Ҷаласаи 32 - уми Шӯрои банақшагирии минтақавии Созмони ҳамкории иктисодӣ баргузор гардид

25 Январ 2022, Сешанбе

    Имрӯз ҷаласаи 32-уми Шӯрои банақшагирии минтақавии Созмони ҳамкории иктисодӣ бо таваҷҷӯҳ ба ҳамоҳангсозии судӣ ва парлумонӣ баргузор гардид.
    Дар кори ин ҳамоиш вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлудахон Мирзозода, мушовири кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Фируз Сайнозимзода ва судяи Суди Олӣ Мавҷуда Пулодӣ тавассути пайванди видеоӣ иштирок намуданд.
    Дар рӯзномаи ҷаласа ду масъала - муҳокимаи ҳуҷҷатҳои корӣ оид ба ҳамоҳангсозии ҳамкории судӣ, парлумонӣ ва таҳия ва тасдиқи лоиҳаи барномаи корӣ, тақвими чорабиниҳо барои соли 2022 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
  Дар рафти ҷаласаи Шӯро барномаи корӣ ва нақшаи чорабиниҳо барои соли 2022 қабул карда мешаванд. Тибқи дурнамои ЭКО-2025 ҳамкориҳо дар бахшҳои савдо, сармоягузорӣ, нақлиёт, коммуникатсия, муносибатҳои байналмилалӣ, энергетика, муҳити зист, кишоварзӣ, саноат, сайёҳӣ, ҳамоҳангсозии судӣ ва парлумонӣ, захираҳои инсонӣ ва рушди устувор авлавиятнок ба ҳисоб мераванд.
   Баъд аз ниҳоӣ гардидани барномаи корӣ ва тақвими чорабиниҳои ЭКО барои соли 2022 аз ҷониби кумитаҳои соҳавии он, дар охири рӯзи корӣ ва дар ҷаласаи умумии Шӯрои  банақшагирии  минтақавӣ бо раиси ҳайати Ҷумҳурии Узбекистон ва роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои узи ЭКО тасдиқ карда мешавад.

Илова кунед