Аҳамияти ҳуқуқии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

05 Январ 2022, Чоршанбе

Имрӯз дар китобхонаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва бо иштироки кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар мавзӯъи «Таърихи пайдоиш ва аҳамияти ҳуқуқии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» семинар-машварат баргузор гардид ва дар он Роҳбари Дастгоҳи ин мақоми олии қонунбарор Абдуҷаббор Сатторзода  баромад намуд. 
Баромадкунандагон зимни баромади хеш оид ба таърихи пайдоиш ва аҳамияти ҳуқуқии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон«Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» сухан карда, таъкид намуданд, ки Паёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон барномаи рушди ҷомеа ва давлат маҳсуб буда, самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян менамояд. Пеш аз ҳама ин таҳлили тамоми соҳаҳои ҳаёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси он муайян намудани дурнамои он дар солҳои наздик мебошад.

Дар Паёми имсолаашон Пешвои миллат аз таълиму тарбия дар донишгоҳҳо, касбомўзии ҷавонон, ташкили ҷойҳои корӣ ва ҷобаҷогузории кадрҳо махсусан таъкид намуданд:
Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи ҷавонони боистеъдоде, ки барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд, сол ба сол афзоиш ёфта, дар соли таҳсили 2021 ба беш аз 42 ҳазор нафар дар 25 давлати хориҷӣ расидааст.
Аз 42 ҳазор нафар донишҷӯёни мо, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ таҳсил доранд, зиёда аз 8 ҳазорнафарашон духтарон мебошанд.
Ҳар сол беш аз 5 ҳазор нафар ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба мактабҳои олии хориҷи кишвар фиристода мешаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати кишварро вазифадор намуданд, ки то соли 2026 шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки касбу ҳунар надоранд, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб карда, ҷиҳати саросар соҳибкасб гардидани аҳолӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намояд.
Дар панҷсоли оянда як миллион нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ бояд соҳиб касб гардонида шаванд.
Пешвои миллат дар Паёмашон зикр намуданд, ки ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат беҳтар кардани шароити зист ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми азизамон мебошад.
Дар ин замина, дар бистсоли охир 3 ҳуҷҷати стратегии пасткардани сатҳи камбизоатӣ, 2 барномаи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва стратегияи дарозмуддати рушди кишвар қабул ва амалӣ гардида, ҳоло татбиқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва 176 барномаи давлатӣ идома дорад.

Ҷиҳати ҳалли мушкилоти иҷтимоии аҳолии кишвар танҳо дар доираи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ва созандагӣ ба муносибати 30-солагии истиқлолияти давлатӣ дар се соли охир зиёда аз 25 ҳазор иншооту биноҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ сохта, ба истифода дода шуданд.
Дар натиҷаи корҳои анҷомдодашуда ва амалисозии стратегияву барномаҳои зикргардида дар тули солҳои истиқлолият дар мамлакат беш аз  3,3 миллион ҷойҳои кориидоимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуда, шароити зиндагии сокинони мамлакат тадриҷан беҳтар гардида истодааст.
Пешвои миллат бинобар аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар пешниҳод намуданд, ки солҳои 2022–2026, яъне то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон карда шаванд.
Дар ин давра бояд беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, даромади пулииаҳолӣ беш аз 2 баробар зиёд гардад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣба 45 фоиз расонида, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ то 15 фоиз коҳиш дода шавад.
Пешвои миллат бо мақсади мусоидат ба ҳалли масъалаҳои шуғли аҳолӣ супориш доданд, ки Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, инчунин, барномаҳоим иёна муҳлати татбиқи он қабул ва амалӣ карда шаванд.
Пешвои миллат иброз намуданд, ки танҳо азҳисоби рушди соҳаҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла сайёҳӣ, молияву бонкдорӣ, нақлиёту коммуникатсия ва дигар бахшҳо бояд то 200 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёмашон нисбати нақши бонувону занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ махсусан қайд намуданд, ки тибқи маълумоти оморӣ занон 49,3 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд.
Имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд.
Ҳоло қариб 68 фоизи кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 27 фоизи кормандони илм ва зиёда аз 23 фоизи онҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, занону бонувон мебошанд.
Занон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки маҳз ба ҳамин хотир, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла дар мақомоти роҳбарикунанда ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Бо дар назардошти ин ва бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати то 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд, Пешвои миллат ба мақомоти ваколатдор супориш доданд, ки дар муҳлати се моҳ «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷо гузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023–2030» таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.

Ҳамин тавр, Паёми навбатии соли 2021 бори дигар собит сохт, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат боз як марҳилаи таърихии давлатиро сипарӣ намуд. Аз паёми ироагардида бармеояд, ки ҳар як сухани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, моҳият, мазмун ва мундариҷаи инъикоси ҳаёти воқеии халқи тоҷик буда, дар он шукргузории истиқлолу озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ тараннум гардидаанд.
Дар назди ҳозирин ҳамчунин Сардори раёсати ҳуқуқӣ Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Абдуқодир Комилзода, мудири шуъбаи кадрҳо ва коргузории махсус Файзалӣ Турахонов, мудири шуъбаи молия Дилором Орифова, мушовири калони кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Фирӯз Сайнозимзода баромад намуда ба саволҳои сершумор посух гуфтанд.

Илова кунед