Аз Шӯрои Маҷлиси намояндагон

24 Январ 2022, Душанбе

    Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркманистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан мавриди баррасӣ қарор гирифт.
     Дар ҷаласаи Шӯро таъкид гардид, ки тасдиқ гардидани Созишномаи мазкур ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии байналмилалии ҳамлунақл, содирот, воридот ва транзити бор бо нақлиёти роҳи оҳан байни Тоҷикистону Туркманистон, таҳкими ҳамкории дуҷониба, зиёд гардидани гардиши молу маҳсулот миёни ҳарду кишвар, бо истифода аз роҳҳои оҳани транзитӣ ва бандари обии Туркманбошии Туркманистон тавассути Баҳри Каспий баромадан ба роҳҳои оҳани дигар кишварҳои Аврупо, инчунин барои ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакатамон –раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ мусоидат менамояд.
    Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуданд.
   Созишномаи мазкур ба муқаррароти моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 11 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ мебошад.

Илова кунед