Маҳмадтоир Зокирзода бо Виктор Денисенко мулоқот намуд

23 Декабр 2021, Панҷшанбе

Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Денисенко мулоқот намуд.
«Ҷумҳурии Беларус дар стратегияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон мавқеи муҳимро ишғол мекунад ва мо ба рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Беларус манфиатдорем»-гуфт дар оғози мулоқот  Раиси парлумони касбии мамлакат.
Ба шарофати иродаи қавии сиёсӣ ва муносибатҳои бародаронаи Сарони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко барои рушди ҳамкориҳои мутақобила заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст.
Саъю кушиши мунтазами  ҳарду  роҳбар муносибатҳои иқтисодии баӣни кишварҳоро мустаҳкам намуда, онҳо пешраву самарабахштар мегарданд.
Миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус зиёда аз 90 шартномаю созишномаҳо ба имзо расидаанд, ки имкон медиҳанд ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитариро бомуваффақият инкишоф ва амиқтар гардонанд.
Ҳуҷҷатҳои бунёдие, ки принсипҳои асосии муносибатҳои дуҷонибаро муайян мекунанд, Шартномаи дӯстӣ ва ҳамкории байни ду давлат, ки 5 апрели соли 2000 ба имзо расидааст ва Созишномаи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус аз 27 июни соли 2000 ба ҳисоб меравад.
Ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Беларус асосан дар чаҳорчӯби кори комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ки соли 1999 таъсис ёфта, инчунин асноди қабулшуда миёни ду кишвар дар бахшҳои мухталифи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ муайян шудааст.
Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин таъкид намуд, ки эътимоди мутақобилаи сиёсӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Беларус ба сатҳи баланди бесобиқа расидааст. Мисоли ин ҳамкориҳои бошиддат ривоҷёбандаи байниминтақавӣ байни вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ду кишвар шуда метавонад. Созишномаҳо оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ миёни вилоятҳои Витебск ва Суғд, вилоятҳои Минск ва Суғд, вилоятҳои Гомелу Хатлон, шаҳри Минск ва шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Ёвон ва Ӯзден, Созишномаи ҳамкорӣ байни вилоятҳои Могилев ва Суғд, ки ба имзо расидаанд нишонаи олии ин ҳамкориҳои ду кишвар мебошад. Имконияти бастани чунин созишномаҳо миёни дигар субъектҳои ҳудудии Белорус ва Тоҷикистон баррасӣ мешавад.
Дар мулоқот ҳамчунин таъқид гардид, ки робитаҳои гуманитарии Тоҷикистону Беларус фаъолона инкишоф меёбанд. Солҳои охир теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Ҷумҳурии Беларус таҳсил мекунанд, аз ҷумла дар чаҳорчӯби факултетҳои муштараке, ки таъсис меёбанд, хеле афзоиш ёфтааст. Дар ҳоли ҳозир равобити байни донишгоҳҳои Тоҷикистону Белорус дар чаҳорчӯби беш аз 13 Созишномаи байни донишгоҳҳо амалӣ мешавад. Имрӯзҳо таҳсили ҷавонони тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси Беларус хеле бонуфуз аст, имрӯз дар ин донишкадаҳо беш аз 1809 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон таҳсил мекунанд.
Тақвияти робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Беларус самти дигари ҳамкориҳои босамари мо мебошад.  Мо боварӣ дорем, ки табодули ҳайатҳо дар сатҳи роҳбарони парлумонҳо ва гурӯҳҳои дӯстӣ ба рушди ин самти ҳамкорӣ мусоидат мекунад. Солҳои охир робитаҳои байнипарлумонӣ миёни парлумони Ҷумҳурии Беларус ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза густариш ёфтанд. Мо ба мустаҳкам намудани ҳамкориҳо бо кишвари бародарӣ Белорус диққати махсус медиҳем. Дар оғози ин даъват Маҷлиси намояндагон бо Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус як гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ таъсис дод.
Дар интиҳо мехоҳам дар симои Шумо тамоми мардуми  Белорусро бо Соли нави дар пешистода табрик намуда, аз сидқи дил бахту саодат, сулҳу осоиш ва шукуфоӣ таманно намоям,- гуфт Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.
Дар мулоқот ҳамчунин таъкид гардид, ки дар маҷмӯъ вазъи кунунии муносибатҳои Тоҷикистону Беларус раванди мунтазами вусъатёбиро дорад. Дар он ҷараёни амалисозии кӯшишҳои тарафайни кишварҳо ҷиҳати боз ҳам зичтар намудани ҳамкориҳои гуногунҷанба мувофиқи имконият ва ниёзҳои ҳарду давлат ба мушоҳида мерасад.

Илова кунед