Заминаи муҳим барои пешрафти иқтисоди миллӣ

20 Декабр 2021, Душанбе

22 декабр – Рӯзи энергетикҳо

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи энергетикаро  муҳимтарин бахши иқтисодиёти мамлакат  шумурда, чунин таъкид намудаанд:
«Энергетика дар Тоҷикистон, мисли ҳар  мамлакати дигар барои пешрафти иқтисоди миллӣ заминаи муҳим ва асосӣ ба шумор меравад. Бе пешрафти ин соҳа иҷрои нақшаҳо ва барномаҳои дигари калонҳаҷми иҷтимоию иқтисодӣ имконнопазир мебошад».
Имрӯз дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва атрофи он қариб 80 дарсади неруи барқ бо истифода аз сӯзишворӣ (мазут, гази табиӣ, ангиштсанг) истеҳсол мешавад. Дар натиҷа ҳар сол зиёда аз 100 миллион тонна партов дар шакли дуду газ ва хокистар ба фазо паҳн мегардад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад қариб 98 дарсади истеҳсоли неруи барқ ба соҳаи гидроэнергетика рост меояд. Неругоҳҳои обӣ яке аз тозатарин манбаъҳои тавлидкунандаи қувваи барқ ба ҳисоб мераванд. Аз рӯи ҳисоби  олимон ҳаҷми солонаи захираҳои гидроэнергетикии мамлакат 527 миллиард киловатт соатро ташкил медиҳад. Кишвари  мо аз лиҳози истифодаи қиёсии захираҳои гидроэнегетикӣ ба ҳар километри мураббаъ дар миқёси ҷаҳон ҷои якум ва аз ҷиҳати истеҳсоли он ба ҳар сари аҳолӣ ҷои дуюмро ишғол менамояд. Алҳол аз ин захираи бузург ҳамагӣ 4- 5 дарсад истифода бурда мешавад, ки қисми зиёди он ба силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш рост меояд.
Калонтарин неругоҳи обии амалкунандаи Осиёи Марказӣ «Норак» ба шумор меравад, ки иқтидораш аз 3000 мегаватт зиёд аст. Иқтидори неругоҳи «Сангтӯда-1» 670 мегаватт, «Бойғозӣ» -600, «Сарбанд»- 240, «Сангтӯда-2»- 220, «Шаршара»- 29,5 ва «Марказӣ»- 15,1 мегаваттро ташкил медиҳад. Дар сурати пурра ба истифода додани НБО «Роғун» иқтидори он ба 3600 мегаватт хоҳад расид. Инчунин дар наздикии ин неругоҳи азими сохташаванда лоиҳаи НБО «Шӯроб» ба нақша  гирифта шудааст, ки иқтидораш 800 мегаватт пешбинӣ мешавад.
Захираҳои   гидроэнергетикии Тоҷикистон  ҳануз солҳои 20- 30 юми асри ХХ таваҷҷуҳи олимону мутахассисони баландпояи Иттиҳоди Шӯравиро ба худ ҷалб намуда буд. Дар натиҷа миёнаҳои солҳои сиюми асри гузашта Неругоҳи барқи обии «Варзоб- 1» ба истифода дода шуд, ки пойтахти кишвару атрофи онро мунаввар мекард. Минбаъд дар  дарёи Варзоб боз ду неругоҳ ва дар дигар дарёҳои ҷумҳурӣ низ сохтмони неругоҳҳои обӣ авҷ гирифт. Агар дар 20 соли баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1948-1968) истеҳсоли неруи барқ дар ҷаҳон 6 баробар (600 фоиз), Иттиҳоди Шӯравӣ 12 баробар (1200 фоиз) афзоиш ёфта бошад, ин рақам дар Тоҷикистон 22 баробар (2200 фоиз)- ро ташкил дод.
Ҷумҳурии Тоҷикистон то октябри соли 2009 ба Шабакаи ягонаи энергетикии давлатҳои Осиёи Марказӣ шомил буд. Тибқи он аз  замони шӯравӣ ҳар сол дар фасли зимистон   2 миллиард киловатт- соат неруи барқ ворид намуда, дар фасли тобистон ба кишварҳои ҳамсоя неруи барқ содир мекард.
