Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» мавриди баррасӣ вакилон қарор гирифт

23 Декабр 2021, Панҷшанбе

Имрӯз таҳти раёсати  муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, роҳбарияти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи  кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокимаи парлумонӣ дар мавзӯи «Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» баргузор гардид.
Аз рӯи масъалаи мазкур дар назди ҳозирин Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои  иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода баромад намуда, иброз намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва иқдом намудан ба роҳи барпо намудани давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд майли худро барои пешбарии рушди баробар ва одилонаи ҷинсҳо тавассути мустаҳкам кардани заминаи қонунгузорӣ ва татбиқи сиёсати пайгирона, аз ҷумла дар самти сиёсати гендерӣ тақвият дод.

Дар ин раванд яке аз ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин пешрафти занон дар ҷомеа, таҳкими мақому манзалати онҳо, таъмини ҳуқуқҳои инсониву констиутсионӣ ва татбиқи сиёсати давлатӣ буд, ки раванди мазкурро бе пешгирии омили номатлуби зӯроварӣ дар оила ва қамадҳои устувор гузоштан, дар ин самт тасаввур кардан ғайриимкон буд.
Ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмину кафолати ҳуқуқу манфиатҳои занону духтарон аз тарафи давлат ва ҳукумат ва мақоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробар ҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», «Дар бораи муқовимат бо савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оила» таҳия ва қабул гардида, дар заминаи қонунҳои болозикр ба дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, стратегияҳо, баронмаҳои давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ таҳия ва тасдиқ гардидаанд, ки барои таъмини баробарҳуқуқии мардону занон ва пешгирии зуроварӣ дар оила мусоидат намуда истодааст.

Сумангул Тағойзода ҳамчунин иброз намуд, ки новобаста аз қабул ва амали санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи пешгирии зӯроварӣ дар оила, ҳанӯз ҳам дар фаъолияти субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила, ки ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд дар доираи муносибатҳои оилавӣ, инчунин муайян ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда равона карда шудааст, камбудию норасоиҳо ҷой дорад.
Аз ин рӯ ба хотири беҳтар намоии фазои қонунгузорӣ ва бартарафнамоии норасоиҳои ҷойдошта, тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 ноябри соли 2017 дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба бартарафсозии қолабҳои гендерӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои занон ва пешгирии зӯроварӣ дар оила се гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст, ки зергурӯҳо вобаста ба самти фаъолият дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оила фаъолият доранд.
То имрӯз аз ҷониби зергурӯҳҳои мазкур зиёда аз 50 адад санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба масъалаи мазкур баррасӣ гардида, бобати такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили «Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амали гардонии онҳо» пешниҳодҳо ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардидааст.
Сипас, аз рӯи масъалаи рӯзнома дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон раиси Кумитаи  кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ, муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоамон Рофизода, муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бароталӣ Ҳомидзода,   Сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Аслиддин  бо ахборот ва гузориши муфассал баромад намуданд. 
Дар интиҳо баъди саволу ҷавоби вакилони мардумӣ ва музокираҳо бо назардошти таклифу пешниҳодот ва эродҳое, ки дар гузоришу ахборот ва саволу баромадҳо зикр гардиданд, тавсияҳои парлумонӣ қабул гардиданд.

Илова кунед