Ҳамасола 20 апрел- рӯзи кормандони мақомоти адлия ва 26 июл рӯзи кормандони мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ муайян карда шуд

29 Декабр 2021, Чоршанбе

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Корхонаи муштараки «Зарафшон» оид ба коркарди маҷмӯии конҳои «Тарор», «Ҷилав» ва бунёди корхонаи металлургӣ барои барориши маҷмӯии тилло ва мис тавассути оксидкунии фишурда аз хокаҳои бойгардонидашудаи тилло ва мис дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумурии Тоҷикистон«Дар бораи рӯзҳои ид», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳисоботи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иҷрои сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» ва  лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи сохтор, басти вазифаҳо ва сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар иҷлосия ҳамчунин таъкид карда шуд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани  тағйиру иловаҳо  ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣаз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Бо мақсади дақиқ муайян кардани рӯзи кормандони мақомоти адлия ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, мувофиқи лоиҳаи Қонуни пешниҳодшуда 20 апрел рӯзи кормандони мақомоти адлия ва 26 июл рӯзи кормандони мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ  муайян карда шудааст.
Масъалаҳои рӯзномаро ба вакилони Маҷлиси намояндагон директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Ҷумъа,  раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Саъдӣ, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуриён Музаффар, директори Агентии назорати маводи нашаъовари назди Перзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Воҳидзода Ҳабибулло, вакилони мардумӣ Сафарзода Зайнидин, Обидзода Фозил,  Маҷидзода Сарвиноз, Усмонзода Мансур, Шодизода Парвиз, Файзулло Баротзода,  раиси Комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кор Муртазозода Ҷамшед муаррифи намуда, аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасӣ гардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.








Илова кунед