Дар як вақт киштзорҳои ҷумҳуриҳои поёноб аз оби  дар обанборҳои Тоҷикистон захирашуда  сероб мешуд. Вақте октябри соли 2009 пеш аз фарорасии мавсими сармо кишвари моро аз ин шабака ҷудо намуданд, дигар имкони дар фасли зимистон аз хориҷа ворид  кардани неруи барқ аз байн рафт. Маҳз сиёсати амиқу созандаи Пешвои миллат буд, ки тадбирҳои  фаврӣ андешида шуду вазъи таъмини барқ беҳтар шуд. Бинобар  паиҳам ба истифода додани неругоҳҳои «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2», таҷдиду навсозии неругоҳҳои «Варзоб-1», «Норак», «Қайроққум», «Сарбанд» ва бунёди беш аз 300 неругоҳи хурд иқтидори энергетикии мамлакат ба миқдори 2000 мегаватт зиёд гардид.
Дар баробари бунёди неругоҳҳо сохтмони инфрасохтори энергетикӣ низ ба таъминоти барқ ба аҳолӣ ва корхонаю муассисаҳо мусоидат менамояд. Чунончӣ, сохтмону ба истифода додани хати интиқоли барқи 500 киловолтаи «Ҷануб-Шимол» шабакаи энергетикии мамлакатро муттаҳид сохт.
Пурра ба истифода додани хати интиқоли барқи  байналмилалии «CASA-1000» иқтидори содироти неруи барқи мамлакатро боз ҳам қавитар мегардонад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси 21- уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим, ки соли 2015 дар Фаронса доир шуд, иброз доштанд, ки рушди соҳаи гидроэнергетика аз самтҳои  афзалиятноки иқтисоди мамлакат ба шумор меравад.
Дар баробари гидроэнергетика таваҷҷуҳи роҳбарияти кишвар ба дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ба монанди офтоб, шамол ва энергияи геотермалӣ низ торафт зиёд мешавад. Ин бесабаб нест. Олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳисоб кардаанд, ки агар ҳамагӣ дар 0,1 дарсади ҳудуди мамлакат панелҳои офтобӣ насб шавад, энергияи солона аз онҳо ҳосилшуда ба 300 миллиард кВт. соат хоҳад расид, ки ин аз талаботи кунунии мамлакат ба неруи барқ 10- 12 баробар зиёд аст.
Иқтидори неруи шамол дар мамлакат солона ба 25- 150 миллиард кВт. соат ва энергияи шамол ба 2 миллиард кВт. соат мерасад. Инчунин имкони тавлиди неруи барқ аэ энергияи геотермалӣ ва  биогаз низ мавҷуд аст.
Аз сабаби он ки дар мамлакат захираҳои кофии сӯзишворӣ вуҷуд надоранд, рушди соҳаи гидроэнергетика ҳамчун самти муҳимтарини сиёсати  давлати мо боқӣ мемонад. Бинобар ин сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ барои кишвари мо аҳамияти ҳаётан муҳим дорад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо изҳор намуданд, ки сохтмони иншооти  гидроэнергетикӣ ба манфиати мамлакатҳои дигари минтақа низ мебошад, зеро онҳо дар шароити  торафт кам гардидани захираҳои об бо ин неъмати бебаҳо таъмин карда хоҳанд шуд.
Соҳаи гидроэнергетика, ғайр аз таъмини неруи барқи арзону аз ҷиҳати экологӣ безарар, инчунин аз нуқтаи назари истифодаи муттасили захираҳои табиӣ дар оянда, вақте ки захираҳои нафту гази барои истеҳсоли неруи барқ истифодашаванда дар минтақа ба охир мерасад, аҳамияти калон дорад.
Аз фурсати муносиб истифода бурда ҳамаи кормандони соҳаи энергетикаи мамлакатамонро бо рӯзи касбӣ, ки ҳамасола  22 декабр таҷлил мегардад сидқан табрику таҳният намуда, барои амалӣ намудани фаъолияти ҳамарӯзаи бо низому беназирашон барору комиёбиҳо таманно менамоям.
 
Музаффарҷон Маҳмудзода,
узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон
оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва
коммуникатсия.  

Илова кунед