ба беҳтар намудани вазъи сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии Фаластину Афғонистон ва пешгириву мусоидат ба ҳолати иҷтимоии муҳоҷирони мусулмон қабул карда шуд.
Ҳамчунин, дар рафти ин сафар бо ҳайатҳои парлумонии дигар кишварҳои аъзои Созмон вохӯрию суҳбатҳо доир гардида, дар бораи Тоҷикистон ва парлумони мамлакат, инчунин вазъи кунунии иқтисодиёти кишвар мубодилаи афкор сурат гирифт.
Сафари мазкур ҷиҳати мустаҳкам намудани робитаҳои байнипарлумонӣ бо дигар кишварҳои аъзои Созмон шароити мусоид фароҳам овард.



Илова кунед