Мизи мудаввар баргузор гардид

27 Декабр 2021, Душанбе

Имрӯз таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим  бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон,  олимону коршиносони шинохтаи Вазорати кишоварзииҶумҳурииТоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, мизи мудаввар  дар мавзӯи «Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бехатар бо организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда» баргузор гардид.
Аз рӯи масъалаи мазкур дар назди ҳозирин Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои  аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода ва вакили Маҷлиси намояндагон Мирзоанвар Ахмедов баромад намуда, иброз намуданд, ки ҳоло дар бисёр давлатҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистон  мафҳуми «организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда» ба мафҳуми «маҳсулоти дигаргуншуда», ки истеъмоли он боиси дар организм ба вуҷуд омадани тағйирот ва касалиҳо мегардад, табдил ёфтааст. Организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашударо аз ҳар тараф ва бо ҳар баҳона ҳамчун маҳсулоти зараровар ва бемазза арзёбӣ  намуда, нишон додани мешаванд, ки он ба амнияти озуқаворӣ кишвар таҳдид хоҳад кард.Организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашудаорганизмҳои зиндаи бо усулҳои инженерияи  генӣ таркиби наслии онҳо дигаргун кардашуда мебошанд. Бо ибораи дигар ин маҳсулотест, ки барои истеҳсоли онҳо ашёи дар сатҳи генӣ мукаммал кардашуда истифода гардидааст. Масалан, нони гандумии ба тағйирёбии ҳарорати ҳаво устувор. Бештар организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда барои растаниҳо хос мебошад.        Пештар селексионерон, мисли Мичурин барои ба даст овардани хусусиятҳои манфиатовари растаниҳо аз пайвандкунӣ қаламчаи як намуди дарахт ба намуди дигар (масалан, себ ба нок), ё интихоби тухмӣ бо сифатҳои муайян барои гузаронидани кишт истифода менамуданд. Натиҷаи ин таҷрибаҳоро онҳо солҳои зиёд интизор мешуданд. Холо бошад, инженерияи генӣ имконият медиҳад, ки гени зарурӣ растанӣ ба ҷойи зарурии дигар растанӣ гузаронда, натиҷаи дилхоҳ ба даст оварда шавад.
Ҳамин тавр, организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда ин таҳаввулоти (эволютсияи) босуръат мебошад. Аз аввал мақсади парвариш карда расондани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда баланд бардоштани ҳосилнокӣ, афзунсозии устувории растаниҳо ба хушксолӣ, бартараф кардани норасогии моддаҳои ғизогӣ дар онҳо, ба вуҷуд овардани муносибати бетарафӣ ба вирусҳо, касалиҳои замбўруғӣ ва заҳрдоруҳои барои нест кардани алафҳои бегона истифодашаванда иборат буд.

Аз соли 1997 Ҷумҳурии Тоҷикистон шомили Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ, протоколҳои Картахен доир ба бехатарии биологӣ ва Нагоя доир ба дастрасӣ ба захираҳои генетикӣ мебошад.
Дар доираи талаботи Конвенсия ва протоколҳои мазкур сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи гуногунии биологӣ ва бехатарии биологӣ, муақаррар карда шудаанд.
Таҳлилҳо собит месозанд, ки дар Тоҷикистон дар соҳаи кишоварзӣ тухмии навъҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда истифода мегарданд.Аз ин лиҳоз, дар вақти истифодаи организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда ҳам тарафҳои мусбӣ ва ҳам манфӣ бояд ба инобат гирифта шаванд.
Танзими намудҳои фаъолият вобаста ба ҳосил кардан, санҷидан, истеҳсол, истифода ва ба фурўш баровардани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда, ба муҳити зист ворид кардан ва ба бозор баровардани маҳсулоти аз онҳо ҳосилшудамуқаррар намудани заминаи ҳуқуқиро талаб менамоянд.

Дар интиҳо таъкид карда шуд, ки муқаррар кардани заминаи ҳуқуқии истифодаи организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда ва маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда дар ҳалли масъалаҳои замони муосир мавқеи худро ишғол мекунад.
Маҳз бо ҳамин мақсад мизи мудаввар имрўз доир карда шуд ва бовари дорем, ки он дар такмили лоиҳаи қонуни таҳияшуда муфид мебошад.

Илова кунед