Ки дар ҷаҳон аз ҳама бештар китоб мехонад?

20 Декабр 2021, Душанбе

Моликияти зеҳнӣ неъмати бузург буда, барои ба даст овардани он заҳматҳои зиёди фикрӣ аз ҷониби фардҳо сарф мешавад. Моликияти зеҳнӣ бе мутолиа ба даст намеояд. Китоб сарчашмаи моликияти зеҳнӣ ба ҳисоб меравад. Таълим гирифтан дар муассисаҳои таълимии давлатӣ барои ба даст овардани моликияти зеҳнӣ асос мебошад.
Дар рӯи замин ҳамаи он соҳаҳое, ки амал менамоянд, бо моликияти зеҳнии инсон ташаккул ва рушд меёбанд. Барои солимии ҷомеа саҳми омӯзгор ва табиб баланд аст, зеро вазифаи омӯзгор дар муассисаҳои давлатии таълимӣ моликияти зеҳнии худро ба шогирдон бо роҳи дарс баён менамоянд, вазифаи табибон аз он иборат аст, ки ҷомеаро бо роҳи табобат ва истифодаи маводи доруворӣ солим нигоҳ доранд. Давлате, ки аз ҷиҳати моликияти зеҳнӣ рушд накардааст, дар он сатҳи ҷинояткорӣ зиёд мебошад.
Соли 2021 аз ҷиҳати мутолиаи китоб дар ҷаҳон ҷои аввалро кишвари Чин, дуюмро Федератсияи Русия, сеюмро Испания, чорумро Италия, панҷумро Британияи Кабир, шашумро ИМА, ҳафтумро Аргентина, ҳаштумро Бразилия, нуҳумро Мексика, ва даҳумро Канада ишғол кардааст.
Ихтироот объекти моликияти зеҳнӣ буда, дар он сатҳи дониши ихтироъкор хеле муҳим аст. Ихтироъ заҳмати тулонии зеҳниро талаб менамояд. Пешниҳод дорам, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар накшаи дарсии муассисаҳои таълимии умумии ҳатмӣ фанни ихтироъ илова карда шавад ва мутахассисон барои дарс ҷалб шаванд.
Дар давлатҳое, ки илми тиб пеш рафтааст, аз китобҳои шоир, нависанда ва табиби тоҷик Абуалӣ ибни Сино истифода карда, дар илми тиб пешрав шудаанд. Чунки табиб, мутафаккир ва олими мо тамоми нозукиҳои илми тибро тавассути моликияти зеҳниаш дар навиштаҷоташ зикр намудааст.
Бояд тазаккур дод, ки китобхонӣ сарчашмаи ҳамаи пешрафтҳо ва ба даст овардани моликияти зеҳнӣ мебошад. Бо ташабусси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон озмуни ҷумҳуриявӣ бо номи «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» амал менамояд, ки барои шавк ба китобхонӣ ва гирифтани моликияти зеҳнӣ як кадами бузургест. Давлатҳо бо акидаи асоснокшуда сохта шудаанд, ки ин акидаҳо дар натиҷаи хондани китоб, машғул шудан ба корҳои илмӣ ва ихтироот, дар маҷмуъ бо моликияти зеҳнии инсон рушд карда ва пеш мераванд.
 
Ғаюрзода Баҳрулло Шукрулло
Мутахассиси Раёсати ҳукуки Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Илова кунед