Ҷашни Сада – мужда ба деҳқон аст
24 Январ 2022, Душанбе Имрӯзҳо бо вуҷуди он, ки фасли сармо ҳукмрон аст, аммо ҷашни Сада аз наздик омадани баҳор ва мавсими кишту кор мужда мерасонад. Ин ҷашнро аз қадим мардуми форс дар рӯзи даҳуми баҳманмоҳ (мувофиқи тақвими мелодӣ 30 январ) ҷашн мегиранд.
Ба ақидаи ориёиҳои қадим дар ин айём сармо ба авҷи баланди худ мерасад ва баъдан ҳаво тадриҷан ба самти беҳбудӣ, нармӣ ва гармӣ меравад. Барои эҳсоси гармӣ оташ меафрӯзанд ва гирди он хурсанди менамоянд.
Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ «Сада» ба мисли Наврӯзу Меҳргон таърихи қадима дошта, умед ба рӯзи нав, яъне Наврӯзи оламафрӯз мебошад. Дар осори гаронбаҳои мутафаккирони форсу тоҷик дар бораи ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Сада маълумотҳои зиёде ҳаст. Абдулуқосим Фирдавсӣ оғози ин ҷашнро ба Ҳушанг, писари Сиёмак нисбат медиҳад.
Зи Ҳушанг монд он Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
Имрӯз, ба шарофати истиқлолияти кишвар ва иқдому супоришҳои Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои ниёгонамон аз нав эҳё гашта, шукуҳу шаҳоматашон аз нав барпо мешавад. Зарурати ин иқдомотро Сарвари давлат, зимни Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 чунин баён кардаанд: «Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардида, нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд».
Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2017 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид намуд, ки бар асоси он минбаъд иди «Сада» дар кишвар расман таҷлил карда мешавад.
Ин ҷашн пеш аз ҳама иди кишоварзону боғпарварон аст ва акнун онҳо аз ҳар рӯзу соати мусоид истифода бурда, то фарорасии мавсими кишту кор ҷӯйбору заҳкашҳоро тоза менамоянд, боғу токзорҳоро яхоб мемонанд, техникаи кишоварзиро ба баҳор омода месозанд. Ин корҳо бо нияти фаровонҳосилӣ, афзун гаштани неъматҳои моддӣ ва серию пурӣ анҷом дода мешавад. Дар натиҷаи ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти Давлат ва Ҳукумати мамлакат ва саъю талоши кишоварзону боғӯ токпарварон дар ҷумҳурӣ солҳои охир майдони кишт, боғу токзор зиёд шуда, истеҳсоли маҳсулот ру ба афзоиш ёфтааст. Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 21 декабри соли 2021 зикр гардидааст: «Ҳукумати мамлакат дар солҳои соҳибистиқлолӣ, дар баробари амалисозии ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, ҷиҳати дастгириву пешрафти бахшҳои мухталифи соҳа як қатор барномаҳоро қабул ва амалӣ намуд.
Барои рушди соҳа дар ин давра аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузории давлатӣ беш аз 18 миллиард сомонӣ, аз ҷумла дар доираи татбиқи 29 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ 9,4 миллиард сомонӣ равона карда шуд.
Илова бар ин, барои соҳа имтиёзҳои зиёди андозиву гумрукӣ муқаррар карда шуданд ва дар натиҷа ҳама бахшҳои соҳа ба пешравиҳои назаррас ноил гардиданд. Масалан, дар давоми 20 сол шумораи корхонаҳои парандапарварӣ аз 21 ба 200 расонида шуда, истеҳсоли гӯшти паранда 9 баробар зиёд гардид.
Инчунин, дастгириҳои давлатӣ ва имтиёзҳои пешниҳодшуда боиси рушди соҳаҳои боғу токпарварӣ, чорводориву парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯри асалпарварӣ гардиданд. Дар натиҷаи амалисозии барномаҳои рушди соҳа дар замони истиқлолият майдони боғу токзор дар мамлакат 3,6 баробар ва истеҳсоли меваю ангур 4,3 баробар афзоиш ёфт. Агар майдони умумии боғу токзорҳо соли 1991-ум 56 ҳазор гектарро ташкил дода бошад, пас дар соли 2021 ин нишондиҳанда ба 202 ҳазор гектар расонида шуд.
Дар натиҷаи амалисозии барномаҳои соҳавӣ ва имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати мамлакат соҳаҳои мазкур бомаром тараққӣ карда, танҳо аз ин ҳисоб дар соҳаи кишоварзӣ зиёда аз 700 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.»
Барои амалӣ гардидани дастуру споришҳои Сарвари давлат роҳбарону мутахассисони сохторҳои соҳаи аграрӣ тадбирҳои саривақтӣ меандешанд. Ҷамъбасти натиҷаҳои соли рафта аз он дарак медиҳад, ки кормандони соҳаи аграрӣ баҳри таъмини нақшаҳои таҳияшуда, махсусан татбиқи амалии ҳадафи стратегии мамлакат, яъне таъмини амнияти озуқавории кишвар комёбиҳояшонро дар ин давра афзун намудаанд.
Ин нишондиҳандаҳо натиҷаҳои тадбирҳои саривақтии фаровонҳосилӣ ва заҳмати пурмаҳсули кишоварзон, боғу токпарварон, чорводорон ва кормандони соҳа мебошад. Онҳо имрӯзҳо барои ҷашнгирии Сада, барои афзун гардонидани комёбиҳо ва пешбурди бомуваффақонаи истеҳсолоти кишоварзӣ омодагиро ба кишту кор дар мавсими нав оғоз менамоянд.
Холбойзода Неъматулло,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон