Вакилони Маҷлиси намояндагон бо мукофотҳои Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сарфароз гардонида шуданд

22 Декабр 2021, Чоршанбе

Тибқи қарори Шӯрои Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил чанде аз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштироки фаъолона дар фаъолияти Ассамблеяи Байнипарлумонӣ ва сохторҳои он, хамзамон саҳмгузорӣ дар мустаҳкам намудани дустии байни халқҳои давлатҳои аъзои Иттиходи Давлатхои Мустақил бо нишони фахрии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ сарфароз гардонида шуданд.


Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ба як қатор вакилони мардумӣ аз ҷумла ба Раиси Комиссия оид ба одоби вакилон, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Баротзода Файзулло  нишони фахрии «Барои хизмат дар рушди соҳаи матбуот ва иттилоот», узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Файзуллозода Зафар Хайрулло нишони фахрии «Барои хизмат дар рушди соҳаи матбуот ва иттилоот», муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи хуқуқӣ, мудофиа ва амниятАзимзода Толибхон Ситамурод нишони фахрии« Барои хизмат дар рушди фарҳанг ва санъат»,  узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Маҳмудзода Музафарҷон Ҷусуп нишони фахрии «Барои хизмат дар рушди фарҳанг ва санъат», уви Кумитаи    Маҷлиси     намояндагони   Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Обидов Фозил нишони фахрии «Барои хизмат дар рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ва узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Шарофзода Гавҳар нишони фахрии «Барои хизмат дар рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»-ро тақдим намуд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода аз иштироки фаъоли вакилони Маҷлиси намояндагон дар кори комиссияҳои доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил изҳори каноатманди намуда, ҳамкориҳои парлумониро, яке аз меҳварҳои асосии густариши муносибатҳои дуҷониба қаламдод намуданд.





Илова кунед