Семинар - машварат баргузор гардид

28 Январ 2022, Ҷумъа

     Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вакилони ин мақоми олии қонунбарор дар доираи татбиқи ташаббуси «Нури Рӯшноӣ дар Тоҷикистон» ва Лигаи занони ҳуқуқшиноси Ҷумҳурии Тоҷикистон  семинар –машварат дар мавзӯи «Баланд бардоштани огоҳӣ ва ҳассосияти чонибҳои манфиатдори маҳаллӣ оид ба зӯроварии ҷинсӣ ва гендерӣ дар раванди таҳияи қонунгузорӣ ва муқаррарот оид ба баробарии гендерӣ ва вокуниш ба зӯроварӣ» баргузор гардид.
    Дар назди иштирокчиёни ин ҳамоиш Раиси комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷамшед Муртазозода роҷеъ ба мавзӯи «Мафҳум ва мазмуни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Муқоисаи қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санадҳои байналмилалӣ дар самти пешгирии зӯроварӣ» ва мушовири Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Олимӣ дар мавзӯи «Ҳамкории байниидоравӣ ҳамчун асоси маҷмӯи пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон дар муносибатҳои оилавӣ: вазъ, ҳолат ва дурнамо», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030-санади дурнамои кишвар дар самти тақвияти ҳуқуқҳои занон» баромад намуданд.
    Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки мақсади чунин чорабиниҳо аз байн бурдани ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон мебошад. Аз ҷумла Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023  бо мақсади пурзӯр намудани механизмҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, бахусус омилҳои зӯроварӣ дар оила, бақайдгирии огоҳкунии инфиродӣ оид ба масъалаҳои роҳ надодан ба ҳаракатҳои зиддиҷамъиятӣ, кирдорҳои ношоиста ва рафторҳои бадахлоқона дар оила, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия", Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба пешгирии зӯроварӣ дар оила равона гардидааст, таҳия шудааст.
      Мақсади стратегии ҳамкориҳои тарафайн дар самти иҷрои Барномаи мазкур ба таъмини татбиқи самараноки механизмҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила бо иштироки ҳамаи субъектҳои давлатӣ ва аҳли ҷомеа, қатъиян беҳтар гардонидани системаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳифзи воқеии ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, ҳифзи меъёрҳои конститутсионӣ, таъмини пойдории оилаҳо, пешгирии зӯроварӣ дар онҳо нигаронида шудааст.
    Барномаи мазкур баробарҳуқуқии мардону занонро дар ҳалли масоили оилавӣ, сарфи назар аз миллату нажод, ҷинс, забон ва эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, муҳофизат ва ҳавасманд кардани модарӣ, ғамхорӣ нисбат ба тарбияи фарзандон, таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, манъи бисёрникоҳӣ, ихтиёрӣ будани ақди никоҳ ва бекор намудани он, масъулияти мутақобила  дар масъалаҳои амволӣ ва маънавӣ ва ҳамхории ҳамдигарии аъзои оиларо таъмин менамояд.
     Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва иқдом намудан дар роҳи барпо намудани давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд кӯшишҳои худро барои пешбарии рушди баробар ва одилонаи ҷинсҳо тавассути мустаҳкам кардани заминаи қонунгузорӣ ва татбиқи сиёсати пайгирона, аз ҷумла дар самти сиёсати гендерӣ мунтазам тақвият мебахшад.
        Дар интиҳо иштирокчиёни семинар-машварат ба саволҳои сершумори ҳозирин посух гуфтанд.

Илова кунед